0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ҚАЛЪАИ ХУҶАНД

Муаллиф (он)

Раҳимов Н.Т.

Чакидаи мақола

Натоиҷи ҳафриёти солҳои 2020 дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд пешниҳод шудааст. Ковтукови археологӣ дар мавзеҳое гузаронида шуданд, ки дар онҳо корҳои барқарорсозӣ ба нақша гирифта шудааст.Дар озмоишҳои санҷишӣ қабатёбандии ёдгорӣ муайян карда шуд.  Дар озмоиши санҷишии дигар сафолпораҳои асрҳои III-II т.м. ва як қисми девори қадим ба қайд гирифта шуд.Дар байни бозёфтҳо сафолпораҳо зиёданд. Зарфҳо тунук ва деворҳояш ангоби сурх дорад. Бозёфтҳо ба сафоли антиқаи дигар ёдгориҳои Осиёи Миёна қаробат доранд.

Ҳафриёти бостоншиносӣ дар Қалъаи Хуҷанд маводи муҳим доир ба қабатбандии ёдгорӣ дод. Хусусан, кашфи қабатҳои мадании мансуб ба миёна ва нимаи дуюми ҳазорсолаи 1 т.м. аҳамияти калон дорад. Маводҳои ба даст омада шаҳодат медиҳанд, ки зери қалъаи ҳозира боқимондаҳои шаҳраки кадимае мавҷуд будааст. Ин бори дигар тасдиқ намуд, ки дар зери Хуҷанди имрӯза шаҳри Искандарияи Ақсои аз ҷониби Искандари Мақдунӣ дар соҳили Сирдарё бунёдшуда ҷойгир аст.

Калидвожаҳо

Қалъаи Хуҷанд, корҳои саҳроӣ, ҳафриёт, стратиграфия, сафоли антиқа, Искандарияи Ақсо

Пайнавишт

1.        Алкин И. Средняя Азия. Экономо-географический очерк. - М., 1931. - 392 с.

2.        Беляева Т.В. О работе Ленинабадского отряда в 1976 году//Археологические работы в 1976 году. - Вып.16 (1976). - Душанбе, 1982. - С.263-281.

3.        Взятие Ходжента //Военный сборник. №7.- Русское военное обозрение: Бухарские дела. - СПб., 1866. - С.89-103

4.        Исомиддинов М. Стратиграфия городища Коктепа и некоторые вопросы истории и культуры Согдианы эллинистического периода //Традиции Востока и Запада в античной культуре Средней Азии. - Ташкент, 2010. - С.131-140

5.        История таджикского народа. В 6-ти томах. Т.4. - Душанбе, 2010. - 1124 с.

6.        Марков Е.Л. Россия в Средней Азии: очерки путешествия по Закавказью, Туркмении, Бухаре, Самаркандской, Ташкентской и Ферганской областям, Каспийскому морю и Волге. — СПб., 1901.

7.        Негматов Н.Н. Ходжент. Основные этапы истории//Исследования по истории и культуре Ленинабада. - Душанбе, 1986. - С.3-15.

8.         Рахимов Н.Т. Раскопки в Худжандской крепости в 1992 году //Археологические работы в Таджикистане. Вып.40. - Душанбе, 2019. - С.356-360.

9.         Рахимов Н.Т., Бободжонова М.  К истории водоснабжения Худжандской крепости// Вестник Исторического музея Согдийской области. Вып.5.- Худжанд, 2019. - C.23-32.

10.    Negmatov N.N., Belyaeva T.V. Archaic Khojent-Alexandria Eskhata: (To the problem of the Syr-Darya basin urbanization)//Jornal of Central Asia (Islamabad). - 1986. - Vol.9. #2, pp.41-54.

Таърихи нашр

Четверг, 01 Июль 2021