Мақола ба муайян намудани мавқеи вожаи соматикии «дил» дар ташаккули калимаҳои сохтаву мураккаби ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бахшида шудааст. Муаллиф дар натиҷаи таҳлилу тадқиқи мунтахаби сеҷилдаи ашъори шоира «Қатрае аз Мўлиён» ва «Ҳама гул, ҳама тарона» маълум месозад, ки дар эҷодиёти шоира дар байни калимаҳои ифодагари узвҳои бадани инсон соматизми «дил» аз ҳама серистеъмол буда, дар калимасозӣ низ хеле фаъол мебошад. Бо мисолҳои дақиқ собит шудааст, ки шоира вожаҳои мураккаби зиёдеро амсоли дилсанг, дилшикоф, дилпарешон, дилреза, хуфтадил, ки дар адабиёти оламшумули классикӣ ба кор мерафтанду имрўз доираи истифодаи онҳо муҳдуд гардидааст, аз нав зинда намуда истодааст. Муаллиф ба хулосае мерасад, ки шоира бо сохтани вожаҳои нав дар заминаи қолабҳои мавҷудаи забон, аз қабили вожаҳои мураккаби нодилбарӣ, нодилбарона, дилҳабашӣ, кўҳнадил, дилпаймо, дилрас… дар ғанӣ гардонидани таркиби луғавии забони тоҷикӣ саҳм гузошта истодааст.
соматизм, ашъори Фарзона, муродифот, калимасозӣ, калимаҳои сохта, калимаҳои мураккаб, ибораи рехта
1. Амид, Ҳасан. Фарҳанги форсӣ/ Ҳ. Амид.– Теҳрон: Амири Кабир, 1389, -1088 с.
2. Деҳхудо, А. Луғатнома/А. Деҳхудо. – Теҳрон: Интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, ҷ.10, 1328. – 978 с.
3. Деҳхудо, А. Луғатнома/А. Деҳхудо. – Теҳрон: Интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, ҷ.11, 1328. – 1513 с.
4. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология. Фонетика. Морфология. – Душанбе: Маориф, 1973. -451 с.
5. Муин, Муҳаммад. Фарҳанги форсӣ/М. Муин. –Теҳрон, ҷ.1, 1381. -1106 с.
6. Олимҷонов, М. Калимасозиҳои ашъори Фарзона. М. Олимҷонов// «Номаи ховаршиносон, №3, 2010, с. 153-159
7. Олимҷонов, М. Муруре ба калимасозиҳои устоди сухан. М. Олимҷонов// Ҳ. Суғд №98, аз 14 августи 2014
8. Фарзона. Қатрае аз Мўлиён/ Фарзона. –Хуҷанд: Нури маърифат, ҷ.1, 2003. -510с.; ҷ.2, 2003. -472с.; ҷ.3, 2003. -378с.
9. Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона/ Фарзона. Дар ду ҷилд. Ҷилди 2. Хуҷанд, «Хуросон-медиа», 2014, 500 с.
10. Фарҳанги забони тоҷикӣ. -Москва: Советская энсиклопедия, ҷ.1, 1969. -951с.; ҷ.2, 1969. -947с.
11. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди 1-2. – Душанбе: Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти Рўдакӣ, ҷ.1, 2008. -950 с.; ҷ.2, 2008. -945с.
12. Фозилов, М. Фарҳанги ибораҳои рехта/ М. Фозилов ҷ.2. –Душанбе: Ирфон, 1964. -805 с.
13. Ҳасанов, А. Ҳарфи тозаи Фарзона. А.Ҳасанов// Адабиёт ва санъат, №37, аз 11 сентябри соли 2014
14. Шокиров, Т. С. Истилоҳоти ҳуқуқшиносии тоисломӣ дар забони тоҷикӣ/ Т. Шокиров. – Хуҷанд: Пайванд, 2008. -118 с.