Унсури мазмунсозтарини ашъори Зуҳурии Туршезӣ (ваф.1615) доғ, ки дар девони ғазалиёти шоир 574 маротиба корбаст шудааст, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Таъкид мегардад, ки шоир ба ин калима тобишҳои маъноию услубии нав эҳдо мекунад, ба калима тавони тоза мебахшад ва бо ин роҳ мазмуни тоза меофарад. Муқоисаи ашъори Зуҳурӣ ва Бедил дар бобати истифодаи калимаи доғ сурат гирифтааст. Зикр шудааст, ки дар шеъри ӯ низ калимаи доғ аз ҷумлаи вожаҳои серистеъмол аст. Ҷадвали “Теъдоди истифодаи вожаҳои калидӣ дар девони Зуҳурӣ” пешниҳод гардидааст, ки 76 вожаро дар бар мегирад. Басомади истифодаи вожаҳои калидӣ аз 50 бор (ришта) то 1830 борро (дил) ташкил кардааст. Зуҳурӣ калимаи доғро бо вожаҳои ҳайронӣ, ваҳм, ҷаҳл, муҳаббат, ибрат, фурсат, хомӯшӣ, таманно, сӯхтан ҳамнишин месозад, ки онҳо то андозае ба маънои вожаи калидӣ тавсеа ва тақвият мебахшанд.
сабки ҳиндӣ, сабкшиносӣ, эҷодиёти Зуҳурии Туршезӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, калимаҳои меҳварӣ, доғ, маъно, мазмун
1. Азимободӣ, Ҳусайнқулихон. Наштари ишқ. Китоби 3. - Душанбе: Дониш, 1982. – Аз с.782 то с.1180.
2. Аҳмад Гулӣ, Абӯлфазл Маҳдии Иқдам. Оина – мазмунсозтарин унсури шеъри Бедил. – Теҳрон. Қанди порсӣ. – 112 с.
3. Аҳмадӣ, Алиакбар, Ҳафтодар, Ғулобаббоси Ризоӣ, Номдорӣ, Иброҳим. Ошноизудоӣ ва нақши он дар халқи шеър. Маҷаллаи Сухан. - Теҳрон. -№ 2. Зимистони 1392. – 122 с.
4. Бедил, Абдулқодир.Осор.Ҷилди 8.-Душанбе:Адиб, 2011.- 856 с.
5. Зарринкӯб, Абдулҳусайн. Бо корвони ҳулла.-Душанбе: Пайванд, 2004. - 332 с.
6. Зеҳнӣ Турақул. Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ.-Сталинобод:Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1960. - 260 с.
7. Зуҳурии Туршезӣ. Девони ғазалиёт. Бо таҳқиқ ва тасҳеҳи дуктур Асғари Бобосолор/ Зуҳурии Туршезӣ. – Теҳрон: Китобхона, музей ва маркази асноди маҷлиси Шӯрои исломӣ, 1390. – 1642 с.
8. Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеӣ. Сувари хаёл дар шеъри форсӣ. –Теҳрон: Сухан, 1363. - 712 с.
9. Кадканӣ, Шафеӣ. Растахези калимот. Дафтари гуфторҳо дар бораи назарияи адабии суратгароёни рус. - Теҳрон: Сухан, 1391. – 654 с.
10. Кадканӣ, Шафеӣ. Шоири оинаҳо. - Теҳрон: Огоҳ, 1366. – 342 с.
11. Миқдодӣ, Баҳром. Фарҳанги истилоҳоти нақди адабӣ. Чопи аввал.-Теҳрон: Интишороти фикри рӯз, 1378. – 556 с.
12. Наҳовандӣ Абдулбоқӣ. Маосири Раҳимӣ. Бахши сеюм. Зиндагиномаҳо. - Теҳрон: Муассисаи чоп ва интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1381.- 1456 с.
13. Футӯҳӣ, Маҳмуд. Балоғати тасвир. – Теҳрон: Сухан, 1385. - 464 с.
14. Шарипов Ш.Р. Навпардозиҳои Зуҳурии Туршезӣ дар жанри ғазал. - Душанбе: ҶДММ «Сармад-Компания», 2020. – 98 с.
15. Шарипов, Ш.Р. Равишҳои ошноизудоӣ дар ғазалиёти Зуҳурии Туршезӣ/маҷ.Паёми Донишкадаи забонҳо. - Душанбе: Лингвопарк, 2017, - № 2-3(26-27). – 186 с.
16. Яҳёи Кордгар. Дугонагии сабк дар сабки ҳиндӣ//Фаслномаи мутолеоти Шибҳи Қора. Донишгоҳи Сиистон ва Булуҷистон. - №6, 1390. - 114 с.