0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Ҷанбаҳои фалсафии шуури миллӣ ва ҳуввияти миллӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

Муаллиф (он)

Солиҷонов Расулҷон, Ўрунова Ҳамида Умарбоевна

Чакидаи мақола

Дар мақолаи мазкур ҷанбаҳои фалсафии худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар шароити бунёдкунии давлати соҳибистиқлол ва дунявӣ таҳлил карда мешавад. Муаллифони мақола худшиносии миллӣ ва ҳуввияти миллиро дар шароити табаддулот дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун омили асосии давлатдории миллӣ мешуморанд. Ба фикри муаллифон бисёр миллату халқҳо аз сабаби озод набудан аз рафтори бетаҳаммулонаи хеш ба нестӣ рафтанд. Аз ин рӯ, дар шароити бунёди давлати соҳибистиқлол ба хотири “ба нестӣ нарафтан” масъалаи шинохти худии худ ё ба таври дигар худшиносии миллӣ ба яке аз муаммоҳои мубрами рўз табдил ёфтааст. Коста шудани хотираи таърихӣ, маҳдудияти шуури таърихӣ ва ҳифз карда натавонистани боигарии иҷтимоию фарҳангии ниёгон, пояҳои давлат ва истиқлолиятро заиф мегардонад. Бинобар ин муаллифон чунин мешуморанд, ки таҳлилу бархурдор будан аз ҳуввияти миллӣ, дарк намудани худшиносии миллӣ ин омили асосии пойдор ва инкишоф додани давлати соҳибистиқлол мебошад.

Калидвожаҳо

шуури миллӣ, шуури таърихӣ, худшиносӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ ҳуввияти миллӣ, тафаккури миллӣ, ғояимиллӣ, хотираи таърихӣ, маҳдудияти шуури таърихӣ, боигарии иҷтимоию фарҳангии ниёгон

Пайнавишт

1.    Ятимов С. Идеология ва манфиати миллӣ. Ҷумҳурият, 22 апрели соли 2014, № 74 (22 379)

2.    Андешаи милии тоҷикон. Зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Каримов О.К. Нашриёти “Ношир”, Хуҷанд, 2011,–583 с.;

3.    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели  соли 2013. – Душанбе: Шарқи Озод, 2013, - 54 с.

4.    Маҳмадов А. Идеяи миллӣ – роҳбалади зиндагии шоиста. //Ҷумҳурият. 18 апрели соли 2013, № 55 (22 192)

5.    Қудусов Х. Идеяи миллӣ такягоҳи устувори ҷомеа. //Садои мардум.14 маи соли 2013 № 57 (3042)

6.    Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди устодон ва шогирдон ба муносибати 15 солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Хуҷанд, 2008, - С. 12.

7.    Проблемы укрепления национальной независимости Республики Таджикистан. - Душанбе: Дониш, 2006. -255 с.

8.    Самиев А.Х. Историческое сознание как самопознание общества. –Душанбе: Издательство РТСУ, 2009. -337 с.

9. Солиджонов Р. Проблемы и противоречия социокультурной трансформации таджикистанского общества. –Душанбе: Дониш, 2012. -167 с. 

Таърихи нашр

Четверг, 06 Апрель 2017