0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Сарчашмае нодир дар нисбашиносӣ

Муаллиф (он)

Насриддинов Фахриддин Абдуманонович

Чакидаи мақола

Мақола дар муаррифии ҳамаҷонибаи "ал-Ансоб"-и Абўсаъд Абдулкарими Самъонӣ (1112-1166), ки муҳимтарин ва ҷомеътарин китоб дар нисбашиносии олами мусулмонӣ  дар қуруни вусто ба шумор меравад, таълиф ёфтааст. Дар оғоз аз аҳамияти нисбашиносӣ ва муҳимтарин сарчашмаҳои илми ансоб, ки то давраи Самъонӣ ба қалам омадаанд, сухан рафтааст. Сипас, дар меҳвари мақола масъалаҳои таърихи таълиф, сохту мундариҷа, усули тавзеҳу шарҳи нисбаҳо, сарчашмаҳо, нусхаҳои хаттӣ, мақоми илмии "ал-Ансоб" ва ғ. батафсил баҳсу таҳлил ёфтаанд. Дар қисмати охири мақола талхисҳо ва тарҷумаву нашрҳои ин сарчашма, аз ҷумла талхиси Ибни Асир, Ҷалолуддини Суютӣ (қарнҳои XV-XVI) баррасӣ гардида, аҳамияти илмии ин манбаъ баён ёфтааст.

Калидвожаҳо

Илми ансоб, Самъонӣ, "ал-Ансоб", нисбашиносӣ, осорӣ хаттӣ, талхис, тарҷума, нусхашиносӣ, сарчашма

Пайнавишт

1.         Ёқути Ҳамавӣ, Абўабдуллоҳ Ёқут ибни Абдуллоҳ ал-Ҳамавӣ. Муъҷам-ул-булдон. – Бейрут: Дору Содир, иборат аз ҳафт ҷилд.

2.         Заҳабӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад. Сияру аълом ан-нубало. – Бейрут: Муассисат-ур-рисола, 1985, иборат аз бисту панҷ ҷилд.

3.         Зириклӣ, Хайриддин. ал-Аълом. – Бейрут: Дор-ул-илм ли-л-малойин, 2002, иборат аз ҳашт ҷилд.

4.         Ибни Асир, Иззуддин ибни Асири Ҷазарӣ. ал-Лубоб фӣ таҳзиб ал-Ансоб. – Бағдод: Мактабату Мусанно, иборат аз се ҷилд.

5.         Ибни Халликон, Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад. Вафийёт-ул-аъён. – Бейрут: Дор-ул-кутуб ал-илмийя, 1998, иборат аз шаш ҷилд.

6.         Карл Броккелман. Таърих ал-адаб ал-арабӣ. – Риёз: Мактабат-уш-шомила, 2004, иборат аз шаш ҷилд.

7.         Қифтӣ, Ҷамолуддин Абулҳасан Алӣ ибни Юсуф. Инбоҳ-ур-рувот. – Қоҳира: Дор-ул-фикр ал-арабӣ, 1986, иборат аз чаҳор ҷилд.

8.         Самъонӣ, Абдулкарим ибни Муҳаммад. ал-Ансоб / Бо муқаддима ва таълиқоти Абдуллоҳ Умар ал-Борудӣ. – Бейрут: Дор-ул-ҷинон, 1988, иборат аз панҷ ҷилд.

9.         Самъонӣ, Абдулкарим ибни Муҳаммад. ал-Ансоб / Бо ҳавошии Муҳаммад Абдулқодир Ато. – Бейрут: Дор-ул-кутуб ал-илмия, 1998, иборат аз панҷ ҷилд.

10.       Самъонӣ, Абдулкарим ибни Муҳаммад. ал-Ансоб / Тасҳеҳ ва таълиқи Шайх Абдурраҳмон ибни Яҳё ал-Муалламии Ямонӣ. – Ҳайдаробод, 1962, иборат аз дувоздаҳ ҷилд.

11.       Субкӣ, Тоҷуддин Абўнаср Абдулваҳҳоб ибни Алӣ. Табақот-уш-шофеия ал-кубро. – Қоҳира: Дору эҳё ал-кутуб ал-арабӣ, иборат аз даҳ ҷилд.

12.       Умар Ризо Каҳҳола. Муъҷам-ул-муаллифин. – Бейрут: Дору эҳё ат-турос ал-арабӣ, 1957, иборат аз понздаҳ ҷилд.

13.       Фарҳанги осор. Ба сарпарастии Аҳмад Самеии Гелонӣ. – Теҳрон: Суруш, 1375.

14.       Фуод Сазгин. Таърих-ут-турос ал-арабӣ. – Риёз: Дор-ус-сақофати ва-н-нашр, 1991, иборат аз даҳ ҷилд.

15.       Ҳоҷӣ Халифа, Мустафо ибни Абдуллоҳ. Кашф-уз-зунун. – Бейрут: Дор-ул-кутуб ал-илмийя, 2005, иборат аз се ҷилд.

16.       Юсуф Иллион Саркис. Муъҷам-ул-матбуот ал-арабийя. – Қоҳира: Мактабат-ус-сақофа ад-динийя, иборат аз ду ҷилд.

17.       Яҳё Маҳмуд ибни Ҷунайд. Абўсаъд ас-Самъонӣ ва оламийят-ус-сақофа ал-арабийя. – Риёз: Марказ-ул-буҳус ва-т-тавосул ал-маърифӣ, 2017.

Таърихи нашр

Четверг, 23 Январь 2020