0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Баҳсе роҷеъ ба матншиносии як мухаммаси устод Айнӣ бар ғазали Бедил

Муаллиф (он)

Нуров Нуралӣ

Чакидаи мақола

Дар мақола саъй шудааст,ки бархе масъалаҳои матншиносии ғазалиёти Бедил бар асоси як мухаммаси устод Айнӣ мавриди таҳқиқ қарор бигирад. Муаллиф дар заминаи муқоисаи нусхаҳои мухталифи Девони Бедил муқаррар намудааст, ки бо сабаби дар як радиф суруда шудани чандин ғазал аз ҷониби Абулмаъонӣ дар нусхаҳои девони шоир гоҳо ҷойи абёти ғазалҳо иваз шуда, гунаҳое ҷудогона аз ин ғазалиёт зуҳур ёфтааст, ки ин вежагии матншиносӣ дар асоси таҳқиқи абёти дар мухаммаси устод Айнӣ ба кор рафта  мушаххас гардидааст. Дар асоси баҳсҳои мазкур нигорандаи мақола ба хулосае расидааст, ки абёти дар мухаммаси устод Айнӣ истифодашуда на аз як ғазал, балки дар асл аз ду ғазали Бедил берун омадаанд, ки сабаби аслии сар задани ин ҳолат боз ҳам ба нуфузи ғазалҳои эҷодшуда ба як вазну радиф маҳсуб меёбад.

Калидвожаҳо

Мирзо Бедил, Садриддин Айнӣ, мухаммас, ғазал, матншиносӣ, пайравони Бедил

Пайнавишт

1.    Айнӣ, С. Куллиёт. Ҷилди 8.–Душанбе: Ирфон, 1981.–524 с.

2.    Айнӣ, С. Мирзо Абдулқодири Бедил. Баргардон ва пажӯҳиши Шаҳбози Эраҷ.–Теҳрон: Интишороти «Сураи меҳр», 1384.– 382 с.

3.    Бедил, Мирзо Абдулқодир. Девон. Нусхаи хаттии китобхонаи Ризо Ромпур, бо шумораи 3656. Чопи аксӣ.  Ба кӯшиши Алиризо Қазва. Теҳрон: - интишороти ширкати таъовунии корофаринони фарҳанг ва ҳунар. 1388. - 1709 c.

4.    Бедил, Мирзо Абдулқодир. Девон.ҷ.1. Ба кӯшиши Акбари Беҳдорванд.–Теҳрон: Интишороти «Нигоҳ», 1386. - 708 с.

5.    Бедил, Мирзо Абдулқодир. Куллиёт. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста ва Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кӯшиши Баҳман Халифаи Баноравонӣ. Ҷилди аввал, бахши аввал. Теҳрон, интишороти Тилоя, 1389. – 798 с.

6.    Бедил, Мирзо Абдулқодир. Куллиёт. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста ва Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кӯшиши Баҳман Халифаи Баноравонӣ. Ҷилди аввал, бахши дувум. Теҳрон, интишороти Тилоя, 1389. – 802 с.

7.    Бедил, Абулмаъонӣ. Гузидаи ғазалиёт. Ба кӯшиши Муҳаммад Козими Козимӣ. Теҳрон:- Ирфон, 1386. – 808 с.

Таърихи нашр

Вторник, 20 Ноябрь 2018