0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Вижагиҳои барномаҳои муосири «Киргиз радиосу»

Муаллиф (он)

Султанова Жыпар Оморовна

Чакидаи мақола

Дар мақола вижагиҳои фаъолияти аввалин радиостансияи қирғиззабони «Қирғиз­радиосу» дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Барномаҳои мушаххаси радиоӣ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Хусусияти зерини асосии  барномаҳои  замони нав номбар шудааст: барномаҳо ба силсилаҳо ва рубрикаҳои муайян  тақсим шуда, асосан дар доираи  онҳо амал мекунанд. Аз оғози мавҷудият ва дар давоми бист соли мустақилияти Қирғизистон радиостансияи асосии «Қирғизрадиосу», ки  ҷонибдори ҳукумат аст, такмил ёфт ва рисолати худ то ба  шунавандагон  расонидани мероси фарҳангии мамлакат ва халқи онро иҷро кард. Радиостансия мутобиқан ба мақсадҳои тарбияи ахлоқии сомеони худ барномаҳои фарҳангию маърифатиро  инкишоф медиҳад. Бегуфтугў, дар давраи пешрафти техника масоили пешбурди захи­раҳои техникӣ ва рушди онҳо хеле тезу тунд мешаванд. Радио кўшиш ба харҷ медиҳад,  ки ба талаботи замон ҷавобгў ва бештар тағйирпазир бошад, масалан теъдоди барномаҳои дар эфир мустақиман паҳншавандаро зиёд намояд.

Калидвожаҳо

ВАО-и Қирғизистон, рўзноманигории радио, мўҳтавои барномаҳои муосири радиоӣ, силсилаи барномаҳои  радиоӣ, пешрафти техникӣ, мерос, қабати  фарҳангӣ

Пайнавишт

1.  В Кыргызстане 2016 год объявлен Годом истории и культуры. Что будет?//Zanoza [Электронный ресурс]. URL:  http://zanoza.kg/doc/330780_v_kyrgyzstane_2016_god_obiavlen_godom_istorii_i_kyltyry._chto_bydet.html   (дата обращения 12.01.2018)

2.  Кыргыз Радиосу. – 2010. –  Жоокерлердин махабаты // Махабат баяны. (номер не проставлен).

3.  Кыргыз Радиосу. – 2010. − Адабият тарыхы. Эмгек ырлалы.

4.  Кыргыз Радиосу. – 2011. − Жалил Абдыкадыров//Жарыгы калган жылды-здар.

5.  Кыргыз Радиосу. – 2011. − С. Раев. Кечиккен жолугушуу.

6.  Кыргыз Радиосу. – 2012. −  Кутмандуу болсун кунунор от 02 сентября.

7.  Кыргыз Радиосу. – 2015. – К. Кокулов. Мансапкордун монологу// «Бейпил тун» от 15 июля.

8.  Смирнов В.В. Жанры радиожурналистики [Электронный ресурс]. URL: http://evartist.narod.ru/text9/40.htm (дата обращения 09.01.2018)

Таърихи нашр

Суббота, 08 Сентябрь 2018