Мақола ба баррасии вежагиҳои шаҳрошӯб дар осори Сайидои Насафӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар бораи миқдор, вежагиҳои мавзӯӣ ва услубии ин шакли шеърӣ дар эҷодиёти Сайидо изҳори назар намуда зикр мекунад, ки аксари шаҳрошӯбҳои ин шоир дар шакли муфрадот ба қалам омадааст. Матолиби мақола ба чунин хулоса меорад, ки шаҳрошӯби Сайидо аз лиҳози мазмуну мӯҳтаво гуногун буда, ҳунари шоирро дар лутфу иҳом, кинояву маҷоз, муболиғаву иғроқ ва танзу мазҳака низ собит менамояд ва ин ашъор ҳовии маълумоти зиёди мардумшиносӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
шаҳрошӯб, пешаварӣ, мавзуъ, анвоъ, сабк, иҳом, киноя, маҷоз, муболига, танз
1. Маонӣ Аҳмад Гулчин. Шаҳрошӯб дар шеъри форсӣ.- Теҳрон: Амири кабир, 1347, 176 с
2. Малеҳои Самарқандӣ. Тазкираи Музакир-ул-асҳоб. - Душанбе: Пайванд, 2006.- 689 с.
3. Мирзоев А. Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик.- Сталинобод, 1947.- 199 с.
4. Мирзоев А. Шаҳрошӯб ва «Шаҳрошӯб»-и Сайидо// Шарқи Сурх, 1948, № 2, с. 40-49
5. Саъдиев С. Адабиёти тоҷик дар асри ХУ11. –Душанбе, 1985 – 268 с.
6. Девони Сайидои Насафӣ. Бо кӯшиши Ҳасан Раҳбарӣ.- Теҳрон: Алҳудо, 1382.- 556 с.
7. Миробид Сайидои Насафӣ. Асарҳои мунтахаб.- Душанбе: Ирфон, 1977. - 704 с.
8. Афсаҳов А. Иҳом/ Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1, Душанбе, 1988. – 583 с.
9. Сайидои Насафӣ. Куллиёти осор. Зери назари А.Афсаҳзод ва Ҷонфидо. – Душанбе: Дониш, 1990. – 469 с.
10. Мирзоюнус М. Шамъи тироз. Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Маҳастӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2001. – 324 с.