0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Ҷанбаҳои назариявии табаддуллоти ҳуввияти тоҷикона дар шароити тағирёбии фазои иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Муаллиф (он)

Ўрунова Ҳамида Умарбоевна

Чакидаи мақола

Дар мақола муаллиф мафҳуми ҳуввиятро аз нуқтаи назари фалсафӣ - иҷтимоӣ таҳлил намуда, зикр менамояд, ки он мазмуни худмуайянкунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, яъне маънои тааллуқ доштан ба ягон халқу миллат ё гурўҳро дорад. Муаллиф дар шарҳи ин калима зикр мекунад, ки ин мафҳум миқдори донишҳои фардро оид ба халқу миллати хеш, расму оин, урфу одат ва хусусиятҳои хоси он муайян мекунад, фарҳангу забон, манзили зист ва таърихи онро дар бар мегирад. Муаллиф таъкид мекунад, ки ин мафҳум соҳаҳои ратсионалӣ ва эҳсосотиро дар раванди азнавбарқароркунии фарҳанг пайваст менамояд. Дар мақола барои тасдиқи суханҳои худ муаллиф фикру акидаҳои олимони машҳур, ба монанди З. Фрейд, Э.Фроммро меорад, ки онҳо ҳуввиятро ҳамчун ҳолати иҷтимоӣ - психологии халқият ва шаҳрвандон мешуморанд. Дар охир хулоса мешавад, ки чунин ҳолат натиҷаҳои дурудароз ва мустаҳками таъсири шароити этникӣ, географӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии ҳувввиятро дар бар мегирад.

Калидвожаҳо

хислати миллӣ, хусусияти миллӣ, аломатҳои миллӣ, ҳуввият, худмуайянкунӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанг ва забон

Пайнавишт

1.    Трофимов, В.К. Душа России: истоки, сущность и социокультурное значение русского менталитета. 2-е изд., испр. и доп. – Ижевск: ФГОУ ВПО «Ижевская ГСХА», 2010.- С. 21.

2.    Белоусова, Н.О. Этническая самобытность как проблема философии культуры: автореферат дис. канд. социол. наук/ Наталья Олеговна Белоусова.- Ростов н/Д.: Рост. гос. унт, 1993. -21 с.

3.    Гафорова, М.К., Фомина В.А. Общественное сознание (особенности его обновления). – Душанбе: Ирфон, 2001. - С.67.

4.    Фромм, Э. Человек для самого себя. – М.: АСТ 2009.- 349 с.

5.    Шамолов, А.А. Социокультурная традиция и модернизация таджикского общества. Традиции и процессы демократизации в Таджикистане.- Душанбе, 2010. - С 13.

6.    Бабаков, В.Г. Национальное сознание и национальная культура: (методологические проблемы) / В.Г. Бабаков, В.М. Семенов. –М., РАН, Ин-т философии. –1996. – 70 с.

7.    Солихджонов Р. Противоречия социокультурной трансформации таджикистанского общества (социально-философский анализ) дис… докт. философ. наук : 09 00 11. - Душанбе, 2014. – 241 с.

8.     Хакен Г. Синергетика: иерархия неустойчивостей в самоорганизующихся системах и устройствах/ Г. Хакен. — М.: Наука, 1985. — 424 с.

 9. Назаретян А. П. Синергетика в гуманитарном знании: предварительные итоги/ А. П. Назаретян// Общественные науки и современность. — 1997. — № 2. — С. 91-98

Таърихи нашр

Вторник, 17 Январь 2017