0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Зикри ҷашни Сада дар ашъори шоирони арабизабони форсу тоҷик (қарнҳои IX-X)

Муаллиф (он)

Ҳомидиён Ҳикматшоҳ Комилӣ

Чакидаи мақола

Анъанаи таҷлили ҷашнҳои бостонии Эрон – Сада ва Наврўз баъди барқарор гардидани  ислом дар Эрони Ғарбӣ дар қаламрави  давлатҳои Оли Бўя ва Оли Зиёр дар асоси эҷодиёти  шоирони  арабисарои эронитабор ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки анъанаҳои халқҳои эронитабор ба адабиёти  араб таъсири назаррас расонидаанд, ки дар ин бобат вуруди  унсурҳои лексикии форсӣ ба забони арабӣ, аз ҷумла номҳои  идҳои Сада, Меҳргон, Наврўз дар гунаҳои муарраби Садақу Меҳрҷон ва Найруз шаҳодат медиҳанд.Ашъори ба ҷашни Сада бахшидаи  шоирони арабисарои эронитабор  Меҳёри  Дайлами, Абулқосим ал-Матраз баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки ба ҷашнҳои қадимаи эронӣ  на танҳо асарҳои манзум, инчунин рисолаҳои мансур низ бахшида шудаанд, ки намунаи он “Китоб-ул-аъёд ва фазоили-л-Найруз”-и вазири Оли Бўя Соҳиб ибни Аббод мебошад.

Калидвожаҳо

давраи арабизабони адабиёти  форсу тоҷик,  шоирони арабисарои форсу тоҷик, Меҳёри Дайламӣ, Абулқосим ал-Матраз, ҷашни Сада, ҷашни Навруз, таъсир ба фарҳанги арабӣ

Пайнавишт

1. ал-Бохарзӣ, Абутайиб. Думят-ул-қаср ва усрату аҳл-ил-қаср. 3-аҷзо. Байрут. Дор-ул-ҷил, 1415.

2. Тавҳидӣ, Абуҳаён Алӣ ибни Аббос. ал-Имтиноъу ва-л-муонаса. 3-аҷзо. ал-Қоҳирату, 1939-1944.

3. ас-Саоълибӣ, Абдулмалик ан-Найсобурию. Ятимат-уд-даҳр фӣ маҳосии аҳл-ил-ъаср. 7-аҷзо. Таҳқиқу Муфид Муҳаммад. ал-Қоҳирату. Дор-ул-кутуб-ил-имия. 2000.

4. ал-Ҳамавӣ, Ёқут Шаҳобиддин. Муъҷам-ул-удабо. 20-аҷзо. ат-Табъат-ус-сонияту. Байрут, Дор-ул-фикр, 1980м/1400қ.

5. Собӣ, Ҳилол ибну Муҳсин. Китоб-ул-вузаро. Таҳқиқу Абдуссатор Аҳмад Фараҷ, -Миср, бе то, 1938.

6. Ибн ал-Адим. Миҳёр. Дивону Миҳёр ад-Дайламӣ. Ҷузъу 3. Димашқ, 475с.

7. Ибн ал-Адим. Умар убну Аҳмад. Зубдат-ул-ҳалаб  мин торихи Ҳалаб. Ҷилду 1. 739с.

8. Ибн ал-Асир, Алӣ ибни Муҳаммад. ал-Комилу фи-т-торих. Ҷузъу 8. 159с.

9. Мискавайҳ, Абуалӣ ар-Розӣ. Таҷориб-ул-умам. 7-аҷзо. ат-Табъату-с-соният. Таҳқиқу Абулқосим Имомӣ, Сурӯш, Теҳрон 1379ш.

10. аз-Зуҳайрӣ, Маҳмуд Ғановӣ. ал-Адабу фӣ зилли банӣ Бувайҳ. ал-Қоҳирату, 1368, 380с.

Таърихи нашр

Четверг, 23 Январь 2020