0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Олами глобалӣ: фарҳанги миллӣ ва гуфтугў

Муаллиф (он)

Ҷўраев Абдураҳим Ҳоҷиевич

Чакидаи мақола

Муаллиф баъзе тамоюлоти инкишофи ҷаҳонишавиро аз мавқеи пасомадҳои мусбат ва  манфӣ дар ҷодаи пешрафти фарҳанги миллӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Нигоранда бар он аст, ки ҷаҳонишавии марбут бо афзоиши муоширати мардуми мансуб ба ҷомеаҳои мухталифи фарҳангӣ ва динӣ, имконияти гуфтугузорро, ҳамчун омили таъсири мутақобила ва ғановати байниҳамдигарии фарҳангҳо, нерўи тоза мебахшад, дар сурате ки фарҳангҳои миллӣ дар ниҳоди хеш сифати субъектнокӣ, яъне худфаъо­лиятиро ташаккул диҳад, аз дигарон ҳарчи бештар баҳра бурданро воҷиб шуморанд. Муаллиф имконпазирии нигоҳдошти вежагӣ ва рушди  маданияти хешро дар сурати дарки аҳамият ва арзиши бечунучарои таҷрибаи фарҳангии худ ва ҳамзамон талабот ба рушди минбаъда аз ҳисоби таҷрибаи фарҳанги дигарро ҷоиз мешуморад. Ин маънии  муаррифии хешро ҳамчун  офарандаи фарҳанг нисбат ба таҷрибаи худии гузашта ва таҷрибаи халқҳои дигари ҷаҳон дорад. Муаллиф хулоса мекунад, ки ҷаҳонишавӣ на танҳо таҳдид, балки имконияти санҷиши қобилияти тобоварии фарҳанг ва  бардошти суд бо мақсади созгор сохтани анъанаҳои фарҳангӣ  ба замони муосир ҳам мебошад.

Калидвожаҳо

ҷаҳонишавӣ, муколама, офарандаи фарҳанг, фарҳанги миллӣ, таъсири мутақобила 

Пайнавишт

1.                  Байдаров Э.У. Влияние глобализации на культуру и ценности человека. URL: http://credonew.ru/content/view/510/57/ (Дата обращения: 24.01.2017)

2.                  Библер В.С. Михаил Михайлович Бахтин, или Поэтика культуры. - М.: Прогресс, 1991. - 176 с.

3.                  Василенко И.А. Политическая глобалистика: учеб. пособие для студентов вузов. - М.: Логос, 2000. - 358 с.

4.                  Введение в Человековедение. / Проект Ага Хана “Человековедение”. - Бишкек, Душанбе, Алматы. - 2011. - 302 с.

5.                  Лейбниц, Готфрид Вильгельм. Сочинения в четырех томах: Т. I / Ред. и сост., авт. вступит, статьи и примеч. В. В. Соколова; перевод Я. М. Боровского и др.— М.: Мысль, 1982. —636 с.

6.                  Межуев В. М. Идея культуры. Очерки по философии культуры. - М.: Университетская книга, 2012. —406 с.

7.                   Выступление за круглым столом журнала «История СССР» о предмете и методе истории культуры // История СССР. — 1979. — № 6. — С. 133-150.

8.                  Посметьева Е. С.  Глобализм: гуманитарный аспект// Научные ведомости. Серия «Философия, Социология. Право».  – 2010. - №14 (85). Выпуск 13. -  С.291-298

9.                  Традиция и изменения. / Проект Ага Хана “Человековедение”. - Бишкек, Душанбе, Алматы. - 2008. - 291с.

10.              Fareed Zakaria «Culture is Destiny: Conversation with Lee Kuan Yew», Foreign Affairs March/ April 1994, p.126.

 

11.              Habibul Haque Khondker Glocalization as Globalization: Evolution of a Sociological Concept// Bangladesh e-Journal of Sociology, Vol. 1. No. 2. July, 2004 P.1-9

Таърихи нашр

Четверг, 22 Июнь 2017