0.0/5 овоз (0 овозҳо)

СОХТОРИ ФАРҲАНГИ «ДОНИШНОМАИ ҚАДАРХОН» ВА ТАНОСУБИ ОН БО АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГНИГОРИИ ФОРСУ ТОҶИК ДАР АСРҲОИ XI-XV

Муаллиф (он)

Низомиддинова Р.А.

Чакидаи мақола

Таҳлили баъзе унсурҳои сохтории фарҳанги “Донишномаи Қадархон”-и ал Форуқӣ дар муқоиса бо панҷ фарҳанги қабл аз он таълиф гардида (“Луғати фурс”-и Асадӣ. “Сиҳоҳ-ул-фурс”-и Нахҷувонӣ, “Маҷмӯат-ул-фурси”-и Сафии Каҳҳол, “Меъёри Ҷамолӣ”-и Фахрии Исфаҳонӣ, “Дастур-ул-афозил”-иХайроти Деҳлавӣ) сурат гирифтааст.

Чор усули асосии ҷобаҷогузории моддаҳои луғавӣ, ки то замони таълифи “Донишномаи Қадархон” ташаккул ёфта буд, тавсиф шудааст. Зикр гардидааст, ки дар фарҳанги ал-Форуқӣ дастовардҳои ҷолиби давраи ибтидоии таърихи фарҳангнигории форсу тоҷик мавриди истифода қарор нагирифтааст, бинобар ин метавон ҳадс зад, ки Ашраф ибни Шараф-ал-Музаккир ал-Форуқӣ ба ғайр аз фарҳанги “Луғати Фурс”-и Асадии Тӯсӣ аз фарҳангҳои дигари асрҳои XI-XIV огоҳӣ надоштааст.

Калидвожаҳо

фарҳангнигории форсу тоҷик дар асрҳои XI-XV, фарҳанги“Донишномаи Қадархон”-и ал-Форуқӣ, “Луғати Фурс”-и Асадии Тӯсӣ, “Сиҳоҳ-ул-фурс”-и Нахҷувонӣ, унсурҳои сохтории фарҳанг, дебочаи фарҳанг, фарҳанги “Дастур-ул-афозил”-и Хайроти Деҳлавӣ

Пайнавишт

1.        Донишномаи Қадархон (Матни факсимиле). Фароҳам оварандагони матн, муаллифони муқаддима ва тавзеҳот Н.И.Ғиёсов  ва Р.А. Низомиддинова.- Хуҷанд: Ношир, 2013.).

2.        Ҳошим, Р. ва Ҳусейнзода, Ш. Донишномаи Қадархон ва аҳамияти он дар омӯхтани осори Рӯдакӣ ва мероси адабии мо/Рӯдакӣ ва замони ӯ. (Маҷмӯаи мақолаҳо).- Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958.-С.209-222.

3.        Баевский, С.И. Ранняя персидская лексикография (XI-XVвв)/С.И.Баевский.-М.:Наука, 1989.-166 с.

4.  Тӯсӣ, Асадӣ. Лугати фурс.Муқаддима, таҳия, таълиқот, ҳошия, луғот ва феҳристи Нурулло Ғиёсов/Асадии Тӯсӣ.-Хуҷанд: Нури маърифат, 2015.- 492 с.

5.       Нахҷувонӣ, Муҳаммад ибн Ҳиндушоҳ. Сиҳоҳ-ул-фурс/ Муҳаммад ибн Ҳиндушоҳ Нахҷувонӣ. Ба эҳтимоми дуктур Адулалии Тоатӣ.-Теҳрон, 2535 (х).

6. Имронов Саъдоншо. Сиҳоҳ-ул-фурс/Энсиклопедияи советии тоҷик, Ҷ.7.- Душанбе, 1987.- 634 с.

7.  Ҷорутӣ, Абуало Абдулмуъмин маъруф ва Саҳии Каҳҳол. Маҷмуат-ул- фурс/ Ҷорутӣ, Абуало Абдулмуъмин. Тасҳеҳ ва шарҳи вожаҳои дуктур Азизуллоҳи Ҷувайнӣ – Теҳрон, 1378 (х).-358 с.

8.  Инҷуи Шерозӣ, Мир Ҷамолуддин Ҳусайн ибн Фахруддин Ҳасан. Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ/ Инҷуи Шерозӣ, Мир Ҷамолуддин Ҳусайн ибн Фахруддин Ҳасан. Виростаи дуктур Раҳими Афифӣ. Дар ду муҷаллад. Ҷилди аввал.- Машҳад, 1359 (ҳ.ш.). -1334 с.

9.        Деҳлавӣ, Ҳоҷиби Хайрот. Дастур-ул-афозил/ Ҳоҷиби Хайрот Деҳлавӣ. Ба эҳтимоми дуктур Назир Аҳмад.-Теҳрон: Бунёди фарҳанги Эрон, 1352.-262с.

Таърихи нашр

Пятница, 16 Апрель 2021