Масъалаҳои ташаккулёбӣ ва рушди таърихии Шашмақом, касбият ва маҳорати мутрибону ҳофизон, фаъолияти мусиқинавозон ва овозхонон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Таъкид гаштааст, ки касбият ва маҳорати мутрибону ҳофизони Шашмақом дар асоси қобилияти иҷрои асарҳои мураккаби овозии жанри суруд муайян карда мешавад. Зикр гардидааст, ки Шашмақом ин услуби миллии суруду мусиқии садсолаҳо инҷониб ташаккулёфта, силсилаи мураккаб, бисёрқабата ва бисёрсоҳавии асари мусиқии анъанавии классикӣ мебошад, ки аз бахшҳои созӣ ва овозӣ иборат аст. Таҳаввули таърихии Шашмақом дар шимоли Тоҷикистон дар асрҳои ХХ-ибтидои ХХI, ба нота даровардани Шашмақом, саҳми бастакорон, мутрибону ҳофизон – Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов, Б. Файзуллоев, Б. Ниёзов, Ҷ. Набиев ва дигарон, ташкил ва баргузории фестивал-озмунҳои мусиқии анъанавӣ чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷа, тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон баҳри эҳёи Шашмақом ва ғ. таҳлил гаштаанд.
мусиқии анъанавӣ, мусиқии классикӣ, “Шашмақом”, ҳофиз, мутриб, ансамбли мақомнавозон, фестивал-озмунҳо
1. Абдуқодиров А., Файзуллоев Н. «Шашмақом» эъҷоз аст / А. Абдуқодиров, Н. Файзуллоев // Ҳақиқати Суғд. № 56.10 маи соли 2011.
2. Абдуллаев Р. Самарканд музыкальный. // http:// https: //sanat. orexca. com /2004/2004-3/music/ (Санаи муроҷиат: 22.11.2023).
3. Аввалин синфи Шашмақом // Мирбобои Мирраҳим. Саъдахтар. Гуфтугў бо Муҳаммадҷон Шакурӣ. – Теҳрон, 2001. – С. 68-69.
4. Азизи Ф. А. Маком и фалак как явления профессионального традиционного музыкального творчества таджиков / Ф. А. Азизи. - Душанбе: Адиб, 2009. – 398 с.
5. Азизи Ф. Феномен «Шашмакома» в начале ХХI века / Ф. А. Азизи // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. Вып.2. – Душанбе, 2006. – С. 437 – 451.
6. Аминджонов Р. Эволюция «Шашмакома» во второй половине XIX – начале 40-х. гг. ХХ века. АКД / Р. Аминджонов. – Худжанд, 2008. – 25 с.
7. Джумаев А. К проблеме эволюции эстетических учений о макамате / А.Джумаев // Вопросы эстетики, истории и теории монодии. – Ташкент, 1987. – С. 16-24.
8. Донишномаи Шашмақом /Муаллифони асосї: А. Абдурашидов, Ф. Азизї, А. Раҷабов, Н. Ҳакимов. – Душанбе, 2009. - 422 с.
9. Раджабов И. Макомы: автореф. дисс… д-ра искусствоведения / И. Раджабов. – Ташкент-Ереван, 1970. – 35 с.
10.Раджабов И. «Шашмаком» и его бытование в современных условиях / И. Раджабов // Макомы и современное композиторское творчество. – Ташкент, 1978. – С.150-152.
11.Ражабов И. Мақомлар масаласига доир / И. Раджабов. – Ташкент, 1963. – 299 с.
12.Сегодня День «Шашмакома». Как удалось сохранить музыкальную энциклопедию таджикского народа? // https://novosti-tadzhikistana.ru/segodnya-den-shashmakoma-kak-udalos-sohranit-muzykalnuju-enciklopediju-tadzhikskogo-naroda-2/ (Дата обращения: 20.11.2023).
13.Солиҷонов Н. Арзишҳои фарҳангӣ ва фарҳангиён. – Хуҷанд, 2005. – 168 с.
14.Фурқати Саид. Нидои қарнҳо. // http://www.bbc.co.uk/persian /tajikistan/story/2008/05/ (Санаи муроҷиат: 15.11.2023)
15.Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар қарни XX: анъана ва навоварӣ / Н. Ҳакимов. – Хуҷанд, 2006. – 408 с.
16.Шашмаком – уникальное явление в мире музыки //www.narodnaya.tj (Дата обращения: 21.11.2023).
17.Юлдашев М.Р. Проблемы культурного отчуждения в современном Таджикистане / М.Р. Юлдашев / http://sociosphera.ucoz. ru /publ/konferencii_ 2010/ (Санаи муроҷиат: 21.11.2023).