0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АГЕНТИИ СИЁСИИ РОССИЯ ВА ИСЛОҲОТИ БУХОРО

Муаллиф (он)

Розиқзода А.Ш.

Чакидаи мақола

Сухан дар бораи таъсир ва дахолати Агентии сиёсии Россия ба ҳаёти сиёсии Аморати Бухоро, бахусус нақшу мавқеи ин ниҳод нисбат ба ислоҳот дар аморат рафта, бо мисолҳои мушаххас мавқеи духура, зиддидемократӣ ва душманонаро ишғол кардани он собит карда шудааст. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ Аморати Бухоро яке аз давлатҳои ғайримустақил, қафомондаю истибдодии Осиёи Миёна маҳсуб меёфт. Баъди вассали Россияи подшоҳӣ гаштани он дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии аморат дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Вале тарзи қафомондаю мустабидаи идоракунии сулолаи Манғития ва муқобилияти сарсахтонаи қувваҳои иртиҷоӣ, хусусан муллоҳои ҷоҳилу мутаассиб монеаи асоси рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар гардида буд. Нерӯҳои солимфикр, маорифпарварон, ҷадидон-тараққихоҳон зарурати гузаронидани ислоҳотро эҳсос намуда, ба муқобили режими мавҷуда ба майдон даромаданд. Россияи подшоҳӣ зимоми ислоҳотро ба дасти худ гирифта, ҷараёни онро мулоиму муътадил гардониданӣ шуд. Ҳамчунин мавқеи номуайян, муносибати духӯра ва баъзан душманонаи Агентии сиёсии Россия дар таҳияи лоиҳаи ислоҳот (ки ниҳоят танҳо дар коғаз монда, амалӣ нагашт), истиқболи гарми ҷадидон аз он ислоҳот ва натиҷаи фоҷеабори он қайд мегардад. Веле амиру ҳукуматаш бо такя ба қувваҳои иртиҷоию муҳофизакор ба муқобили ислоҳотхоҳон баромаданд ва дар заминаи зиддияти байни ин қувваҳои оштинопазир фоҷиаҳои зиёде рух доданд.

Калидвожаҳо

Бухарский эмират, эмирское правительство, политическое агентство России в Бухаре, российский агент А.Я. Миллер, генерал-губернатор Туркестана, реакционные священнослужители, джадиды, реформа

Пайнавишт

1.        Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. - Душанбе: Адиб, 1987. - 240 с.

2.                  Айнӣ С. Таърихи амирони манғитияи Бухоро //Куллиёт. Ҷ.10. - Душанбе: Ирфон, 1966. - 326 с.

3.        Айнӣ С. Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам //Акнун навбати қалам аст. Осори баргузида дар ду ҷилд. Ҷилди якум. - Душанбе: Ирфон, 1977. - С.13-98.

4.        Бухара в 1917 году. Drevlit.ru. – Библиотека древних рукописей.-38с. Интер. Ресурс. (Санаи муроҷиат: 11.03.2021).

5.        Ишанов А.И. Победа народной советской революции в Бухаре. – Ташкент, 1957. - 270 с.

6.        Красный архив. 1927. Журн.Т.1.(20).

7.        Миллер А.Я. Википедия (Санаи муроҷиат: 15.02.2021).

8.        Хотамов Н.Б. Свержение эмирского режима в Бухаре. - Душанбе, 2018. - 331 с.

9.        ЦГА Республика Узб. Ф.И.3. Оп. 2. Д.442. л. 33, Д.513. лл. 8, 30-31.

10.    ЦГА Республика Узб. Ф.И.3. Оп. 2.Д.528. л.1.

Таърихи нашр

Понедельник, 10 Январь 2022