Дар мутолиоти адабии замони муосир муносибати миёни матнҳои гуногуне, ки дар як маҳдудаи муайяни замонӣ ва ё фосилаи замонии дуре офарида шудаанд, бо истилоҳи байноматният (интертекстуальность) ифода мешавад. Назарияи байноматният адабиётшносиро моҳиятан аз назари таҳлили ҷанбаҳои ғоявию мавзӯии матн мукаммал гардонид. Ин назария аз афкори забоншиносии Михаил Бахтин сарчашма гирифта, то ба коргоҳи назарияпардозии Жерер Женет такмил ёфта, дар мутолиоти адабпажӯҳии ҷаҳони муосир ба ҳукми анъана даромадааст. Фарзияи аввали матраҳ дар назарияи байноматният чунин аст, ки мутолиаи дақиқ ва дарки ҳамаҷонибаи ин ё он матни мавриди мутолиа бидуни ба эътибор гирифтани матнҳои пешин ё ҳамзамони муаллиф номумкин аст. Дуюм, ҳеҷ асари адабие аз осори пеш аз худ ҷудо буда наметавонад, миёни онҳо ба навъе иртибот ҷой дорад. Сеюм, дар натиҷаи мутолиаи байноматнӣ пешматнҳои асарҳои ҷудогонаро ба таври мушаххас муайян кардан мумкин аст. Чорум, мутолиаи байноматният ҳам миёни асарҳои аз назари мавзӯъ ҳамгуну аз назари сохтор ҳамтарҳ ва ҳам миёни асарҳои тамоман гуногун метавонад сурат бигирад. Панҷум, барои ворид шудан ба таҳқиқ бар асоси ин назария огоҳии қаблии муҳаққиқ аз мавзӯи асар, доираи густариши он дар паҳнои адабиёти гузаштаю муосир ва ҷаҳонбинии муаллифи асари мавриди таҳқиқ қароргирифта ва пешматн муҳим аст. Дар ин мақола асосҳои назарияи байноматният бо такя ба назарияи Жерер Женет ва дар муқоиса ба назарҳои дигар назарияпардозон таҳқиқ шудааст.
Калидвожаҳо: теория, интертекстуальность, Жерер Женет, паратекстуальность, метатекстуальность, архитекстульность, гипотекстуальность
Пайнавишт:
1. Арнольд, И. В. Семантика. Стилистика. Интертекстуальность / И. В. Арнольд : сборник статьей ; науч. ред. П. Е. Бухаркин. – Санкт-Петербург: Санкт-Петербургский государственный университет, 1999. – 443 с.
2. Бахтин, М. Проблемы поэтики Достоевского / М. Бахтин. – Москва: Эксмо, 2017. – 640 с.
3. Васильчикова, Т. Н. Теория интертекста в филологии: основные этапы исторического формирования // Известия Самарского научного центра Российской академии наук. Социальные, гуманитарные, медико-биологические наукы. – т. 18, № 1(2), 2016. – С. 189-196.
4. Гаспаров, М. Л. Литературный интертекст и языковой интертекст / М. Л. Гаспаров // Известия РАН. Серия литературы и языка. – №4. – Т. 61, 2002. – С. 3-9.
5. Кремнева, А. В. Эволюция теории интертекстуальности в контексте меняющихся парадигм / А. В. Кремнева // Вестник Новосибирского государственного университета. Серия: Лингвистика и межкультурная коммуникация. – Т. 12, вып. 1, 2014. – С. 54-63.
6. Кристева, Ю. Бахтин, слово, диалог и роман // Франсузская семиотика: от структурализма к постструктурализму : пер. с франц., сост., вступ. ст. Г. К. Косикова. – М.: ИГ Прогресс, 2000. – С. 427-457.
7. Низомӣ, М. З. Равобити байноматнии достони “Юсуф ва Зулайхо”-и Ҷомӣ ва “Аҳсан-ул-қасас”-и Аҳмади Ғаззолӣ / М.З. Низомӣ // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии устодону кормандони ДМТ бахшида ба ҷашнҳои.... – Душанбе, 2020. – 451 с. – С. 273.
8. Пьеге-Гро, Н. Введение в теорию интертекстуальности / Н. Пьеге-Гро : пер. с фр. Г.К. Косикова, Б.Н. Нарумова, В.Ю. Лукасик ; общ. ред. и вступ. ст. Г. К. Косикова. – М.: ЛКИ, 2008. – 240 с.
9. Аҳмадӣ, Бобак. Сохтор ва таъвили матн /Бобак Аҳмадӣ. – Теҳрон:Марказ, 1390.
10. Байҳақӣ, Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусейн. Таърихи Байҳақӣ / Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусейн Байҳақӣ; мусаҳеҳ: Халил Хатиб Раҳбар. Ҷилди якум. Чопи чаҳорум. – Теҳрон: Интишороти Маҳтоб, 1374. – 391 саҳ.
11. Пен, Майкл. Лукон, Даридо Криставо / Майкл Пен. Тарҷумаи Паёми Яздонҷӯ. – Теҳрон:Марказ, 1380.
12. Ҷалолӣ, Марям. Иқтибоси мафҳумӣ ва нигоришӣ аз “Шоҳнома” дар адабиёти кӯдак ва навҷавон / Марям Ҷалолӣ, Пурхолиқӣ Чатрудӣ // Мутолиоти адабиёти кӯдак. соли чаҳорум. шумораи дуввум. Поиз ва зимистони 1392. – С. 1-18.
13. Чатрудӣ, доктор Маҳдӯхти Пурхолиқӣ. Байноматният ва фузунматнияти тақлидӣ ва дигаргунагӣ дар иқтибос аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар осори Мирзо Оқохони Кирмонӣ / Доктор Маҳдӯхти Пурхолиқии Чатрудӣ, Алӣ Боғдори Дилкушо // Ҷусторҳои навини адабӣ. Маҷаллаи илмӣ. Пажӯҳиши шумораи 195. Зимистони 1395. – С. 23-47.
14. Ҳаётӣ, Ҳамид. Байноматният. Бахши якум. / Ҳамид Ҳаётӣ www.ilosophers.atspase.com таърихи руҷӯъ: 12.05.2020.
15. Дод, Симо. Фарҳанги истилоҳоти адабӣ, вожаномаи мафоҳим ва истилоҳоти адабии форсӣ ва аврупоӣ ба шеваи татбиқӣ ва тавзеҳӣ / Симо Дод. – Теҳрон:Марворид, 1378. – 396 саҳ.
16. Санҷарӣ, Ҷамила. Нақду баррасии осори бознависӣ аз “Шоҳнома”, “Калила ва Димна”, “Марзбоннома”, “Мантиқу-т-тайр”, “Маснавӣ” ва “Гулистон” барои кӯдакон ва навҷавонон... Поённомаи коршиносии аршад. – Донишгоҳи озоди исломии воҳиди Карх, 1384.
17. Софӣ,Ҳомид. Баррасии достони Каюмарс дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва таърихи арабии мутаасир аз “Сайру-л-мулукҳо” бар асоси фузунматнияти Жанет / Ҳамид Софӣ ва дигарон // Матншиносии адаби форсӣ. 1395(б). соли 52, давраи ҷадид, соли ҳаштум, шумораи 1 (паёпай 29). – С. 17-34.
18. Софӣ,Ҳомид. Муқоисаи таҳлилии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва таърихи арабии мутаасир аз “Сайру-л-мулукҳо” то поёни садаи 4 бар асоси фузунматнияти Жанет / Ҳамид Софӣ... Рисолаи докторо... Донишгоҳи Фирдавсӣ. – Машҳад, 1395 ((а).
19. Тиллоӣ, Мавлуд. Муқоисаи татбиқии манзумаи “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомӣ ва намоишномаи Сайри Ануд ва Баржок Рустон аз манзури байноматнияти Жерар Жанет/Мувлуд Тиллоӣ, Исҳоқ Туғёнӣ, Муҳрноз Тилоӣ//Ду фаслномаи пажӯҳишҳои адабиёти татбиқӣ. – Давраи 1, шумораи 1 (паёпай 1), баҳор ва тобистони 1392. – С. 95-119.
20. Обидӣ, Маҳмуди Порсонасаб, Симо Абосӣ//Адаби форсии Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Теҳрон. – Давраи 1, шамораи 7, поиз ва зимистон, 1390. – С. 27 -44.
21. Ғуломҳусейнзода, Ғарибризо. Михаил Бахтин; Зиндагӣ, андеша ва мафоҳими бунёдин/Ғарибризо Ғуломҳусйн, Нигоҳ Ғуломпур. – Теҳрон: Рӯзгор, 1378.
22. Маҳмудзода, Фаришта. Таҳлили байноматнии Роҳату-л-судур” ва “Шоҳнома” бар мабнои тароматнияти Жерар Жанет/ Фришта Маҳмудзода//Матншиносии адаби форсӣ (илмӣ-пажуҳишӣ)Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Исфаҳон. – Давраи ҷадид, шумораи 1. (паёпай 33). – баҳор 1396. – С. 107-120.
23. Мутлақ, Номвари Баҳман. Даромаде бар байноматният/Баҳман Номвари Мутлақ. – Теҳрон: Сухан, 1390. – 440 саҳ.
24. Муин, Муҳаммад. Фарҳанги форсӣ (матавассит, ҷилди панҷум). – Туеҳро: Сипеҳр, 1376. – 1229 саҳ.
25. Меҳмондӯстӣ, доктор Зулфиқор Алломӣ. Баррасии равобити байноматнии “Минуи хирад” ва дебочаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. (бар асоси назарияи Жерар Жанет)/доктор Зулфиқор Алломии Меҳмондӯстӣ, Нафиса Муродӣ//Нарияи “Адаб ва забон”-и Донишкадаи аабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Шаҳиди боҳунари Кирмон. – соли 20. – шамораи 41. – баҳор ва тобистони 1396. – С. 245-263.
26. Нодирӣ, Фарҳод. Коркарди назарияи “Тароматният” дар кашфу воковии таъсирпазирии “Гӯшнома” аз “Шоҳнома” / Фарҳод Нодирӣ, Самия Нодирӣ// Фаслномаи матншиносии адаби форсӣ (илмӣ-пажуҳишӣ). – Донишгоҳи Исфаҳон, баҳор 1398. –шумораи аввал (паёпай 37). – С. 169-187.
27. Вепстар, Роҷер. Пешдаромаде бар мутолиаи назарияи адабӣ/Роҷер Вепстар; тарҷумаи Илҳа Деҳнавӣ. – Теҳрон: Рӯзнигор, 1382.
28. Barthes, R. Theory of text / Roland Barthes. – London: Rotledge, 1981.
29. Genette, G. Palimpsests: Literature in Second Degree / Gerard Genette ; Translated by: Channa Newman and Calude Doubinsky. – Lincoln: University of Nebraska Press, 1997.
30. Genette, G. Palimpsests: Literature in Second Degree / Gerard Genette. – Paris: Larousse, 1982.
31. Sanders, J. Adaptation and appeopeiation / J. Sanders. – London and New York: Routledge, 2006.