0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ТАСАРРУФ ГАРДИДАНИ ВИЛОЯТҲОИ ҶАНУБИИ МОВАРОУННАҲР АЗ ҶОНИБИ ҒУРИЁН

Муаллиф (он)

Турсунов Н.О., Шарипов М.М.

Чакидаи мақола

Масъалаи ишғол гардидани вилоятҳои ҷанубии Мовароуннаҳр аз ҷониби Ғуриён мавриди таҳлил қарор ёфтааст. Барои омӯзиши масъалаи мазкур маълумоти сарчашмаҳои асл ва адабиёти илмӣ ҷалб гардидаанд. Кӯшиш карда шудааст, ки дар таърихнигории ватанӣ яке аз масъалаҳои камтаҳқиқшуда мавриди баррасӣ қарор ёбад. Қайд мегардад, ки дар илми таърих барои аниқ кардани  масъалаҳои зиёд маводҳои нумизматикӣ аҳамияти бештар доранд. Барои равшанӣ андохтан ба  масъалаи мазкур дар асарҳои муаррихон-тангашиносони ватаниву хориҷӣ маълумотҳои нодир мавҷуд ҳастанд. Тангаҳои аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистони кунунӣ дарёфтшуда  баррасӣ гардидаанд. Дар хулоса ишора мешавад, ки аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо ва маводи нумизматикии дарёфтшуда ҳудуди Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, аз ҷумла Вахш, Дарвоз, Шуғнон, Вахон ба ҳудуди маъмурии давлати Ғуриён шомил буданд.

Калидвожаҳо

ғуриён, сарчашмаҳои таърихӣ, маводҳои нумизматикӣ, султонҳои ғуриён Алоуддин ва Ғиёсуддин, тангаҳои ғурӣ, қисмати ҷанубии вилоятҳои Мовароуннаҳр

Пайнавишт

1.        Асрориён Дж.О. Изучение истории Кулябского региона по археологическим, нумизматическим и письменным памятникам (проблемы сопоставления и исторической интерпретации).: дис. канд. ист. наук / 07.00.02 - Отечественная история/ Асрориён Дж.О.– Душанбе, 2018. - 200  с.

2.        Ғавсуддин  Мустаманди Ғурӣ. Таърихи мухтасари Ғуриён./ Мустаманди Ғурӣ–Ҳирот, 1367 ш. (2008). - 266 с.

3.        Ғафуров. Б.Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна.–Душанбе: Ирфон, 1983.-704 с.

4.        Ғоибов Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз (Таърихи сиёсӣ ва ҷуғрофиёи таърихӣ)./ Ғоибов Ғ.–Душанбе, 2006.- 898 с.

5.        Давидович Е.А., Попов К.К. Клад медных монет Мухаммада б. Текеша (1200-1220) из-под Куня-Ургенча (Источниковедческая характеристика) /Письменные памятники Востока. Историко- филологические исследования. Ежегодник 1976-1977/ Давидович Е.А., Попов К.К.–М.: Наука, 1984.– С.92-103.

6.                  Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX-XIV. Порчаҳо аз «Равзату-с-сафо» ва дигар кутуб./Мураттиб ва муҳаққиқ Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ.– Душанбе: Амри илм, 1999.-1008 с.

7.        Довуди Д. Денежное обращение древнего и средневекового Хатлона V в. до н.э. – нач. ХХ в. н.э./ Довуди Д.–Душанбе: Дониш, 2006. - 346 с.

8.        Довудӣ Д. Сиккаҳои шоҳони Вахш.//Мероси ниёгон. №13/ Довудӣ Д.–Душанбе, 2010. - С.118-127.

9.        Камышев А.М. Монеты на Великом шёлковом пути (Кыргызстан) / Археология евразийских степей. Нумизматика и эпиграфика. №6/ Камышев А.М.–Казань, 2017.-С.7-14.

10.    Кочнев Б.Д. Нумизматическая история Караханидского каганата (991-1209). Ч.I. Источниковедческое исследование./ Кочнев Б.Д.–М.: Евразия, 2005. – 312 с.

11.    Линевич Н.П., Тузенгаузен В. Восточные монеты//Записки восточного отделения Императорского русского археологического общества. Т. IV. Вып. I и II. – СПб., 1889. - С.296-297.

12.    Масов Р., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон»/ Масов Р., Пирумшоев Ҳ. –Душанбе: Дониш, 2011.- 412 с.

13.    Пирумшоев Ҳ. Ванҷи ману ганҷи ман. (Очерки таърихӣ)./ Пирумшоев Ҳ.–Душанбе: Ирфон, 2013.-608 с.

14.    Пирумшоев Ҳ. Таърихи Дарвоз (аз оғоз то замони муосир). – Душанбе: Ирфон, 2008.-732 с.

15.    Ҷузҷонӣ Минҳоҷ Сироҷ. Табақоти Носирӣ. Иборат аз 2 ҷ. Ҷ.1. /Ба чоп омодакунанда Абдулҳай Ҳабибӣ./Ҷузҷонӣ Минҳоҷ Сироҷ–Кобул, 1363 ҳ. (1984) -501 с.

16.    Шарифзода А.Қ. Ганҷинаи дирҳамҳои Сомонии Кӯлоб ҳамчун сарчашмаи таърихӣ. Дис. барои дарёфти н.и.т. 07.00.09: таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои тадқиқоти таърихӣ./ Шарифзода А.Қ.–Душанбе, 2019.-179 с.

Таърихи нашр

Среда, 12 Январь 2022