0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Бозтоби вожаҳои хоси ғазалиёти Амир Умархон ва тобишҳои маъноии онҳо

Муаллиф (он)

Охунҷонова Нурихон Раҳматовна

Чакидаи мақола

Дар мақола оид ба махсусияти эҷодиёти Амир Умархон ва сабки нигориши ў, маъниофаринӣ ва хаёли нозуки шоир сухан рафтааст. Шоири зуллисонайн будани Амир Умархон дар шеърҳои форсиаш эҳсос намегардад, зеро дар ин гуна ашъораш калимаҳо ва таркибҳои ғайрифорсӣ ба назар намерасанд. Аз ин рў, бе ягон шакку шубҳа метавон гуфт, ки Амир Умархон донандаи хуби таърихи адабиёти форсу тоҷик ва забони форсӣ мебошад.

Муаллиф дар тадқиқоташ маълум менамояд, ки  Амир Умархон ҳамчун шоири навпардоз соҳиби тафаккури хоси соҳирона буда, бо офаридани таркиб ва ибороти хоси худ адабиёти тоҷикро ҷилваи нав бахшидааст. Тасвиру ташбеҳ ва калимоти мураккабу ҷудогона, ки бинои онҳо бар тафаккур ва андешаи баландпарвози шоир гузошта шудаанд, имкон медиҳанд, ки  Амирӣ дар силки ихтироъкорон ва поягузорони шеъри муҳити адабии Хўқанд шинохта шавад. Ағлаби калимаҳое, ки минбаъд дар шеъри шуарои доираи адабии Хўқанд ва баъзан Бухоро мақоми аввали маънисозиву маъниофариро соҳиб гардида, бо тобишҳои мухталиф чун унсури муҳими шеър шинохта шудаанд, дар эҷодиёти Амир Умархон ҷилваҳои хос пайдо намуданд. Ҳамчунин,  дар ашъори Амирӣ метавон вожаву таъбирот ва тобишҳои маъноии онҳоро мушоҳида намуд, ки муаллиф дар корбурди онҳо ҳунар ва истеъдоди баланди худро нишон додааст.

Калидвожаҳо

Амир Умархон,маъниофаринӣ, вожаву таъбироти шоирона, образ, забон, услуб ва сабк 

Пайнавишт

1.    Айни, Садриддин. МирзоАбдукодирБедил. -Сталинабад: Таджгосиздат, 1954. (на тадж. языке).

2.    Айни, Садриддин. Образцы таджикской литературы. [Перевод на кирилиццу и корр. Мубашира Акбарзода].- Душанбе, Адиб, 2010.- 438 с. (на тадж. Языке).

3.    Амири. Диван. [Рукопись Национальной бибилиотеки Республики Таджикистан]. Номер 11/92. (на перс. языке).

4.    Арберри А. Персидская классическая литература. /ПереводАсадуллахаОзода. - Тегеран, 1374.-369 с. (на перс. языке).

5.    Возех, КориРахматуллох. Тухфат-ул-ахбаб фи таз­кират-ил-асхаб [Критический текст с введением и корр. Асагара Чонфидо. Под руководством  Абдулгани Мирзоева].-Душан­бе: Дониш, 1977.-227 с. (на тадж. языке).

6.    Матлуба Мирзоюнус. Национальная литература и диалог культур: Сборник статей по литературоведению. - Худжанд:Ношир, 2015.-516 с. (на тадж. языке).

7.    Маъсуми,  Носирджон. Таджикская литература в конце XVIII века и начале XIX  века.- Душанбе, 1962.-368 с. (на тадж.языке).

8.    Маъсуми,  Носирджон. Таджикская литература в конце XVIII века и в начале XIX  века. [Избранные труды]. Том 1.–Душанбе: Ирфон, 1977.–364 с. (на тадж. языке).

9.    Мухтарам, Ходжи  Неъматуллах. Тазкирату-ш-шуара. [с корр. и введением Асгара Чонфидо. Под руководством К. Айни].-Душанбе: Дониш, 1975.- 369 с. (на тадж. языке).

10.    Намангони, Фазли. Маджмуат-уш-шуару.- Ташкент, 1900.- 502 с. (на перс. языке).

 11.    Ширинов Наджмудин. Развитие газели в ХII веке. //Вестник ТГУПБП. -Худжанд: Ношир, №2. -2014.- С. 229-237. (на тадж. языке).

Таърихи нашр

Вторник, 17 Январь 2017