Дар асоси маводи бойгонӣ вазъи ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар ВМКБ дар охири солҳои 50-ум ва оғози солҳои 60-уми асри гузашта таҳлил шудааст. Сабабҳои қонуншикании ноболиғон муайян карда шудааст ва қайд гардидааст, ки масъалаи мазкур мавзӯи муҳокима ва қабули қарорҳои дахлдор аз ҷониби мақомоти милитсия оид ба пешгирии факти беназоратӣ ва бепарастории ноболиғон ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи вилоятӣ қарор гирифта буд. Зикр шудааст, ки пешгирии ҷинояткории такрорӣ бо роҳи чораандешии профилактикӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти корҳои дохила ба шумор мерафт. Бо мақсади таҳкими самаранокии пешгирии қонунвайронкунӣ байни ноболиғон созмони комиссияи кор бо ноболиғон дар назди кумиҷроияҳои маҳаллии Шӯрои депутатҳои меҳнаткашон ва тасдиқи низомнома оид ба фаъолияти онҳо аҳаммияти асосӣ дошт. Дар низомнома вазифаҳои комиссияҳо, ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои онҳо муайян карда шуда буданд.
ВМКБ, риояи қонун, фаъолияти мақомоти милитсия, ҷинояткорӣ байни ноболиғон, ташкили корҳои пешгирӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, комиссияҳо оид ба корҳои ноболиғон
1. ПА ИИ ПП ЦК КП Таджикистан. - Ф.З. - Оп.134. - Ед. хр.34. - Л.1,2,3,10,58, 59.
2. Государственный архив ГБАО. - Ф.418. - Оп. 56. - Д. 162. - Л 26.
3. Бадахшони Совети // Еженедельная газета. № 81(5295) от 14 июня 1972 г.
4. Бадахшони Совети // Еженедельная газета. №58(2572) от 2 мая 1972 г.
5. Мулукаев, Р.С. Избранные труды к 80-летию со дня рождения. - М., 2009. – 468 с.
6. Политико-воспитательная работа в органах внутренних дел: учебное пособие. – М.: Юридическая литература, 1982. – 174с.
7. Советская милиция. – М., 1987. – 335с.
8. Советская милиция: история и современность (1917-1987 гг.) – М., 2006. -385с.