0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МАҚОМИ КАЛИМАҲОИ МУРАККАБ ДАР НАЗМИ БЕДИЛ

Муаллиф (он)

Олимджонов М.О.

Чакидаи мақола

Нақши калимаҳои мураккаб дар назми Мирзо Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ, ки аз чеҳраҳои намоёни сабки ҳиндӣ ба шумор меравад, таҳлил шудааст. Бо зикри маводи тазкираҳо собит гардидааст, ки забони назми Мирзо Бедил аз замони зиндагӣ то ба имрӯз мавриди назари аҳли таҳқиқ қарор гирифта, аксар ӯро шоири ихтироъкор ном бурдаанд. Муҳаққиқ калимаҳои мураккаби назми Бедилро, ки миқдори онҳоро беш аз 8000 таъйин намудааст, ба ду даста ҷудо менамояд: 1) калимаҳои мураккаби дуҷузъа; 2) калимаҳои мураккаби бисёрҷузъа. Дар назми шоир калимаҳои дуҷузъа нисбат ба бисёрҷузъа бештар дучор шуда, дар асоси қолабҳои гуногуни вожасоз ташаккул ёфтаанд. Калимаҳои мураккаби бисёрҷузъаи Бедил: 1) таркиби морфемавии ягона надоранд: а) бархе аз се ҷузъ (морфема); б) бархе аз чаҳор ҷузъ ва аз он зиёд ташаккул ёфтаанд; 2) тарзи ташаккули онҳо гуногун аст: а) асоси калимасози гурӯҳе ибора ва б) асоси вожасози гурӯҳи дигари онҳо ҷумла аст. Хулоса шудааст, ки Бедил дар ашъори худ тамоми имконият ва иқтидори забони тоҷикиро дар вожасозӣ ба кор гирифта, боиси зуҳури садҳо унсурҳои луғавии нав гардидааст.

 

Калидвожаҳо

Бедил, ихтироъкор, калимасозӣ, калимаи мураккаб, калимаи мураккаби дуҷузъа, калимаи мураккаби бисёрҷузъа, қолаб

Пайнавишт

1.        Айнӣ, С. Мирзо Абдулқодири Бедил. / С.Айнӣ. -Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1954. -340с.

2.        Бечка, И. Бедил ва бедилгароён. / И.Бечка. // Кадканӣ, М.Ш. Шоири оинаҳо (баррасии сабки ҳиндӣ ва шеъри Бедил). -Теҳрон: Огоҳ, 1379. -С.81-91.

3.        Василевская, Е.А. Словосложение в русском языке / Е.А. Василевская. - М.: Учпедгиз, 1962. -132 с.

4.                  Ефимов, В.А. Персидский, таджикский, дари. / В.А. Ефимов, В.С. Расторгуева, Е.Н. Шарова // Основы иранского языкознания. Т.3. Новоиранские языки. - М: Наука, 1982. - С.5-231.

5.        Кадканӣ, М.Ш. Шоири оинаҳо (баррасии сабки ҳиндӣ ва шеъри Бедил). / М.Ш.Кадканӣ. -Теҳрон, 1379. -338 с.

6.        Одина, М. Шарҳи бисту як ғазали Бедил. / М.Одина. -Душанбе, 2007. -160 с.

7.        Олимҷонов М. Композитҳои сеҷузъа дар ашъори Мирзо Бедил / Суханшиносӣ. Маҷаллаи илмӣ. -Душанбе, 2019. №2. -С.26-37.

8.        Пейсиков, Л.С. Очерки по словообразованию персидского языка / Л.С.Пейсиков. - М.: Изд-во Московского ун-та, 1973. – 198 с.

9.        Пейсиков, Л.С. Лексикология современного персидского языка / Л.С. Пейсиков. - М.: Изд-во Московского ун-та, 1975. – 203 с.

10.    Расторгуева, В.С. Среднеперсидский язык / В.С. Расторгуева, Е.К. Молчанова // Основы иранского языкознания. Т.2. Среднеиранские языки. -М: Наука, 1981. -С.6-147.

11.    Раҳимӣ, Б. Ошноӣ бо Бедил (маҷмӯаи мақолаҳо). / Б.Раҳимӣ. -Душанбе: Ирфон, 2009. -568 с.

12.    Халилӣ, Х. Файзи қудс. / Х.Халилӣ. -Теҳрон: Ал-ҳудо, 1383. -160 с.

13.    Ҳусайнӣ, Ҳ. Бедил, Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ. / Ҳ.Ҳусайнӣ. - Теҳрон: Суруш, 1387. -150 с.

14.    Чавчавадзе, Т.А. Именное словообразование в новоперсидском языке / Т.А.Чавчавадзе. -Тбилиси: Мецниереба, 1981.- 375 с.

Таърихи нашр

Четверг, 01 Июль 2021