0.0/5 овоз (0 овозҳо)

БАҲРИДДИН АЗИЗӢ ВА БАҲС ДАР АТРОФИ “НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК”-И САДРИДДИН АЙНӢ

Муаллиф (он)

Носиров О.О.

Чакидаи мақола

Яке аз аввалин тақризҳо ба “Намунаи адабиёти тоҷик” ин тақризи ҳамноми Б.Азизӣ ба шумор меравад. С.Айнӣ низ ба тақризи Азизӣ бо мақолае бо унвони “Ҷавоб ё мубоҳаса” ҷавоб гардондааст. Дар тақризи Азизӣ перомуни хатоҳои имлоӣ ва мантиқии асар сухан меравад. Дар тақриз перомуни макони тавлиди Хиҷлат ном адиб, хато рафтани тахаллуси Алишер Навоӣ ва бидуни назари танқидӣ истифода шудани тазкираҳо баҳс рафтааст. Дар умум тақризи “Намунаи адабиёти тоҷик”- Б.Азизӣ барои равшан кардани раванди нақди адабӣ, вазъи адабиёту шеър, муносибати хайрхоҳона ва ё бадхоҳонаи чеҳраҳои адабӣ ба адабиёту тақдири миллати тоҷик, фазои эҷодӣ, бозтоби чеҳраҳои равшани илму адаби тоҷик то ҷое хизмат хоҳанд кард. Тақризи Азизӣ дар раванди омӯзиши адабиёт ва нақди адабии солҳои 20-и асри ХХ яке аз сарчашмаҳои арзишманд маҳсуб мешавад.

Калидвожаҳо

адабиёти тоҷик, забони тоҷикӣ, Баҳриддин Азизӣ, насри тоҷик, жанри ҳикоя, тақриз, адабиёти асри бист, нақди адабӣ, “Намунаи адабиёти тоҷик”, Садриддин Айнӣ

Пайнавишт

1.        Азизӣ Б. Намунаи адабиёти тоҷик// Овози тоҷик. – 1927. – 23 феврал, 2 март, 8 март.

2.        Айнӣ С. Ҷавоб ё ин ки мубоҳаса// Овози тоҷик. – 1927, 19-20 март.

3.        Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик. – Душанбе: Адиб, 2010. – 448 с.

4.        Айнӣ С. Мунтахаби асарҳои илмӣ. (Асарҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ). – Душанбе: Дониш, 2008. - 406

5.                  Аъзамзод С.  Адабиёт ва маърифати нақд. Маҷмӯаи мақолаҳо. – Хуҷанд: Анис, 2012. – 198 с.

6.        Абибов А. Ганҷи Зарафшон. – Душанбе: Адиб, 1996. – 544 с.

7.        Демидчик Л.Н.Таърихи адабиёти советии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1978. – 309 с.

8.        Икромӣ Ҷ. Намунаи адабиёти тоҷик// Роҳбари дониш.-1929.-№12;

9.        Икромӣ Ҷ. Сухан ба ман // БАС. – 1933. – №8-9.

10.    Икромӣ Ҷ. Он чӣ аз сар гузашт // Садои шарқ. – 1986. –№4.

11.    Маҳмадаминов А. Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ.– Душанбе:  Сино, 1998. – 201 с.

12.    Набиев А. Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷики солҳои 20-30 садаи ХХ. – Душанбе: Ирфон, 2004. – 312 с.

13.    Раҷабӣ М. Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ. Асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷкии марҳалаи якуми шӯравӣ. Солҳои 1920-1954. – Душанбе: Адиб, 1997. – 176 с.

14.    Шукуров М. Пантуркизм ва сарнавишти таърихи тоҷикон. – Душанбе: Адиб, 2012. – 304 с.

15.    Ҳодизода Р. Аз гузашта ва ҳозираи адабиёти тоҷик. –Душанбе: Ирфон, 1974. – 144 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 15 Ноябрь 2021