Дар мақола роҷеъ ба мақом ва нақши китоби «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ»-и Тӯрақул Зеҳнӣ – шогирди устод Айнӣ, олими машҳури қарни ХХ, фарҳангнигор, лексиколог, адабиётшиноси маъруф ва муаллифи «Санъати сухан», ки аз бози чоп ба китоби рӯимизии чанд насли суханшиносон табдил гаштааст, баҳс меравад. Муаллифон ин асари Зеҳниро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, онро бо ду асари марбут ба лексикология ва лекикография навиштаи гурӯҳи забоншиносони ДДТ ба номи В. И. Ленин (Душанбе, 1981, зери таҳрири проф. Д.Т.Тоҷиев) ва Қ.Тоҳирова (Душанбе, 1967) қиёс мекунанд. Муаллифон ба хулоса меоянд, ки бо вуҷуди фарқияти ин осор аз якдигар аз лихози мақсад ва вазифаҳояшон, онҳо тавонистанд то андозае он холигоҳе–ро, ки дар лексикологияи тасвирӣ ва лексикологияи таърихии забоншиносии тоҷикии нимаи дуюми қарни ХХ мавҷуд буд, пур кунанд.
лексика, лексикологияи муосири тоҷикӣ, лексикологияи таърихӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, забони дарӣ-тоҷикӣ, «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ».
1. Зеҳнӣ Тӯрақул. Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ. –Душанбе: Дониш, 1987. -236 с.
2. Зеҳнӣ Тӯрақул. Санъати сухан. –Душанбе: Адиб, 2007. -400 с.
3. Зеҳнӣ Тӯрақул. Суханварони сайқали рӯи замин. –Душанбе: Ирфон, 1973. -248 с.
4. Зеҳнӣ Тӯрақул. Чанд сухани судманд. Маҷмӯаи мақолаҳо. –Душанбе: Ирфон, 1984. -160 с.
5. Тоҳирова К. Лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе, Маориф, 1967.
6. Забони ҳозираи тоҷик. Лексика. Муҳаррири масъул проф. Д.Т. Тоҷиев. – Душанбе: УДТ, 1981. – 103 с.
7. Фарруха Зеҳнӣ, Парвин Олимова. Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон. –Душанбе: Ирфон, 2007. -216 с.
8. Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри Х то ибтидои асри ХХ). Иборат аз ду ҷилд. - М.: Советская энциклопедия, 1969.