0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Арзиши адабии таърихномаҳои ҳавзаи Мовароуннаҳр (асри XIX ва ибтидои асри XX)

Муаллиф (он)

Эшонқулов Илҳом Абдусаломович

Чакидаи мақола

Нақду баррасӣ ва муайян кардани арзиши адабии осори таърихӣ аз масъалаҳои муҳими илми филологӣ ба шумор меравад. Таҳқиқ ва баррасии вежагиҳои адабии осори таърихии ҳавзаҳои гуногуни Мовароуннаҳр нишон медиҳад, ки ин осори гаронмоя ва арзишманд дар таърихи нақду сухансанҷии форсу тоҷик қимати баландеро соҳиб буда, хоса дар омўзиши таърихи адабиёти қарнҳои XIX-ХХ ба масобаи сарчашма ва марҷаи мўътамад хидмат мекунад.

 

Аз ин рў, муаллиф кўшидааст, ки ба ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳои адабӣ дар таърихномаҳои аҳди охир аз чашмандози фарох назар карда, мақом ва эътибори онҳоро дар қаламрави забон ва адабиёти форсии ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳр муайян созад. Ба ин ваҷҳ, дар радифи матолиби аслии мақола бозшиносӣ, муаррифӣ ва шарҳу баррасии осори таърихии қуруни XIX-ХХ, таҳқиқоти равишманди донишмандони соҳибмактаб, маҳсули дастранҷи муҳаққиқони замони муосир ва корҳои дар ин зимн ба анҷом расида мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, ки арзиши таърихномаҳои ин ҳавзаро дар омўзиш ва шинохти таърихи адаби форсии тоҷикӣ муқаррар месозад. Зарурати омўзиш, пажўҳиш ва интишори мероси хаттии муҳити адабии Мовароуннаҳр дар замони муосир сол аз сол зиёд эҳсос гардида, дар ин самт бозёфт ва навгониҳои илмӣ ба вуҷуд оварда истодааст, ки барои пур кардани холигоҳи фазои маънавӣ ҳамчун василаи хубе хидмат мекунад.

Калидвожаҳо

адабиёти тоҷик дар асрҳои XIX-XX, таърихномаҳо, масоили адабӣ, ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр, таърихнависӣ

Пайнавишт

1.    Айнӣ, Садриддин. Таърихи амирони манғитияи Бухоро. Куллиёт. Ҷилди 10.- Душанбе: Ирфон, 1966.- 343 с.

2.    Айнӣ, Садриддин. Таърихи инқилоби Бухоро.- Ду­шанбе: Адиб, 1987.

3.    Воҳидов, Шодмон.  Қўқон хонлиги тарихи (хонлик тарихи манбаларда). Тошкент, 2012.- 1758.

4.    Зафарномайи Хусравий. Таржимонлар Ш. Воҳидов ва Ш. Жўраев; масъул муҳаррир Ш. Воҳидов. – Тошкент: Тамаддун, 2011. – 448 б.

5.    Каримов, Усмон. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри ХVIII ва аввали асри ХIХ.–Душанбе: Дониш, 1974.–187 с.

6.    Қаюмов, Азиз. Қўқон адабий муҳити.–Тошканд: Уз ССР ФАН, 1961.–359 с.

7.    Қундузӣ, Имомалӣ. Таворихи манзума. Нусхаи №204 (Дш).

8.    Набиев Р. Н. Из истории Кокандского ханства (феодальное хозяйство Худояр-хана).-Ташкент, 1973.

9.    Собрание восточных рукописей АН УзССР / Под ред. А. А. Семенова. Т.I.–Ташкент: Издательство АН УзССР, 1952.

10.              Султон, Сайидумари Кавкабӣ. Тазкираи сухан­варони Истаравшан(шеърҳо).- Душанбе: Адиб, 2012.- 260 с.

11.              Худаярханзаде. Анджум ат-таварих (звезды истории). Авторы перевода с персидско – таджикского языка, введения и комментарии Ш. Вохидов и С. Елшибаев.-Ташкент: янги аср авлоди, 2011.- 210 б.

12.              Ҳакимхон, Ҳоҷӣ. Мунтахаб-ут-таворих / Ба чоп ҳозиркунанда, муаллифи муқадди­ма ва таълиқот А. Мухторов.-Душанбе,1985. (Ҷилдҳои 1 ва 2. –Душанбе,1983, 1985).

13.              Ҳакимхон, Муҳаммад. Мунтахаб-ут-таворих. Ҷилди аввал. Тасҳеҳи Ё. Кавахара ва К. Хонеда. Муассисаи мутолеоти фарҳангҳо ва забонҳои Осиё ва Африқо. – Токио, 2009.- 666 с.

 14.              Самеев А. Бўрёбоф агарчи бофандааст…//Ҳақиқати Суғд. -№ 137. - 15.11.2011.

Таърихи нашр

Пятница, 23 Июнь 2017