0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ИСТИФОДАИ ИБОРАҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ БО ВОЖАҲОИ АСЛАН ТОҶИКӢ ВА ВОЖАҲОИ ИҚТИБОСИИ ЗАБОНҲОИ ЭРОНӢ ДАР ТАЪРИХНОМАҲОИ САДАҲОИ X-XIII

Муаллиф (он)

Ҷӯраева С.Б.

Чакидаи мақола

Вижагиҳои корбурди воҳидҳои фразеологие, ки аз пешванд ва исм ва ё аз ду ва зиёда калимаҳои мустақилмаъно бо пешоянду пайвандакҳои пайвасткунандаи –у (-ву, -ю) таркиб ёфтаанд, ё таркибашон ҷузъи такроршавандаро ифода мекунанд, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Воҳидҳои фразеологии мазкур дар маводҳои таърихномаҳои асрхои X—XIII баррасӣ гардида, аз нигоҳи корбурди вожаҳои аслии тоҷикӣ ва вомвожаҳои аз дигар забонҳои эронӣ корбаст гардида, мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Қайд гардидааст, ки дар таркибҳои фразеологии ин давра корбурди вожаҳо аз дигар забонҳои эронӣ, аз ҷумла суғдӣ ва портӣ ба назар мерасанд. Дар асоси таҳлили мисолҳои аз таърихномаҳои асрҳои X—XIII дастаҷамъинамуда, хулосаҳои зерин бароварда шуданд: гурӯҳи аввал воҳидҳои фразеологие, ки дар забони насри таърихии асрҳои X—XIII вомехӯранд ва имрӯз низ ҳамчун унсурҳои фаъоли забони тоҷикӣ истифода мешаванд; гурӯҳи дуюми воҳидҳои фразеологие, ки дар забони муосири тоҷикӣ бо тағйироти баъзе ҷузъҳо вомехӯранд; гурӯҳи сеюм воҳидҳои фразеологие, ки танҳо дар забони таърихномаҳои  асрҳои X—XIII мустаъмал буда, имрӯз аз истифода баромадаанд.

Калидвожаҳо

забони таърихномаҳои асрҳои X-XIII, таркибҳои фразеологӣ, калимаҳои аслан тоҷикӣ, вожаҳои иқтибосӣ, забони суғдӣ, забони портӣ, забони муосири тоҷик

Пайнавишт

1.        Байҳақӣ, Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо С. Муллоҷон. –Душанбе: Бухоро, 2014.-774 с.

2.        Балъамӣ, Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. Бо муқаддима ва тавзеҳоти М. Умаров ва Ф. Бобоев. -Теҳрон, 1380 / 2001.-817 с.

3.        Деҳхудо А. Амсолу ҳикам. Ҷилдҳои 1-4. -Теҳрон: Амири Кабир. 1363. -2064 с.

4.        Деҳхудо А. Луғатнома. Муқаддима. Ба қалами гурӯҳе аз нависандагон. –Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишкадаи Теҳрон, 1373. -405 с.

5.        Жуков В., П. Семантика фразеологических единиц.-М.:ЛЕНАНД. Издание второе, дополненное, 2019. -158 с. 

6.                  Кунин А. В. Англо-русский фразеологический словарь. Изд. 4-е. - М.:. Русский язык, 1984. -944 с.

7.        Маҷидов Ҳ. Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик. –Душанбе: УдТ, 1982. -103 с.

8.        Маджидов Х. Фразеологическая система современного таджикского языка. Монография / Х. Маджидов. - Душанбе, 2006. - 406 с.

9.        Расторгуева В. С., Молчанова Е. К. Среднеперсидский язык // Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. Монография / В. С. Расторгуева, Е. К. Молчанова. -М.: Наука, 1981.- С. 6-147.

10.    Таърихи Систон. Таҳияи матн, муқаддима, тавзеҳот ва феҳристҳо аз М. Имомов ва А. Абдусаттор. –Душанбе: Бухоро, 2014. -352 с.

11.    Фозилов М. Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони ҳозираи тоҷик (фарҳанги фразеологӣ). –Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон. Ҷилди 1, 1963. -952 с.; ҷилди 2, 1964. -802 с.

12.    Фозилов М. Фарҳанги зарбулмасал, мақл ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ. Ҷилди 3. –Душанбе: Нашри Камол, 2014. -638 с.

13.    Ҳасанзода А. Корбурди луғоти ҳаммаъно дар «Корномаи Ардашери Бобакон» // Асолати забон ва маҳорати баён.-Хуҷанд: Ношир, 2018. –С. 29-45.

14.           Ҷурфодиқонӣ, Абушшараф Носеҳ ибни Зафар. “Тарҷумаи “Таърихи Яминӣ”. Муқаддима, таҳия, таҳшия, таълиқот, луғот ва феҳристи Н. И. Ғиёсов. –Хуҷанд: Ношир, 2013.-416 с.

Таърихи нашр

Среда, 12 Январь 2022