0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Ташаккул ва рушди мактабҳои илмии равияи таъриху филология дар байни зиёиёни макотиби олии Хуҷанд дар солҳои 1991-2011

Муаллиф (он)

Ӯлмасова Мавзуна Абдуаҳадовна

Чакидаи мақола

Дар мақола ҷараёни тайёр намудани кадрҳои илмиву педагогӣ тавассути мактабҳои илмӣ таҳти роҳбарии намояндагони барҷастаи зиёиёи донишгоҳу донишкадаҳо, ки дар соҳаҳои илми таърих ва филологияи шаҳри Хуҷанди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон фаъолият бурдаанд, мавриди таҳқиқ қарор ёфтааст.

Ҷанбаҳои илмии фаъолияти касбии омӯзгорони мактабҳои олӣ, нақши олимони соҳои илмҳои гуманитарӣ, пеш аз ҳама равияи таъриху филология дар рушди илми донишгоҳӣ таҳлил шудааст. Дар мақола саҳми олимони варзида- қишри фаъоли зиёиёни макотиби олӣ, ки дар кафедраҳо фаъолият мебаранд ва оид ба тайёр кардани кадрҳои илмиву педагогӣ мактабҳои илмии хешро созмон додаанд, маълумот дода шудааст.

Фаъолияти густурдаи олимон-таърихшиносон, забоншиносон ва адабиётшиносони маъруфи Хуҷанд - Ғ.Ҳ. Ҳайдаров, Н,О. Турсунов, Н.Неъматов, А. Мирбобоев, Ф.К. Зикриёев, А. Сайфуллоев, А. Насриддинов, М. Хоҷаева ва дигарон дар ҷодаи созмон додани мактабҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмиву педагогӣ тавсиф шудааст.

Калидвожаҳо

мактабҳои илмӣ, нерӯи илмӣ, таҳқиқоти илмӣ, зиёиёни мактаби олӣ, муаммоҳои илмӣ, тайёр намудани кадрҳои илмиву педагогӣ

Пайнавишт

1.    Аронов, Д. К проблеме определения понятия «научная (научно-педагогическая) школа» / Д. Аронов, В. Садков // Almamater (Вестник высшей школы). - 2003. - № 6. - С. 8-13.

2.    Бобокалонов А., Холҷӯраев Ҳ., Шарипов Ш. Ҳаштодзинаикамолот. –Хуҷанд: Нури маърифат. 2012. - 660 с.

3.    Грезнева, О. Научные школы: принципы классификации / О. Грезнева // Высшее образование в России. - 2004. - № 5. -С. 42-48.

4.    Ғиесов Н. Нақши профессор Абдуманнони Насриддин дар рушди ҳавзаи илмии Хуҷанд//Офтоби маърифат. –Хуҷанд: Ношир, 2015. – С. 345-351.

5.    Қосимова М.Н., Ҳасанов А. Олими омил ва нсони комил//Гулчини накӯии дуне. –Хуҷанд: Ношир, 2017. –С.6-16.

6.    Набиев В. Академик Нӯъмон Неъматов – муаррих ва бостоншиноси барҷастаи тоҷик// Дастпарварони номдори донишгоҳ: академик Нӯъмон Неъматов. –Хуҷанд, 2012. – С.4-14

7.    Нури хирад (Маҷмӯаи мақолаҳо роҷеъ ба зиндагинома дар китобномаи Зикриеев Фарҳод Қобилович).-Душанбе, 2010.-110 с.

8.    Олимҷонов М. Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад (е худ руҷӯъ ба саҳми профессор Фарҳод Зикриеев дар таҳқиқи синтаксис). //Гулчини накӯии дунё. –Хуҷанд: Ношир, 2017. –С.98-107.

9.    Турсунов Назирджон (Библиографический очерк). – Худжанд, 2012. -296 с.

10.              Ҳайдаров Ғафур Ҳайдарович //Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. Қомуси мухтасар. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2007. –С.481-482.

11.              Ҳасанов А. …Сар бурун оварду бар вазъи ҷаҳон хандиду рафт//Офтоби маърифат. –Хуҷанд: Ношир, 2015. –С.63-68.

12.              Юлдошев У.Р. Творческий путь профессора // Нури хирад (Маҷмӯаи мақолаҳо ро­ҷеъ ба зиндагинома в китобномаи Зикриеев Фарҳод Қобилович). - Душанбе, 2010. –С.21-24.

Таърихи нашр

Вторник, 20 Ноябрь 2018