0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Баъзе вижагиҳои тарҷумаи В. Державин бар “Бўстон”- и Саъдӣ

Муаллиф (он)

Маҳкамов Абдувалӣ Абдуғафорович

Чакидаи мақола

Масъалаи тарҷумаҳои русии “Бўстон”-и Саъдии Шерозӣ аз ҷумлаи масоили  ба таври бояду шояд омўхтанашуда аст ва ниёз ба тадқиқоти илмӣ дорад. Муаллифимақола кўшидааст назари хешро дар мавриди вижагиҳои яке аз тарҷумаҳои русии “Бўстон”, ки ба қалами шоир ва тарҷумони рус В. Державин тааллуқ дорад, баён кунад. Муаллиф содагии баён ва муносибати озоди тарҷумонро  аз ҷумлаи вижагиҳои асосии тарҷумаи В. Державин қаламдод мекунад. Тавассути муқоиса бо нусхаи форсии “Бўстон” ва  тарҷумаи дигари русии он - тарҷумаи К. Чайкин,  ин вижагиҳо ва умуман “бурду бохтҳо”-и тарҷумаи Державин хеле бориз нишон дода шуда, барои таҳқиқоти ояндаи тарҷумаҳои русии ин маснавии Саъдӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Калидвожаҳо

тарҷума, “Бўстон”, Саъдӣ, В. Державин, тарҷумаи маъноӣ, муносибати озод, К. Чайкин

Пайнавишт

1.      Саади, Абдаллах ибн Мушриф ибн Муслих. Бустан /Перевод В. Державина. - Душанбе: Ирфон, 1968. - 277 с.

2.    Саади. Сад плодовый / Перевод с персидского Н. Урри. -СПБ: Издание Зин. Львовского, 1915. - 107 с.

3.    Саади, М. Бустан /Перевод, предисловие и примечния К. Чайкина. –М.: Академия, 1935.

4.    Саади. Бустан. Лирика / Перевод с персидского В. Державина, А     Старостина. –М.: Государственное издательство художественной литературы, 1962.

5.    Шайх  Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, “Бўстон”, интишороти байналмиллалии “Алҳудо”,  чопи аввал, 1371 ҳ. ш. иборат аз 463 саҳифа.

Таърихи нашр

Вторник, 01 Май 2018