0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Умумият ва тафовути мавзўи новеллаҳои Ҳаким Карим ва Маҳмуд Темур

Муаллиф (он)

Додихудоев Раҷабалӣ

Чакидаи мақола

Новеллаҳои нависандаи тоҷик Ҳаким Карим ва нависандаи мисрӣ Маҳмуд Темур мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст. Тавсифи воқеӣ ва айнии ҳаёти ду халқ боиси умумияти  ҳикояҳои ду нависанда гардидаанд. Таҳлили қиёсии эҷодиёти Ҳаким Карим ва Маҳмуд Темур собит менамояд, ки ҳам дар адабиёти имрўзаи тоҷик ва ҳам дар эҷодиёти муосири араб падидаҳои адабию эстетикии мушобеҳ хеле зиёданд. Таҳқиқу омўзиши онҳо моро ба решаҳои муштараки ин ду адабиёт, пайванди ҳазорсолаи онҳо, равобити босамари адабӣ ва таъсири мутақобилаи фарҳанги қадимаи Арабу Аҷам бештар ва амиқтар ошно месозад. Навҷўӣ ва навовариҳои Ҳаким Карим ва Маҳмуд Темур дар  инкишофи новеллистикаи тоҷикӣ ва арабӣ бевосита ба инкишофи наҳзати тарҷумонӣ ва, махсусан, тарҷумаи осори нависандагони маъруфи новелла¬нависи насри реалистии русию аврупоӣ алоқаманд мебошад. Дар раванди наҳзати мазкур натанҳо асарҳои ҷудогона ба забонҳои тоҷикию арабӣ тарҷума шудаанд, балки қолабҳои адабӣ, шеваҳои тасвир ва жанру навъҳои тозаи адабӣ ҳам ба адабиёти ин халқҳо ворид гардид, ки онҳоро метавон ба ҳайси омилҳои муҳими инкишофи насри бадеӣ ҳам дар адабиёти тоҷик ва ҳам дар адабиёти араб ба шумор овард. Дар мақола инчунин тафовути эҷодиёти Ҳаким Карим ва Маҳмуд Темур ва вижагиҳои новеллаҳои онҳо, ки аз тафаккури гуфтугўии нависандагон дар ин мавзўъ ва сохтани образҳо вобастагӣ доранд, оварда шудааст.

Калидвожаҳо

Ҳаким Карим, Маҳмуд Темур, адабиёти муқоисавӣ, новелла, сюжет, усул

Пайнавишт

1.    Арабские писатели о русской и советской литературе. Махмуд Темур (Египетский р-н ОАР) // Современный Восток. – 1958. – №9.

2.    Египетские новеллы [Электронный ресурс]. URL: http://litresp.ru/chitat/ru/Т/tejmur-mahmud/egipetskie-novelli/2

3.    Махмуд Темур. Египетские новеллы [Электронный ресурс]. URL: https://profilib.com/chtenie/120081/makhmud-teymur-egipetskie-novelly.php

4.    Каримзода, Ҳ. Оқшуда /Ҳ. Каримзода.–Душанбе: Ирфон, 1965.– 370 с.

5.    Кирпиченко, В.Н. Современная египетская проза (60-70-е гг.) / В.Н. Кирпиченко. – М.: Наука, 1986. – 293 с.

6.    Сайфуллоев, А. Ҳаким Карим / А. Сайфуллоев – Хуҷанд: Хуросон, 2005. 343 с.

7.    Табаров, С. Ҳаёт, адабиёт, реализм / С. Табаров. Китоби дуюм.Душанбе: Ирфон, 1978.224 с.

8.    Темур, М. / Ташикуф адиб- ул-қисса ал-инсония кайфа арифата ? / М. Темур // ал-Ҳилол, 1920, № 3.

9.    Темур, М. Аш-Шайх Саййид ал-абит ва ақосис ухро. / М. Темур. -Миср: ал-Матбаат-ул-салафия, 1926. – 216 с.

10.         Хамраев, Дж. Таджикская литературная критика в 60-80-х годах XX века: автореф. дисс… д-ра филол. наук / Дж. Хамраев.Душанбе, 2006. – 50 с.

11. Чехов в арабских странах [Электронный ресурс]. – URL: http://feb-web.ru/feb/litnas/texts/ml3/ml3-228-.htm?cmd=2

Таърихи нашр

Суббота, 08 Сентябрь 2018