0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Зуҳури маъноҳои нави вожаҳо дар забони тоҷикони Мовароуннаҳр аз назари Айнӣ

Муаллиф (он)

Ҳасанов Абдуҷамол Ашрапович

Чакидаи мақола

Дар мақола масъалаи дар  забони зиндаи халқ боқимонии иддае аз маъноҳои куҳани вожаву ифодаҳо, инчунин дар байни халқ ба маъноҳои  нав соҳиб гардидани чунин аносири  луғавӣ аз назари С. Айнӣ баррасӣ шудааст. Муаллифи мақола аз таҳлили андешарониҳои Айнӣ ба хулосае  омадааст, ки ин нависанда ва олими забардасти тоҷик дар заминаи маводи фаровони аз забони халқ гирдовардааш ҳанўз дарбаста ва  даст¬норасида будани ин хазинаи беназири калимаву ифодаҳои нодирро  собит кардааст ва ба ин восита гўё тафовути забони тоҷикиро аз қаринаҳои форсии Эрон ва дарии афғонистон нишон додааст. Дар чараёни таҳлили мулоҳизоти С. Айнӣ муаллифи мақо¬ла ба натиҷае расидааст, ки ў ҳамчун луғатнависи моҳир таваҷҷўҳашро ба  пойдор¬монии маънои куҳани вожаҳо дар байни тоҷикон, маҳфузмонии шакли бостонияшон, дар забони зинда ба таҳаввулоти шакл  дугорияшон ва маъноҳои нав касб намудани дастаи калони унсурҳои  луғавии аслии тоҷикӣ ва иқтибосӣ равона кардааст

Калидвожаҳо

таркиби  луғавии забон, таҳаввулоти вожаҳои аслии тоҷикӣ, вомвожа, сермаъноӣ, маъноҳои иловагӣ, забони зинда

Пайнавишт

1.                  Айнӣ С. Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик // Куллиёт. Ҷилди 12. –Душанбе: Ирфон, 1976, 563 с.

2.                  Дарвеш Б. «Чароғи ҳидоят»-и Орзу ва забони тоҷикии форсӣ. -Душанбе: Дониш, 1992. -104 с.

3.                  Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷилди 8. Теҳрон, 1373. 10827-12378 с.

4.                  Қосимова М. Н. Оид ба чанде калимаву ибораҳо дар осори Ҷалолиддини Румӣ // Вазифаи воҳидҳои забон дар  ҷараёни гуфтор. Душанбе, 1996. –С.106-110.

5.                  Қосимӣ М. Бархе аз вижагиҳои вожагони забони тоҷикӣ // Номаи пажўҳишгоҳ (маҷмўаи мақолот). –Душанбе, 2001, № 1. –С.20-41.

6.                  Мақсудов Т. Лексика ва фразеологияи шеваҳои тоҷикони Исфара. –Душанбе: Ирфон, 1977, 164 с.

7.                  Мирзоев А. Фарқҳои семантикии суффикси –ак // Барои адабиёти сотсиалистӣ. 1936. № 10-11. –С.4-7.

8.                  Салимов Ю. Насри ривоятии форсу тоҷик. –Душанбе: Дониш, 1971. -156 с.

9.                  Фарҳанги забони тоҷикӣ –М.: Советская энсиклопедия, 1969. Ҷилди 1. -951с.; ҷилди 2. -949 с.

10.              Хонларӣ П. Н. Дастури таърихии забони форсӣ. Ҷопи аввал. Теҳрон, 1372.

11.              Ҳалимов С. Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои инкишофи забони адабии тоҷик. –Душанбе: Ирфон, 1974. 135 с.

12.              Ҳасандўст М. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Ҷилди чаҳорум (к-йо). –Теҳрон: Нашри осор, 1393. 2081-2955 с.

13.              Ҷўраев Ғ. Мақоми калима дар таркиби луғати лаҳҷа//Сохтор ва корбасти воҳидҳои забони тоҷикӣ.- Душанбе,1999.- С. 42-50.

14.              Шарофиддини Рустам. Давлати Сомониён ва забони адабии тоҷик.- Душанбе, 1999.- 176 с.

15.              Шукуров М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. – Душанбе: Дониш, 1985. – 366 с.

16.              Эшниёзов М. Диалектологияи тоҷик.- Душанбе,  ҷилди 1, 1977, 112 с; ҷилди 2, 1979. -134 с.; ҷилди 3, 1986.- 96 с.

Таърихи нашр

Суббота, 08 Сентябрь 2018