Китоби «Номаҳо»-и Айнулқузоти Ҳамадонӣ, ки ба эҳтимоми Алинақии Мунзавӣ ва Афифи Усайрон дар се муҷаллад чоп шудааст, дар маҷмӯъ фарогири 159 нома мебошад, ки аз онҳо 157 нома ба забони форсӣ ва танҳо ду нома ба забони арабӣ навишта шудаанд. Айнулқузот дар 81 номаи форсии худ барои шоҳид ва тақвияти фикр 221 байт ва 10 мисраи арабӣ оварда, дар 76 номаи форсӣ ва 2 номаи арабӣ ашъори арабиро ба кор набурдааст. Муаллиф дар ин мақола бо такя ба сарчашмаҳои боэътимод ва девони ашъор кӯшиш намудааст, ки муаллифи аслӣ ва нусхаи саҳеҳи қисме аз мисраъҳои арабии номаҳоро муайян созад. Аз таҳқиқот ва хулосаҳои муаллиф равшан мешавад, ки номаҳои Айнулқузот на танҳо намунаи беназири насри ирфонии асри дувоздаҳуми милодӣ, балки ҳамчун сарчашмаи боэътимоди адабӣ метавонанд дар муаррифӣ ва тасҳеҳу таҳияи нусхаҳои илмӣ- интиқодии девони ашъори суханварони арабизабон хидмат намоянд.
Айнулқузоти Ҳамадонӣ, номаҳо, мисраъҳои арабӣ, Раҳими Фарманиш, Саид Воиз, тарҷума, тасҳеҳ, муқоиса ва муқобала
1. Буҳтурӣ. Девон-ул-Буҳтурӣ. Таҳқиқ ва шуруҳу таълиқи Ҳасан Комили Сирафӣ. –Қоҳира: Дор-ул-маорифи Миср, 1964. -3173с.
2. Воиз, Саид. Абёти арабии номаҳои Айнулқузоти Ҳамадонӣ //Фаслномаи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ (Донишгоҳи Хоразмӣ), вижаномаи тахассусии забон ва адабиёти форсӣ, давраи 11, шумораи 42-43. –Теҳрон, пойиз ва зимистони 1382. –С. 51-73
3. Воиз, Саид. Абёти арабии номаҳои Айнулқузоти Ҳамадонӣ//Фаслномаи “Матнпажӯҳии адабӣ”. Маҷаллаи забон ва адаб, вижаномаи адабиёти форсии Донишкадаи адабиёти форсӣ ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи аллома Таботабоӣ, давраи 8, шумораи 21. –Теҳрон, пойиз, 1383. -С.1-27
4. Воиз, Саид. Абёти арабии номаҳои Айнулқузоти Ҳамадонӣ (бахши дувум, қисмати аввал) // Фаслномаи “Пайки нур”- и Донишгоҳи Паёми нур, давраи 2, шумораи 3. –Теҳрон, пойиз, 1383. –С. 52- 60
5. Воиз, Саид. Абёти арабии номаҳои Айнулқузоти Ҳамадонӣ (бахши дувум, қисмати дувум)// Фаслномаи “Матнпажӯҳии адабӣ”. Маҷаллаи забон ва адаби Донишкадаи адабиёти форсӣ ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи аллома Таботабоӣ, давраи 10, шумораи 27. –Теҳрон, баҳор, 1385. –С. 33-46
6. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома. Зери назари Муҳаммад Муин. -Теҳрон: интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1329 ҳ.ш. Ҷилди 24. -206с.
7. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома. Зери назари муҳаммад Муин. –Теҳрон: Сирус, 1339 ҳ.ш. Ҷилди 38, -565с
8. Деҳхудо, Алиакбар. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Дар ду ҷилд. Зери назари дуктур Саид Ҷаъфари Шаҳидӣ. Ба кӯшиши Fуломризо Ситуда, Эраҷ Меҳракӣ ва Акрам Султонӣ. - Теҳрон: Интишороти Донишгохи Теҳрон, 1385. Ҷилди аввал, –С.1-1615, ҷилди дувум, -С.1616 -3224.
9. Қуръони карим. Матни асл ва тарҷумаи маъноҳои он ба забони тоҷикӣ. Матни тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳоти Муҳаммадҷон Умаров. - Душанбе: «Эр-граф», 2011. - 640 с.
10. Маҷнун Лайлӣ. Девону Маҷнун Лайлӣ. Ҷамъу таҳқиқ ва шарҳи Абдусаттор Аҳмад Фироҷ. Мактабату Миср. Бидуни соли нашр. -268 с.
11. Соҳиб ибни Аббод, Девон. Таҳқиқи Шайх Муҳаммадҳасан оли Ёсин. Нашри дувум. –Бейрут, 1394ҳ.-1974м. -338с.
12. Фарманиш, Раҳим. Аҳвол ва осори Айнулқузот. –Теҳрон: Асотир, 1392. –385 с.
13. Ҳамадонӣ, Айнулқузот. Номаҳо. Ҷилди аввал. Ба эҳтимоми дуктур Алинақии Мунзавӣ, дуктур Афифи Усайрон. -Теҳрон: Асотир, 1377. - 480 с.
14. Ҳамадонӣ, Айнулқузот. Номаҳо.Ҷилди дувум. Ба эҳтимоми дуктур Алинақии Мунзавӣ, дуктур Афифи Усайрон. -Теҳрон: Асотир, 1377. - 488 с.
15. Ҳамадонӣ, Айнулқузот. Номаҳо.Ҷилди саввум. Ба эҳтимоми дуктур Алинақии Мунзавӣ. -Теҳрон: Асотир, 1377. -444 с.