0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МУНОЗИРАИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА БАҲРОМИ ЧӮБИНА

Муаллиф (он)

Юлдошев Абдулло

Чакидаи мақола

Мунозираи байни қаҳрамонҳои “ Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ- Хусрави Парвиз ва Баҳроми Чубина пеш аз муҳорибаи онҳо ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки дар “Шоҳнома” мунозираҳои зиёде ба чашм мерасанд, аммо мунозираи Хусрав ва Баҳроми Чубина назир надорад. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки мунозира дар адабиёти классикии форсу тоҷик қолаби чандон ноошно нест. Намунаи шоистаи мунозира мунозираи Хусрав ва Фарҳод дар “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ мебошад. Хотиррасон шудааст, ки аз Асадии Тӯсӣ панҷ мунозира ба ёдгор мондааст ва ҳамин санъати саволу ҷавоб, ки дар шеъри лирикии мо намунаҳои қобили мулоҳизае дорад, навъе аз мунозира мебошад. Мақсади мунозираҳои пеш аз муҳориба мулзам кардани ҳариф буд. Бо вуҷуди кӯшишҳои тарафайн Хусрав ва Баҳром якдигарро мулзам карда наметавонанд. Хусрав нахустин шуда аз давом додани мунозира даст мекашад. Баҳром низ, бино ба тасвири Фирдавсӣ, ҳеҷ қаноатмандӣ аз мунозира нишон намедиҳад. Ба назар мерасад, ки ҳар ду тараф аз пешомади ҷанг хушбин нестанд. Дар мунозира наметавон гуфт, ки Хусрави ҷавон мағлуб шудааст. Ӯ ба ҳар ҳол чун меросбари подшоҳӣ ба Баҳром пешниҳодҳои сазовор мекунад. Аммо Баҳром, ки дучори васвасаи гирифтани подшоҳӣ шуда буд, ҳамоно мехоҳад, ба подшоҳии Хусрав ва умуман Сосониён хотима диҳад ва худ подшоҳи Эроншаҳр бишавад. Мунозира ба забони содаю равон ва, чунонки хоси услуби ҳаким Фирдавсӣ мебошад, бе ҳеч гуна такаллуф суруда шудааст.

 

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: Баҳроми Чӯбина, мунозира, Хусрави Парвиз, Сосон, Алонон, подшоҳӣ, Рай, “Шоҳнома”, Фирдавсӣ

Пайнавишт

1.         Феофилакт Симокатта. История / Перевод С.П. Кондратьева. – Москва: Издательство АН СССР, 1957. - 225 с. (С.102).

2.         Фирдавсӣ, Абулкосим. “Шоҳнома”, ҷ.6, Душанбе, 1965, 552 с.с.471, байтҳои 140-150.

3.         Фирдавсӣ Абулқосим. “Шоҳнома”, ҷ 8, Душанбе, 1990, 612 с. С. 566-568, байтҳои1430-1450.

4.         Фирдавсӣ Абулқосим, “Шоҳнома”, ҷ. 9, Душанбе 1966, 500 саҳ. с. 20, байти 157;

5.         Фирдавсӣ,”Шоҳнома” дафтари 7, Теҳрон, 1918, 650 саҳ. с. 482, байти.217.

6.         Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, дафтари 8, Теҳрон 2018, 504 саҳ. с. 13, байти 128.

7.         Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, ҷ.7. Москва, 1968, 475 саҳ. с. 286; байтҳои 391-393.

8.         Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, ҷ.8. Москва, 1970, 451 саҳ. с. 71-74, байт. 332; 338; 373.

9.         Фирдавсӣ, “Шоҳнома”, ҷ.9. Москва, 1971, 421 саҳ. с. 195, байт.3129-3131.

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Сентябрь 2022