Ҷойгоҳи суруд ва мусиқӣ дар маросими гаҳворабандони сокинони болооби Зарафшон ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки дар бораи тарзҳои гузаронидани маросими гаҳворабандон, ки аз маросимҳои маишӣ-оилавӣ маҳсуб меёбад, муҳаққиқони зиёд изҳори ақида кардаанд. Аммо ба ҷанбаҳои мусиқӣ ва хусусияти сурудҳое, ки дар ин маросим суруда мешаванд, камтар таваҷҷуҳ шудааст. Маводи экспедитсияҳо дар минтақаҳои болооби Зарафшон, ки дар рафти онҳо вариантҳои гуногуни маросими гаҳворабандон сабт гардидааст, истифода шудааст. Таъкид гардидааст, ки мусиқӣ ва суруд дар маросими гаҳворабандони кулли сокинони болооби Зарафшон дар гузаштаи на чандон дур мавқеи устувор дошт ва имрӯз дар шароити нави оиладорӣ ва иқтисодӣ ҷойгоҳашро дар баъзе аз деҳаҳо аз даст дода истодааст.
фарҳанги мусиқӣ,маросимҳои халқӣ, маросими гаҳворабандон,суруд ва мусиқӣ, маросимҳои оилавӣ-маишӣ, болооби Зарафшон
1. Пещерева Е. М. Ягнобские этнографические материалы / Е. М. Пещерева. – Душанбе: Дониш, 1976. – 99 с.
2. Тоҷикова З., Шермуҳаммадов. Б. Алла / Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ҷилди I (А – Асос). – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2011.– 608 с. (бо тасвирҳо). – С.319-320
3. Каримзода Муҳаммадлатиф. Деҳе дар домани сапедадам. – Душанбе: Деваштич, 2006. − 200 с.
4. Мардонова А. Колыбельный обряд “гаҳворабандон” у таджиков верхнего Зеравшана и Гиссарской долины/ А. Мардонова //Современный и традиционный семейный быт таджиков (сборник статей). – Душанбе: Дониш, 1991.− 132 с.
5. Назар, Саидмирзо (Исфандиёр). Бо лаҳҷаи дарғӣ: шаҳбарун, вожанома, зарбуламсол ва киноёт...(рисолаи тадқиқӣ). – Душанбе:Ирфон,2009.−48 с.
6. Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ. Тартибдиҳандагон: Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шукуров. –Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. −222 с.
7. Низомов А. Суфизм в контексте музыкальной культуры народов Центральной Азии / А. Низомов. – Душанбе, 2000. – 286 с.
8. Раҳимов, Д. Гаҳворабандон // Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик / Сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ. – Душанбе: СИЭМТ. – 2015, Ҷ1. – С. 206.
9. Холмуродов З., Каримова Г. Маросими гаҳворабандон дар шароити кунунӣ/ З. Холмуродов, Г. Каримова // Паёмномаи фарҳанг.- 2017.- №2 (38). - С. 56-63.
10.Ҷумъаев Рустам. Таваллуд ва тарбияи атфол дар байни тоҷикони Кӯҳистони Зарафшон (маводи охири садаи ХI- ХХ).−Душанбе: Эр-Граф, 2012.−142 с.