0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Таъсири дин ба ташаккули стереотипҳои гендерӣ: дар маводи шабакаҳои иҷтимоӣ

Муаллиф (он)

Усмонова Зулайхо Миразизовна

Чакидаи мақола

Дар мақола таъсири дин ба ташаккули стереотипҳои гендерӣ дар партави назарияи гендерии таҳияи иҷтимоии гендер мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ба ин мақсад муаллиф раванди таҳкими стереотипҳои анъанавии гендериро ба риштаи таҳлил кашида, гурўҳу намудҳои стереотипҳоеро, ки дар шуури ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, баррасӣ кардааст. Дар чаҳорчўбаи муносибатҳои феминистӣ муносибат­ҳои гендерӣ чун муносибати аз лиҳози иҷтимоӣ муташаккили ҳокимият ва нобаробарӣ тадқиқ шудааст. Дар мақола натиҷаҳои тадқиқоти этнографии муаллиф дар асоси таҳлили маводи шабакаҳои иҷтимоӣ оварда шудааст. Дар онҳо, чи тавре ки маълум аст, истифодабарандагон ақидаашонро нисбатан ошкоро баён мекунанд ва афзалият­ҳоя­шонро изҳор медоранд. Ин нукта ба муҳаққиқ имкон медиҳад робитаи муноси­батҳои гендериро бо дин, диндорӣ, ғайридиндорӣ ва масоили дигар таҳлил намояд. Мушоҳидаю мулоҳиза ва хулосаҳои пешакӣ оид ба таъсири ақидаҳои динӣ ба мустаҳ­кам кардан ё суст кардани стереотипҳои гендерӣ дар ҷамъияти муосири тоҷикон оварда шудааст.

Калидвожаҳо

стереотипҳои гендерӣ, назарияи таҳияи иҷтимоии гендер, дин, шуури ҷамъиятӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет, ҷамъияти тоҷикон

Пайнавишт

1.                  Бурдье П., Мужское господство / Режим доступа: http://bourdieu.narod.ru

2.                  Дюркгейм Э. О разделении общественного труда /Дюркгейм Э. О разделении общественного труда. Метод социологии. - М: Наука, 1991. - С. 3-390.

3.                  Здравомыслова Е., Темкина А. Социальное конструирование гендера: феминистская теория / Введение в гендерные исследования: учебное пособие. Часть 1. - Харьков, ХЦГИ, СПб.: Алетейя», 2001.

4.                  Кечакмадзе Русудан. Гендерные стереотипы у студентов – христиан и мусульман / Основное содержание диссертации, представленной на соискание академической степени доктора философских наук по психологии. - Тбилиси, 2009.

5.                  Ключко О.И. Гендерный подход в социальном познании и образовании. М.-Берлин: Директ-Медиа, 2015/ Режим доступа: https://books.google.nl/books?isbn=5447538432

6.                  Маркс К., Энгельс Ф. Немецкая идеология / Маркс К., Энгельс Ф. Сочинения. Изд. 2. Т. 3. – М., 1955. - С. 7 - 544.

7.                  Усманова З. М. Гендерное измерение традиционной и современной таджикской культуры: дис… д-ра филос. наук. - Душанбе, 2015 / Режим доступа: http://studygur.ru/doc/391953/doc---institut-filosofii--politologii-i-prava-imeni-a

8.                  Хоф Р. Возникновение и развитие гендерных исследований // Пол. Гендер. Культура / Под ред. Э. Шоре, К. Хайдер. - М.: РГГУ, 1999. - С. 23-54.

9.                  Энгельс Ф. Происхождение семьи, частной собственности и государства. В связи с исследованиями Льюиса Г. Моргана. - М.: Политиздат. - С. 70.

10.              Goffman E (1997а). Frame Analysis of Gender. From «The Arrangment Between the Sexes» //Goffman Reader. Lemert C. and Branaman A. (eds.) Blackwell Publ. PP.201-208.

11.              Holly Brewer, List of Gender Stereotypes: http://www.healthguidance.org/entry/15910/1/List-of-Gender-Stereotypes.html)

Таърихи нашр

Суббота, 08 Сентябрь 2018