2.4/5 овоз (5 овозҳо)

Вижагиҳои ғазалиёти Озарахш ва ҳунари радифсозии ӯ

Муаллиф (он)

Шарифов Шодикул Хасанович

Чакидаи мақола

Дар  мақола муаллиф ҳунари радифсозии шоири тоҷик Толиб Карими Озарахшро дар асоси маводи “Девони ишқ”-и ў мавриди таҳқиқ қарор додааст. Таҳқиқи ҳамаҷонибаи ғазалиёти  Озарахш, аз ҷумла дар доираи радифсозӣ ҳанӯз аз тарафи муҳаққиқон рӯи кор наомадааст. Аз ин рў, мавзӯи интихобкардаи муаллифи мақола дастнохӯрдаю тоза мебошад. Муаллиф зимни таълиф собит намудааст, ки шоири номбурда аз миёни анвои шеъри классикиву муосир таваҷҷуҳи бештаре ба ғазал дошта, дар сурудани ин навъи шеър аз худ ибтикороту навоварӣ нишон дода тавонистааст. Муаллиф ҳамчунин нишон медиҳад, ки  Озарахш аз пайравони тавонои устодаш Лоиқ Шералӣ буда, баробари идома додани анъанаҳои ғазалсароии ӯ ба тозакориҳое дар сохтани радифҳои аз ҳар ҷиҳат зебо ноил омадааст. Аз рўи таҳқиқи муаллиф радифҳои ҳунармандона сохтаи Озарахш на фақат ҳамчун унсури ёвари мусиқоибахши ғазал, балки ҳамчун унсури меҳварии маънобахши ғазал дар ҷаззобу дилнишин ва пурмазмун бародамани ин навъи шеър хидмат кардааст. Аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ, аз ҷумла аз пайвандакҳо сохтани радифҳои ба сурат зебо ва ба маъно расо ҳосили ҳунари шоирии ӯ  дар доираи радифсозии ғазали муосири тоҷикӣ мебошад. Ҳамчунин нигоҳи муаллиф ба таърифи радиф нигоҳи муҳаққиқона ва навоварона мебошад.

Калидвожаҳо

адабиёти муосири тоҷик, “Девони ишқ”- Озарахш,  шеър, ғазал, қофия, радиф, ҳунари шоирӣ  

Пайнавишт

1.    Аъзамзод, Субҳон. Адабиёт ва маърифати нақд (Масъалаҳои шинохти таърихи адабиёт ва нақди адабии тоҷикии садаи бист): маҷмӯаи мақолаҳо/ Субҳон Аъзамзод.–Хуҷанд: Анис, 2012.‒200 с.

2.    Зарафшонӣ, Фарзона.Сабз аст нахли навбари андешаҳои ман/Фарзонаи Зарафонӣ// Адабиёт ва санъат. № 33(1692), 15-уми авусти  2013.‒ С.10

3.    Идизод, Идибек. Озарахш Бозору Гулрухсору Гулназар нест/Идибек Идизод// Тоҷикистон. №12 (1158), 23-юми марти соли 2016.‒ С.10

4.    Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеӣ. Мусиқии шеър/ Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. –Теҳрон: Нашри огаҳ, 1368, 42+679 с.

5.    Қосим, Низом.Ӯро, ки бизодааст модар шоир// Адабиёт ва санъат. № 47(1692), 23-юми ноябри  2006.‒ С.6

6.    Мирзоюнус, Матлуба. Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо (маҷмӯаи мақолаҳои адабиётшиносӣ)/ Матлубаи Мирзоюнус.–Хуҷанд: Ношир, 2015.‒516 с.

7.    Озарахш. Девони ишқ[Матн: ғазал].‒Хуҷанд: Ношир, 2016.‒257(кирилӣ)+257(форсӣ) с.

8.    Озарахш. Ҷӯйборисарихирман[Маҷмӯаиашъор].‒Хуҷанд: НашриётидавлатиибаномиРаҳими Ҷалил, 2011.‒394 с.

9.    Розӣ, Шамси Қайс. Ал-муъҷам (муаллифи сарсухану тавзеҳот ва ҳозиркунандаи чоп Урватулло Тоиров)/ Шамси Қайс Розӣ.–Душанбе: Адиб, 1991.–464 с.

10.              Толибиён Яҳё. Арзиши чандҷонибаи радиф дар шеъри Ҳофиз/ Яҳё Толибиён// Фаслномаи пажӯҳишии адабӣ. Шумораи 80, тобистони 1384. – С. 7-30  (www.side.ir)

11.              Фозилӣ Фирӯз, Озод, Руқия. Коркарди ҳунарии қофияварадифдаршеърисапед/ Фирӯз Фозилӣ, Руқия Озод//Парниёни сухан: маҷмӯаимақолаҳоиПанҷумин ҳамоишипажӯҳишҳоизабонваадабиётифорсӣ. С. 1990-2003 

 12.              Ҳакимова Сурайё. Мисрае дар варақи сабзи хаёл/ Сурайё Ҳакимова //Паёми Суғд.№8, 2013.‒С.96-105.

Таърихи нашр

Вторник, 17 Январь 2017