0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Муруре ба куҳантарин тарҷумаи форсии “Рабеъ-ул-аброр”-и Замахшарӣ

Муаллиф (он)

Ҳамробоев Насимҷон Абдуллоҷонович

Чакидаи мақола

Мақола ба таҳқиқи вежагиҳо ва арзишҳои адабию таърихии яке аз куҳантарин тарҷумаҳои китоби “Рабеъулаброр”-и Замахшарӣ, ки дар қарни XIV бо  номи “Насимаррабеъ”, аз ҷониби Сӯфии Самарқандӣ тарҷума ва талхис шудааст, бахшида мешавад. Муаллифи мақола аз панҷ нусхаи боқимондаи “Насимаррабеъ”, чор нусхаро дарёфт намуда, таҳқиқоташро бештар дар асоси куҳантарин нусха, ки мансуб ба хати худи мутарҷим мебошад, анҷом додааст. Бо хати Сӯфии Самарқандӣ навишта шудани нусхаи мазкур, дар асоси қиёсу муқобалаи хати ду сарчашмаи ин аҳд ва ишораҳои дар матни тарҷума омада, собит гаштааст. Вежагиҳои забониву хусусиятҳои грамматикӣ ва сабкшиносиву адабии «Насим-ар-рабеъ»-и Сӯфии Самарқандӣ, аз як сӯ аз арзиши адабиву таърихии “Рабеъ-ул-аброр” хабар медиҳад ва аз ҷониби дигар, майдони пажӯҳишро барои таҳқиқи паҳлӯҳои дигари осори Замахшарӣ ва  ҳам Сӯфии Самарқандӣ фарох месозад. “Насим-ар-рабеъ”аз беҳтарин тарҷумаҳои куҳан ва аз намунаи насри содаи қарни ХIV ба шумор рафта, ахбору ҳикоёт, ақволу ашъор, оёту аҳодис ва масалу мақолҳои он, бозгӯи арзиши адабии тарҷумаи мазкур мебошанд.

Калидвожаҳо

“Рабеъ-ул-аброр”, Замахшарӣ, тарҷума аз арабӣ ба форсӣ, , Сӯфии Самарқандӣ, “Насимар­рабеъ”, тарҷумаи таҳтуллафзӣ, нусха ба хати мутарҷим

Пайнавишт

1.        Ибни Футӣ, Абдураззоқ ибни Аҳмад. Талхиси маҷмаъул-одоб фӣ муъҷамул-алқоб. Таҳқиқи Мустафо Ҷавод. – Бейрут: Визоратус-сиқофа ва-л-иршодул-қавмӣ, ҷ.4/3, 1965. - 625с.

2.        Нафисӣ, Саид. Таърихи назму наср дар забони форсӣ. Ҷ.1-2. – Теҳрон: Фурӯғӣ, 1363, ҷ.1. -725с.

3.        Сӯфии Самарқандӣ. Насим-ар-рабеъ. Нусхаи китобхонаи Сулаймонияи Туркия, таҳти № 902, нусха бо хати мутарҷим. – 279с.

4.        Сӯфии Самарқандӣ. Насим-ар-рабеъ. Нусхаи китобхонаи Алигарҳ, таҳти 11/89165526.  – 302 с.

5.        Сӯфии Самарқандӣ. Насим-ар-рабеъ. Чопи факсимелии нусхаи китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломӣ, таҳти № 1468, ба кӯшиши Маҷид Мансурӣ. - Теҳрон, соли 1387. – 310с.

6.        Баёзи Тоҷиддин Аҳмади вазир. Чопи факсимелӣ,        зери назари Эраҷ Афшор ва Муртазо Темурӣ. – Исфаҳон: интишороти Донишгоҳи Исфаҳон, 1353. -970 с.  

7.        Малотӣ, Алӣ Навидӣ. Шиносоии яке аз котибони “Баёзи Тоҷиддин Аҳмади вазир”// Номаи  Баҳористон. – Теҳрон,1388, с.361-364.

8.        Малотӣ, Алӣ Навидӣ. Насимар-рабеъ//Номаи  Баҳористон. – Теҳрон, 1389, с.16.

9.        Сафо, Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон. - Теҳрон: Интишороти Фирдавсӣ, 1369, ҷ.3/2. – 1395 с.

10.    Муаллими Яздӣ, Муинуддин. Мавоҳиби илоҳӣ дар таърихи Оли Музаффар. Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Саид Нафисӣ. Теҳрон: Иқбол,1326, ҷ.1.-264с.

11.    Кутубӣ, Маҳмуд. Таърихи Оли Музаффар. Ба кӯшиши Абдулҳусайн Навоӣ. –Теҳрон: Амири кабир, 1364, ҷ.2. –197с.

12.    Алӣ Навидӣ. Дар бораи Сӯфии Самарқандӣ муаллифи “Мифтоҳ ун-наъим фӣ одоб ут-таълим”// Гузориши мерос, давраи дуюм, соли сеюм,№27-28, 1387.-с.9-10.

13.    аз-Замахшарӣ, Ҷоруллоҳ. Рабеъ-ул-аброр ва нусус-ул-ахёр. –Байрут: муассисат ал-илмӣ, 1412, ҷ.1. – 477 с.

14.    Ганҷури рӯимизӣ. (Нармафзори ройгон ва бо мурури матни ашъори форсӣ). Вироиши 2.72.// Ҳофиз. Ғазалиёт. Ғазали шумораи 159.

15.    Ганҷури рӯимизӣ. (Нармафзори ройгон ва бо мурури матни ашъори форсӣ). Вироиши 2.72.// Саъдӣ. Гулистон. Боби дуюм дар ахлоқи дарвешон. Ҳикояти 31.

16.    Ганҷури рӯимизӣ. (Нармафзори ройгон ва бо мурури матни ашъори форсӣ). Вироиши 2.72.// Саъдӣ. Девони ашъор. Ғазали шумораи 501.

17. Маҳмуд ибни Умари Замахшарӣ. Баҳори хубон. Тарҷума ва мунтахаби Фахриддин Насриддинов / Фаслномаи илмӣ-адабии “Камоли Хуҷандӣ”. №1(5),2016.Хуҷанд.-Саҳ. 92-97

Таърихи нашр

Четверг, 06 Апрель 2017