Мақола ба таҳқиқ ва таҳлилу баррасии раванди тарҷумаи ашъор дар қарнҳои X-XII аз забони арабӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва аз забони тоҷикӣ ба забонӣ арабӣ бахшида шудааст. Муаллиф, пеш аз ҳама, сарчашмаҳо ва маъхазҳое, ки фарогири тарҷумаи ашъори шоирони зуллисонайн мебошанд, муайян намуда, омилҳо ва роҳу воситаҳои зуҳури тарҷумаи ашъорро дар мисоли тарҷумаи абёти шоирони асримиёнагӣ таҳқиқу баррасӣ намудааст. Муаллиф собит намудааст, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ ашъори зиёди парокандаро метавон дарёфт намуд, ки аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба забони арабӣ ва баръакс зимни нақли ҳодисоту воқеоти таърихӣ нақлу тарҷума шудаанд, вале на ҳама вақт мутарҷимон аз муаллифони ашъор ва ё бо овардани матни аслии он аз тарҷума будани ин ашъор хабар додаанд. Дар мақола тарҷумаи ашъори якчанд шоирони зуллисонайн, аз ҷумла тарҷумаи шеърҳои арабии Ибн ар-Румӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҷониби Рӯдакиву Шаҳидӣ Балхӣ ва тарҷумаи абёти форсӣ-тоҷикии Мантиқии Розиву Абӯшакури Балхӣ ба забони арабӣ аз ҷониби Бадеуззамони Ҳамадониву Абулфатҳи Бустӣ ҳамчун намуна таҳлилу баррасӣ гардида, бо ин мисолҳо ҳаракати дуҷониба доштани раванди тарҷумаи осори манзумро муайян намудааст.
осори манзум, тарҷумаи ашъори арабӣ, «Ятимат‐уд‐даҳр»‐и Саолибӣ, “Тарҷумон ул-балоға”-и Родиёнӣ, “Лубоб ал-албоб”-и Муҳаммад Авфӣ, Мантиқии Розӣ, Абулфатҳи Бустӣ, Ибн ар-Румӣ, тарҷумаи озод
1. Абдусаттор. Абдушукур. Фарҳанги арабӣ ва адабиёти аҳди Ғазнавиён. -Душанбе: «Бухоро», 2015. - 430с.
2. Мардонӣ, Тоҷиддин. Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Ҷам (гузашта ва имрӯз). – Душанбе: Ирфон, 2010. – 236 с.
3. Авфӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад. Лубоб-ул-албоб. Аз рӯи тасҳеҳи Э. Браун. Бо муқаддимаи Муҳаммад Қазвинӣ ва таҳқиқоту таълиқоти Саид Нафисӣ. - Теҳрон: Ҳирмис, 1389. - 1082с.
4. Ар-Родиёнӣ. Муҳаммад ибни Умар. Тарҷумон-ул-балоға. Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми профессор Аҳмад Оташ ва интиқоди Маликушшуаро Баҳор. – Теҳрон: Асотир, 1949. -290с.
5. Ёқути Ҳамавӣ. Муъҷам-ул-удабо. Тарҷума ва вироиши Абдулмуҳаммад Оятӣ.-Теҳрон: Суруш,1381. Ҷ.1-2. - 1392с.
6. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Нашриёти давлатии Тоҷикистон. - Сталинобод, 1958. - 405с.
7. ас-Саолибӣ, Абимансур. Ятимат-уд-даҳр фӣ маҳосин аҳл‐ал‐аср. Муҳаққақ Муфид Муҳаммад Қамиҳа. Ҷ.1-6. – Бейрут: Дорул кутубил илмиййа, 1460.
8. Сафо, Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ.1. - Теҳрон: Интишороти Фирдавсӣ, 1371, - 816с.
9. Имодуддини Исфаҳонии Котиб. Харидат-ул‐қаср ва қаридат‐ул‐аср. Муҳаққақ Муҳаммадбеҳҷат ал-Асрӣ ва Ҷамил Саъд. Ҷ.1-20. Бағдод: матбуот ал‐ҷамъ ал‐илмӣ ал‐ироқӣ, 1375/1955.
10. Ровандӣ, Муҳаммад ибни Алӣ. Роҳат‐ас‐судур ва оят‐ас‐сурур. Бо саъю эҳтимоми Муҳаммад Иқбол. –Теҳрон: Асотир, 1385. -648с.