Масъалаи қабули меъёрҳои этикаи касбӣ дар журналистикаи минтақа, ки дар фаъолияти журналистӣ ҳадафи саривақтӣ ба шумор меравад ва як ҷузъи зарурии ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад, баррасӣ мешавад. Таъкид карда мешавад, ки меъёрҳои этикаи касбии журналистӣ хоси ҷомеаи демократӣ аст. Ҷомеа ва иттиҳодияҳои журналистии Тоҷикистон баҳри ҳимояи субъектҳои иттилоотӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолгарони иттилоот ва нигоҳ доштани обрӯ ва эътибори кории журналистон зарурати қабули меъёрҳои этикаи касбиро ба миён гузоштанд. Изҳори ақида шудааст, оҷонсии иттилоотии “Варорӯд” аввалин расонаи иттилоотии кишвар аст, ки ҳанӯз соли 2003 “Қоидаҳо ва меъёрҳои ахлоқии рафтор дар фаъолияти касбии рӯзноманигори ОИТ “Варорӯд”-ро қабул намуд, ки ин кӯшиши дар қолаби муайян ба танзим даровардани фаъолияти одоби касбии кормандони оҷонсӣ, нашрияҳои “Варорӯд” ва “Ҳамсояҳо” буд. Хулоса мешавад, ки қабули меъёрҳои этикаи касбӣ барои баланд бардоштани маданияти касбии журналистӣ ва фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар мавриди риояи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқи касбӣ нақши муассир мебозад.
ВАО, журналист, меъёрҳои ахлоқӣ, этикаи касбии журналист, рисолати журналист, эҳтимоли бегуноҳӣ, виҷдон, асардуздӣ, маҳкумнамоӣ
1. Бобоҷонова, М. С. Риояи этикаи касбӣ дар матбуоти даврии вилоятӣ (дар мисоли нашрияҳои вилояти Суғд) / М.С. Бобоҷонова. – Душанбе, 2019. – 154 с.
2. Ворошилов, В.В. Журналистика / В. В. Ворошилов. – Москва, 2004. – 656 с.
3. Лазутина, Г. В. Профессиональная этика журналиста / Г. В. Лазутина. – Москва, 1999. – 208 с.
4. Иноятов И., Қаршибоев Н. Тафсири Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон / И. Иноятов, Н. Қаршибоев. – Душанбе, 2011. – 40 с.
5. Қоидаҳо ва меъёрҳои ахлоқии рафтор дар фаъолияти касбии рӯзноманигори ОИТ «Варорӯд»// Варорӯд, 2003. – 03 март.
6. Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма. – Душанбе, 2012. – 130 с.
7. Усмонов, И. Шарҳи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” / И. Усмонов. – Душанбе, 2011. – 64 с.