0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ВОЖАҲОИ ИФОДАГАРИ СИЛОҲИ ҶАНГӢ ВА АСЛИҲАИ ҚАЛЪАКӮБ ДАР «ХАМСА»-И НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ

Муаллиф (он)

Бобоҷонова Д.А.

Чакидаи мақола

Луғоти ифодакунандаи номи аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва аслиҳаи дар «Хамса» («Панҷгона»)-и Низомии Ганҷавӣ таҳлил шудааст. Муносибати мутақобилаи сюжети «Хамса» ва лексикаи дар он истифодашуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар манзумаҳои ишқии Низомӣ, масалан, дар «Лайливу Маҷнун» ва «Хусраву Ширин» вожаҳои ҳарбӣ нисбатан кам ба назар мерасанд, дар «Искандарнома» бошад, ин гуна вожаҳо бештар ба кор рафтаанд. Дар ашъори Низомӣ номҳои аслиҳаҳое истифода шудаанд, ки асосан ба забонҳои аслии тоҷикӣ (дурбош, дашна) ва арабӣ (синон, ханҷар) мансуб мебошанд. Дар байни номҳои аслиҳа, ки дар "Хамса" корбаст шудаанд, вожаи "манҷаник"-и юнонӣ низ мавҷуд аст. Дар асоси маълумоти этимологии дар поварақи «Бурҳони қотеъ» оид ба манҷаниқ овардаи доктор М.Муин ба хулосае омадан мумкин аст, ки мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» барғалат ин вожаро тоҷикӣ пиндоштаанд.

 

Калидвожаҳо

«Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, вожаҳои ифодакунандаи номи аслиҳа, аслиҳаи муҳосира, манҷаниқ, синон, дурбош, дашна, ханҷар, луғатҳои тафсирии асримиёнагӣ

Пайнавишт

1.        Айнӣ С. Куллиёт. Ҷ.12. Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик. - Душанбе: Ирфон, 1976. - 564 с.+206 с.

2.        Ализода И. Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома». – Душанбе: Адиб, 1992. - 492 с.

3.        Анварӣ С. Вожаҳои низомӣ дар «Шоҳнома». - Душанбе: Маориф, 1994. - 120 с.

4.        Большой русско-арабский и арабско-русский словарь. - М.: ООО «Дом славянской книги», 2011. - 958 с.

5.        Ганҷавӣ Н. Хамса. Махзан-ул-асрор. Хусраву Ширин. – Душанбе: Адиб, 2012. – 480 с.

6.        Ганҷавӣ Н. Хамса. Лайлию Маҷнун. Ҳафт пайкар. – Душанбе: Адиб, 2012. – 480 с.

7.        Ганҷавӣ Н. Хамса. Искандарнома. Шарафнома. Иқболнома. – Душанбе: Адиб, 2012. – 480 с.

8.        Муин, Муҳаммад. Фарҳанги форсӣ (дар ду ҷилд). Чопи дувум. - Теҳрон, 1384.

9.                  Муллочаев С. Военная лексика «Шахнаме» Абулкасима Фирдоуси. АКД. - Душанбе, 1980. - 23 с.

10.    Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс-ул-луғот (таҳияи матн бо пешгуфтор, тавзеҳот ва феҳристи А.Нуров). – Душанбе: Адиб, ҷ.1, 1987.- 480 с.; ҷ.2, 1988. - 416 с.; ҷ.3, 1989. - 304 с.

11.    Муҳаммадҳусайн Бурҳон. Бурҳони қотеъ (дар панҷ ҷилд)(бо эҳтимоми Муҳаммад Муин). – Теҳрон: Амири Кабир, 1391.  – 2470 с.

12.    Фарҳанги забони тоҷикӣ (дар ду ҷилд)(зери таҳрири М.Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ). – М.: Советская энциклопедия, 1969, ҷ.1. – 951 с.; ҷ.2. – 952 с.

13.    Фарҳанги мутавассити Деҳхудо (зери назари дуктур Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ)(дар ду ҷилд). - Теҳрон, 1390.

14.    Шаропов Н. Инкишофи лексикаи забони адабии тоҷик бо терминҳои ҳарбӣ. - Душанбе: Дониш, 1970. - 134 с.

15.    Bartholomae (Ch.). Altiracisches worterbuch. Strassburg, 1950.

16.    Henning. Last of middle Persian…BSOS IX.p.p.82.

17.    Nyberg (H.S.) Hilfsbuch des pehlevi 2. Bānde Uppsala. 1928-1931.

Таърихи нашр

Среда, 12 Январь 2022