3.0/5 овоз (1 овозҳо)

Дараҷаи мувофиқ омадани зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ бо ҳаммонандашон дар забонҳои русӣ ва англисӣ

Муаллиф (он)

Назарова Зарина Абдухамитовна

Чакидаи мақола

Дар мақола дараҷаи мувофиқ омадани зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ бо ҳаммонандашон дар забонҳои русӣ ва англисӣ баррасӣ мешавад. Боиси қайд аст, ки зарбулмасалу мақолҳои дар таҳлил шуда натанҳо аз ҷиҳати мазмуну мўҳтаво ба ҳам наздиканд, балки аз ҷиҳати сохт ва таркибилексикӣ низ ҳаммонанданд. Муаллиф зикр мекунад, ки ингуна мувофиқати зарбулмасалу мақолҳо на фақат байни миллатҳои баҳам хамсоя, ки давоми асрҳо бо ҳам фарҳангу маданияти муштарак доранд, алоқаи таърихии сиёсию этникӣ онҳоро ба ҳам мепайвандад, балки дар байни намояндагони халқиятҳои аз лиҳози сархад дуру аз ҷиҳати таърих робитаи сусту заиф дошта низ ба назар мерасад. Таҳлил ва муқоисаи зарбулмасал ва панду ҳикматҳои халкҳои гуногун аз нуқтаи назари мувофиқ омадан ба ҳам дигар, таркибилуғавӣ, тарзи ифодаи маъниҳои гуворо ва хикматомез ва тарзи тарҷумаи онҳо ба забони дигар аҳамияти зиёди илмӣ ва амалиро дорост. Муаллиф ҳангоми таҳлили мавзўъ маълум кардааст, ки баъзе зарбулмасалу мақолҳо мутобиқати пурраю нопуррадоранду баъзеи дигар ҳатто ҳарф ба ҳарф тарҷума шудаанд.  Ба ҷуз ин,  зарбулмасалу мақолҳо тарҷумаи  тасвирӣ дошта, дар онҳоэквиваленти семантикии зарбулмасали тоҷикӣ низ ба назар мерасад.

Калидвожаҳо

зарбулмасал, мақол, ҳаммонандиизарбулмасалумақол, сохтватаркибилексикӣ, мутобиқатипурра, мутобиқатинопурра

Пайнавишт

1.    Калонтаров Я.И. Мудрость трех народов. – Душанбе : Адиб, 1989. ­– 432 с.

2.    Kuzmin S.S., Shadrin N.L. Russian-English dictionary of proverbs and sayings. – Moscow: Russky Yazik, 1989. –353p. 

3.    МирзоеваМ.М. Тарҷумаисинонимҳоилуғавииромани «Ғуломон»- иС. Айнӣбазабонирусӣ. //ПаёмиДМТ, №6 (70). Нашри махсус бахшида ба 20 - солагии истиқлолияти ҶТ. – Душанбе: Сино , 2011. –С. 289-295.

4.    Мирзоева М.М. Тарҷумаи синонимҳои луғавии «Мактаби кўҳна»- и С. Айнӣ ба забони русӣ. //Паёми Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон,  №1(37). –2011. – С.297-305.

 

5.    Фёдоров А. В. Основы общей теории перевода. – М.: Высшая школа , 1983. – 304 с.

Таърихи нашр

Вторник, 17 Январь 2017