Вазъияти тайёр кардани кадрҳои дараҷаи миёнаи тиббӣ дар шимоли Тоҷикистон дар шароити бозсозии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии солҳои 1985-1991 баррасӣ шудааст. Таҳлили низоми тайёр кардани кадрҳо дар муассисаҳои миёнаи тиббӣ дар мисоли омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод (Хуҷанд) сурат гирифтааст. Масъалаҳои зиёд кардани қабули талабагон, беҳтар намудани базаи таълимӣ,такмил додани ҳайъати педагогии омӯзишгоҳи тиббӣ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Зикр шудаст, ки фаъолияти эҷодии омӯзгорон ба такмили шаклу усулҳои раванди таълим, омӯхтан ва паҳн кардани таҷрибаи мусбати таълим, баланд бардоштани дараҷаи ғоявию сиёсии маҳорати омӯзгории коллективи педагогӣ нигаронида шудааст. Фаъолияти Шӯрои педагогӣ ва маҷлисҳои назди директори омӯзишгоҳҳои тиббӣ, комиссияҳои сиклию фаннӣ оид ба таҳкими базаи моддию техникӣ, беҳтар намудани кори таълимиву методӣ, ташкили кори тарбиявӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
бозсозӣ,тандурустӣ, тарбияи кадрҳо, таҳсилоти соҳаи тиб, омӯзишгоҳи тиббӣ, раванди таълим
1. Государственный архив Согдийской области (ГАСО).- Ф.292. - Оп.6.- Ед.хр.116. Л.104.
2. ГАСО.- Ф.292.- Оп.6.- Ед.хр.117. Л.2,3,5,7,9,12,36.
3. Зюлин В. В. Государственная политика Российской Федерации в области среднего медицинского и фармацевтического образования (конец 1980-х - 2005 гг.): автореф. дисс. канд. ист. наук / В. В.Зюлин. – Москва, 2008. - 18 с.
4. История развития сестринского дела // https://www.dentoday.ru /products /01809.php (дата обращения: 01.09.2022).
5. Мотивы выбора профессии медицинской сестры// https://cyberleninka.ru /article/n /motivy-vybora-professii-meditsinskoy-sestry (дата обращения: 01.09.2022).
6. Раҳимов Т.К., Раҷабова М. Коллеҷи тиббии Хуҷанд ба номи академик И.П. Павлов / Т.К. Раҳимов, М. Раҷабова. – Хуҷанд, 2012. – 20 с.
7. Тамаш Краус. Перестройка и передел собственности в Советском Союзе: политические трактовки и исторические свидетельства / https://scepsis. net/ library /id_2612.html (дата обращения: 01.09.2022).