5.0/5 овоз (1 овозҳо)

Морфемаи омонимии флективии “-er” дар забони англисӣ ва муодилҳои тоҷикии он

Муаллиф (он)

Усмонова Малоҳат Эҳсоновна

Чакидаи мақола

Мақола ба омӯзиши хусусиятҳои омоморфемаи флективии “-er” дар забони муосири англисӣ ва муодилоти тоҷикии он бахшида шудааст. Дар мақола зикр гардидааст, ки оморфемаи “-er” хусусияти исмсозӣ ва сохтани шакли синтетикии дараҷаи қиёсии сифатро дорост. Омоморфемаҳои “-ӣ” ва “-ак” ва пасвандҳои “-гар” ва “-тар” муодилҳои омоморфемаи “-er” мебошанд. Тадқиқот нишон додааст, ки дар забони муо¬сири англисӣ омоморфемаи флективии “-er  пасванди сермаҳсул ба ҳисоб рафта, исмҳои маънои ифодакунандаи иҷрокунандаи амал ва иҷроиши амал тавассути ягон олатро ифода мекунад. Дар забони муосири тоҷикӣ омоморфемаҳои ифодакунанда иҷрои амал тавассути ягон олат ва умуман иҷрокунандаи амал миқдоран зиёд мебошанд. Муаллиф ишора менамояд, ки  чунин омоморфемаҳои забони тоҷикӣ назар ба забони англисӣ вази¬фа¬ҳои гуногунро иҷро намуда, дорои хусусияти на танҳо исмсозӣ, балки созмон додани дигар ҳиссаҳои нутқ низ  ҳастанд. Доираи вазифаҳои омоморфемаи флективии “-er” бошад назар ба муодилҳои тоҷикии он маҳдуд буда, тавассусти он танҳо исм  ва дараҷаи қиёсии сифат созмон дода мешавад.

Калидвожаҳо

омоморфемаи флективии “-er”, муодили тоҷикӣ, пасванд, сифати аслӣ, дараҷаи қиёсӣ, шаклҳои синтетикӣ ва аналитикӣ, маънои иҷрокунандаи амал  

Пайнавишт

1. Аҳмадова Ӯ. Аффиксҳои муштараквазифа ва мавқеи онҳо дар таълими забони модарӣ // Мактаби советӣ, 1970. – № 9. –С. 7-11

2. Арбекова Т.И. Лексикология английского языка: учебное пособие. – М., 1977. – 240 с.

3. Зятковская Р.Г. Суффиксальная система современного английского языка. – М., 1971. – 200 с.

4. Каращук Л.М. Аффиксальное словообразование в английском языке. – М., 1965. –175с.

5. Рустамов Ш. Исм. Категорияҳои грамматикӣ, калимасозӣ ва мавқеи исм дар системаи ҳиссаҳои нутқ. – Душанбе, 1981. – 210 с.

6. Рустамов Ш. Калимасозии исм. – Душанбе, 1971. – 80 с.

7. Усмонов К. Грамматикаи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Китоби дарсӣ. – Хуҷанд, 2017. – 372 с.

8. Усмонова М., Абдуллоев М. Роҷеъ ба морфемаи омонимии флективии “-ed” дар системаи морфологии забони англисӣ // Армуғони навроҳони илм. Хуҷанд: Нури маърифат,  2017, – 268 с.     

Таърихи нашр

Суббота, 29 Июнь 2019