0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ШЕВАҲОИ ШАХСИЯТПАРДОЗӢ ДАР ҲИКОЯИ ИМРӮЗ

Муаллиф (он)

Маҳмудов М.А.

Чакидаи мақола

Масъалаи шеваҳои шахсиятпардозӣ ва равишҳои усулии он дар ҳикояи тоҷикии давраи истиқлол баррасӣ шудааст, ҷустуҷӯҳои бадеии баъзе нависандагон дар ин замина мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Ҷустуҷӯҳои бадеии нависандагони муосир ва масъалаҳои тасвири бадеии инсон дар назарияи ҳикояи муосир ба ҳайси ҷанбаи муҳимми он таҳлил гардидааст. Дар асоси таҳлили қиёсии анъанаҳои навпардозии гузашта ва ҳозира тамоюлҳои асосии инкишофи ҳикояи муосири тоҷикӣ муайян карда шудаанд. Нависандагон ҳодисаҳои муҳимтарини сиёсӣ ва иқтисодии солҳои 90-уми қарни ХХ-ро дар Тоҷикистон инъикос мекунанд. Таъсири ин воқеаҳо дар эҷодиёти Ӯ.Кӯҳзод, Сорбон, С.Турсун, А.Самад, Баҳманёр ва дигарон назаррасанд. Масъалаҳои тасвири бадеии инсон дар иртиботи бевосита бо олами маънавӣ ва ҷаҳоншинохти ӯ баррасӣ шудаанд. Ҷустуҷӯҳои ҳар нависанда дар алоҳидагӣ арзёбӣ гардида, бо ин роҳ саҳми эҷодии ӯ дар тадқиқи фалсафаи ҳаётии инсони муосир нишон дода шудааст.

Калидвожаҳо

ҳикояи давраи истиқлолият, инсони муосир, фалсафаи ҳаёт,  персонаж, характер, ҷустучӯи эҷодӣ,ҳодисаҳои солхои 90-уми қарни XX

Пайнавишт

1.        Антонов, С. Я читаю рассказ / С. Антонов. – М.: Молодая гвардия, 1973. – 256 с.

2.        Баҳманёр. Самаддеҳ. Китоби дуюм / Баҳманёр. – Душанбе: Истеъдод, 2014. – 240 с.

3.        Давронов, А. Андар шинохти ҳикоя / А. Давронов. Нақди адабӣ ва равандҳои адабиёт (маҷмӯаи мақолаҳо). – Душанбе: Шаҳпар, 2012. – С. 140 – 159.

4.        Кӯҳзод, Ӯ. Бурротар зи теғ / Ӯ. Кӯҳзод. – Душанбе: Маориф, 2019. – С. 103 – 111.

5.        Мирзоюнус,М. Нигоҳи иҷмолӣ ба як достон / М. Мирзоюнус // Шоире аз Сармаддеҳ. – Душанбе: Ирфон, 2017. – С. 158 – 173.

6.        Мирсодиқӣ, Ҷ. Аносири наср /Ҷ. Мирсодиқӣ. – Теҳрон: Интишороти Шифо, 1367. – 500 с.

7.        Набавӣ, А. Намунаи шоистаи насри ҷадиди тоҷикӣ / А. Набавӣ. Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср. – Душанбе: Адиб, 2009. – С. “57 – 264.

8.        Сайфуллоев, А. Ҷону ҷаҳони наср / А. САйфуллоев. – Душанбе: Ирфон, 2007. – 538 с.

9.        Самад, А. Талош / А. Самад. – Душанбе: Адиб, 2002. – С. 150 – 156.

10.    Солеҳов, Ш. Поэтикаи жанри ҳикояи солҳои 70 – 80 қарни 20 ( Масъалаи замон ва макони бадеӣ) / Ш. Солеҳов. – Душанбе: Дониш, 2006. – 169 с.

11.    Сорбон. Мағзреза / Сорбон. – Душанбе: Адиб, 2013. – 352 с.

12.    Шубин, Э. А. Современный русский рассказ/ Э. А. Шубин. – Л.: Наука. Ленинградское отделение, 1974. – 182 с.

Таърихи нашр

Четверг, 01 Июль 2021