Шокиров ТуғралСироҷович (тав. 04.02. 1953, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафурови вил Суғд, Тоҷикистон )- олим, забоншинос, (1986), доктори илмҳои филологӣ (2012), профессор (2003), академики Академияи  табиатшиносии Россия (2012), полковники милитсия(2013), «Аълочии милитсияи Тоҷикистон» (2007), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»(2012), Ходими шоистаи илм ва маорифи Федератсияи Россия(2012), аз оилаи коргар.

Соли 1974  факултаи  филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. То соли 1983 муҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррири илмӣ, муҳаррири калони илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ)  буд. Солҳои 1983-1986 аспиранти ДДТ ба номи В.И.Ленин, 1986-1987 муҳаррири калони илмии ЭСТ, 1987-1992 ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ, март-сентябри 1992 дотсенти ҳамин донишгоҳ. 

Аз октябри 1992 то майи 1993 дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,1993-1995 муовини декани факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур, марти 1995-майи 1997 сардори кафедраи улуми иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, майи 1997-марти 1999 Сардори қисми таълим, марти 1999-июни 2002 муовини аввали сардори филиали Хуҷандии Академияи ВКД ҶТ оид ба қисми таълиму илм, июни 2002-октябри 2003 профессори кафедраи улуми иҷтимоииёту иқтисодиёт, октябри 2003-2012 муовини аввали  Сардори филиали Хуҷандии Академияи ВКД ҶТ ва дар як вақт профессори муштараквазифаи (аз 2003- то имрўз) кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б. Fафуров буд. Солҳои 2012-2017 мудири кафедра, аз октябри 2017 профессори ҳмин кафедраи  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсти Тоҷикистон(ДДҲБСТ) аст.

Соли 1986 дар мавзўи «Хусусиятҳои забон ва услуби асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев» рисолаи номзадӣ, соли 2011 дар мавзўи «Пайдоиш ва инкишофи истилоҳоти ҳуқуқ дар забони тоҷикӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Дар соҳаҳои илму фарҳанг, таълим, таърих, ҳифзи ҳуқуқ хизмат намуда, дар давоми фаъолияти худ  26 китоб( 14 рисола,  8 дастури таълим, 4 луғат), бештар аз ҳазор асару мақола ба табъ расонида, муҳаррири расмии қариб 80 асари илмӣ, илмию оммавӣ ва дастуру таълимномаҳост.

Асосгузори юрислинвистикаи тоҷик мебошад.

Узви 2 Шӯрои диссертатсионии Тоҷикистон, Шӯрои диссертатсионии Россия ва Шӯрои диссертатсионии байналмилалии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар назди Президенти Ӯзбекситон, ҳайати мушовараи маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия.

Асарҳояш асосан ба  масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, юрислингвистика ва лингвоюристика оиданд.

Осораш дар Тоҷикистон, Русия, Украина, Ўзбекистон, ШМА, Германия, Эрон ва Афғонистон  ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ўзбекӣ, форсӣ, дарӣ  чоп шудаанд. Иштирокчии бештар аз 100 конфронсу ҳамоишҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналхалқист.

Аз 1982 узви Иттифоқи Журналистони ИҶШС. Соли 1981 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон хизмати ҳарбӣ кардааст, ҷанговари байналмилалист.

Бо медал ва Ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии ИҶШС (1987) ва медали Ҷумҳурии Афғонистон (1988), медалҳои «75-солагии милитсияи тоҷик» (2000), «10-солагии Артиши миллии Тоҷикистон»(2003), «80-солагии милитсияи тоҷик»(2005),ордени байналмилалии «Барои илм ва меҳнат»(2014; Германия-Россия-Англия) ва ифтихорномаҳо  мукофотонида шудааст.

Барандаи ҷоизаи вилояти Суғд ба номи  академик Б. Ғафуров дар соҳаи илм(2014) барои китоби “Фарҳанги тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ”, ҷоизадори «Медали тилло»-и намоишгоҳҳоикитоби  Русия(2017), Германия(2018), Франсия(2018), Испания(2019).

- ҳайъати таҳрири маҷалла мақолаҳои илмӣ, тақризҳо, обзорҳои илмии қаблан дар наш­рияҳои чопию электронӣ нашрнашударо барои баррасию нашр қабул мекунад, ки ғояҳои илмӣ, натиҷаю дастовардҳои тадқиқоти бунёдии назарию амалиро оид ба соҳаҳои дониш дар улуми таърихшиносӣ, фалсафа ва филология дарбар гиранд;

- қарор дар бораи нашр ё радди нашр дар асоси муҳиммият, навоварӣ ва аҳамияти илмии маводи пешниҳодгардида қабул карда мешавад;

- муаллифон (ҳаммуаллифон) масъулияти саҳеҳии иттилооти илмии пешни­ҳодгардида ва ҳамаи додаҳоеро, ки мақола, обзорҳо ва тақризҳо дар бар мегиранд, ба зимма доранд;

- ҳамаи маводи ба идораи маҷалла омада ҳатман дар сомонаи antiplagiat.ru мавриди тафтиш қарор мегиранд, сипас ҳайати таҳрир муаллифон (ҳамму­аллифон)-ро дар бораи натиҷаи арзёбии дастнавис ва ба тақризи минбаъда қабул шудани мавод ё радди пешниҳоди он ба тақриз огоҳ мекунад;

- мақола, обзор ва тақризҳои ба идора омада дар суръати ҷавоби мусбат баъди тафтиш дар сомонаи antiplagiat.ru ба мақсади арзёбии онҳо аз ҷониби мутахассисони пешбари соҳаҳои дахлдори илм ба тақризи дохилӣ ирсол мегарданд;

- мақолаҳои ба тақризи дохилӣ пешкашшуда бояд пурра тибқи талаботе, ки дар сомонаи маҷалла: www.vestnik.tjзикр гардидаанд, таҳия карда шаванд;

- агар дар тақриз оид ба ислоҳу такмили мақола тавсияҳо пешниҳод шуда бошанд, ба муаллиф эроду мулоҳизаҳои муқарриз (бе сабти ному насаби ў) барои такмилу ислоҳи мавод ирсол мешавад;

- муаллиф маводи такмилдодаро ба идораи маҷалла мефиристад ва идора онро якҷоя бо ҷавоби муаллиф тибқи ҳар моддаи эродҳо ба тақризи такрорӣ мефиристад.

- ҳайати таҳрир ба таҳрири мақола бидуни тағйир додани мўҳтавои илмии он ҳақ дорад. Хатоҳои имлоию услубиро мусаҳҳеҳ бидуни мувофиқа бо муаллиф (ҳаммуаллифон) ислоҳ мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ ислоҳҳо бо муаллиф (ҳаммуаллифон) мувофиқа карда мешавад;

- варианти барои такмил ба муаллиф (ҳаммуаллифон) фиристода бояд дар мўҳлати муқарраргардида, баъди ворид сохтани ислоҳу тағйирот дар намудҳои электронӣ ва чопӣ ба идора баргардонда шавад;

- мақолаҳое, ки ба чоп қабул нашудаанд, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) баргардонда наме­ша­ванд. Дар мавриди радди чопи мавод идораи маҷалла ба муаллиф (ҳаммуаллифон) раддияи мудаллал ирсол мекунад;

- тибқи дархости шўроҳои коршиносии КОА ВМИ ФР идораи маҷалла ба онҳо тақризҳоро пешниҳод мекунад.

Талабот ба таҳияи мақолаҳо (обзорҳо, тақризҳо), ки ба маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» барои чоп ирсол мегарданд

1. Барои ҷойгир кардан дар маҷалла мақола, тақриз ва обзорҳои илмӣ тибқи ихтисосҳои илмии 07 00 00 – илмҳои таърих ва археология; 09 00 00 илмҳои фалсафа; 10 00 00 илмҳоифилология, ки қаблан дар ҳеч ҷой чоп нашудаанд, қабул мегарданд.

2. Муаллифон ба идораи маҷалла ҳатман бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

- матни мақола ба забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳатталимкон бо тарҷумаи русӣ) ё забони тоҷикӣ, ки дар гунаи чопии он муаллиф (ҳаммуаллифон) имзо гузоштаанд;

- тақризи доктор ё номзади илм, ки ба он шўъбаи кадрҳои ҷои кори муқарриз мўҳр гузоштааст;

- маълумотнома аз ҷои таҳсил (барои аспирантҳою магистрантҳо)

- гунаи чопии ҳуҷҷатҳо ба идора ба суроғаи зерин ирсол мешавад: 735700, ҶТ, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, бинои 1, ДДҲБСТ, бинои асосӣ, утоқи 307

Гунаи электронии мақола ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">vestnik-tsulbp@mail.ruирсол мешавад. Телефон барои маълумот: 8 (3422) 2-05-63; суроғаи сомона www.vestnik.tj

Тибқи талаботи КОА ВМИ ФР мақола бояд унсурҳои зеринро дарбар гирад:

- индекси УДК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад);

- индекси ББК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад);

- ному насаби пурраи муаллиф (ҳаммуаллифон) ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

- унвони илмӣ, дараҷаи илмии муаллиф (ҳаммуаллифон), ном ва рамзи ихтисоси илмӣ (тибқи номгўй), ки тадқиқот тибқи он сурат мегирад, ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

- аспирантон унвонҷўён, муаллифон, докторантҳо номи кафедра ва муассисаи илмиро (магистрантҳо – самти тайёриро) ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикию русию англисӣ зикр мекунанд;

- зикри мансаб, ҷои кор, шаҳру мамлакат ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикию русию англисӣ;

- e-mail;

- номи мақола ба забонҳои русию англисӣ, ё тоҷикию русию англисӣ (бо ҳарфҳои калон, ҳуруфи TimesNewRoman 14 ё TimesNewRomanTJ14, тароз дар марказ);

- чакида ба забонҳои русию англисӣ (ҳуруфи TimesNewRoman), аз 100 то 250 вожа бо сабти мақсаду вазифаи таҳқиқ, баёни мухтасари кор ва хулосаҳои асосие, ки навоварии илмии корро дар бар мегирад;

- вожаҳои калидӣ ба забонҳои русию англисӣ оварда мешаванд (5-7 калима ё ибора, ки ду ё се вожаро дарбар мегирад; ҳуруфи TimesNewRoman 14, тарҳаш – курсив, тароз дар бар, вожаҳои ё ибораҳои калидӣ бо вергул аз ҳам ҷудо карда мешаванд);

- ба мақола ҳатман номгўи маохизи мавриди истифода бо зикри танҳо сарчашмаҳои иқтибосгардида замима мешавад; Рўйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчаш­маи истифодашуда навишта мешавад. Ҳангоми навиштани рўйхати мазкур тартиби ҳуруфи алифбо ва талаботи ГОСТ бояд риоя шавад;

- иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиёт аз рўи рўйхати сарчаш­маҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд;

- матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалат тоза бошад.

Мақолаҳое, ки ба идораи маҷалла бо нақзи талаботи мазкур ирсол мегарданд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Масъулияти салоҳият, боэътимодии аснод ва мўҳтавои мақолот бар дўши муаллифон ва муқарризон мебошад

 

 

Муассис ва ношир – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» (ISSN 2413-2004), номи кӯҳнааш «Ахбори ДДҲБСТ» (ISSN 2218-256Х) соли 2000 таъсис ёфтааст. Аз соли июни соли 2011 ба номгӯии нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ ворид карда шудааст. То моҳи январи соли 2015 маҷалла рубрикаҳои зеринро дарбар мегирифт: 1. Ҳуқуқшиносӣ 2. Иқтисодиёт 3. Фалсафа ва сиёсатшиносӣ 4. Филология 5. Таърих ва сотсиология 6. Усули тадрис.

Мувофиқи моддаи 3 замимаи №1 фармони №793 ВМИ ФР аз 25 июли соли 2014 Шӯрои илмии ДДҲБСТ дар бораи ба ду силсила тақсим кардани «Ахбори ДДҲБСТ» қарор қабул кард:

1. «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ; 2. «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ». Тибқи талаботи ОК 017-2013 ОКСВНК ба ҳар силсила се соҳаи илм аз «Ахбори ДДҲБСТ»-и кӯҳна гирифта шуд: Ба «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ - (5.6 ) Илмҳои таърих (5.9) Филология  дохил шуданд.

 

Чопи маҷалла: 4 маротиба дар як сол

Нашрия дар Маркази байналмилалии ISSN бақайдгирифта шудааст: рақами ISSN 2413-2004 (чопӣ) ва 2410-8308 (электронӣ)

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатномаҳои №517 аз 28.01. 2000, №0183/МҶ аз 04.12.2013 ва №0233/МҶ аз 18.08.2015 ва №227/ МҶ-97 аз 13.02.2021)

Маълумот оид ба мақолаҳои чопшуда саривақтӣ ва мунтазам аз рўи тартиби муайяншуда ба Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ) пешниҳод мешаванд.

Матни пурраи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар платформаи Китобхонаи илмӣ-электронии Федератсияи Русия низ ҷой дорад.

Маҷалла дар базаи байналмилалии маълумоти илмии Urlich’s periodicals directory (США) номнавис шудааст.

Бознашри маводи маҷалла танҳо бо огоҳ кардани идораи маҷалла ва розигии он иҷозат дода мешавад.

Муҳимтарин талаботи системавӣ:

•       Системаи операционии – MS Windows XP professional

•       Браузерҳои– Internet Explorer 6.0 ивыше, Opera, Firefox

•       Таъминоти барномавӣ – Acrobat Reader

 

Нусхаи ҳатмии ҳар шумораи маҷалла ба Китобхонаи илмӣ-электронии Русия, Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаи вилоятии ба номи Т.Асирӣ ва дигар китобхонаю муассисаҳои таълимию илмӣ фиристода мешавад.

Маҷаллаи «Ахбори ДДҲ БСТ, силсилаи  илмҳои гуманитарӣ» аз соли 2000 чоп мешавад. То моҳи январи соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо таҳти бахшҳои «Ҳ уқуқшиносӣ», «Иқтисодиёт», «Сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «Илмҳои ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «Филология», «Усули тадрис», «Тақриз ва китобиёт» чоп мешуданд. Аз моҳи январи соли 2015 мувофиқи замимаи №1-и фармони ВМИ ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду қисм: силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва силсилаи илмҳои гуманитарӣ тақсим шуд.

Барои тадқиқоти гуманитарии сатҳи ҷаҳонии  муосир махсусан ду нукта муҳим аст: 1) характери амалии тадқиқот; 2) муносибати байнифаннӣ дар интихоби мавзўъ, усул ва услубҳои тадқиқот. Дар соҳаҳои илмҳои гуманитарӣ махсусан донишҳои илмие дорои аҳамият мебошанд, ки бо ёрии онҳо ҳаёти иҷтимоии одамони мушаххас, касабаҳои мушаххас, гурўҳҳои фарҳангии мушаххас, этносҳо, мазҳабҳоро беҳтар кардан мумкин бошад. Инкишофи мутавозини ҷамъият  низ мустақиман аз ташкилаи гуманитарӣ, новобаста аз он, ки ба кадом соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ мутааллиқ аст, иртибот дорад. Донишу  маърифати гуманитарӣ махсусан дар  ташаккули шахсияти ҷавонон, тавсиаи ҷаҳоншинохти онҳо, баланд бардоштани сатҳи умумии фарҳанг ва  шаклгирии  мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ аҳамият доранд.

Самтҳои  асосии фаъолияти маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи  илмҳои гуманитарӣ» инъикоси тадқиқоти нави илмӣ дар соҳаи  таърих ва археология, фалсафа, адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар назди ҳайъати  таҳрир ва шўрои таҳрири  маҷалла вазифаи зерин истодааст: нигоҳ  доштани сатҳи баланди илмии маводи мавриди чоп, ки масоили муҳимтарини мамлакати мо ва ҷаҳони муосирро инъикос мекунанд, дорои ғояҳои эҷодӣ мебошанд, ба рушди илму маърифат хизмат менамоянд. Нашрияҳои маҷалла нақши рўзафзуни илмҳои гуманитариро дар тайёр кардани мутахассисони  баландихтисос инъикос менамояд.

Ҳайъати таҳрири  маҷалла мақсад дорад мақолаҳои илмиеро чоп кунад, ки ба ҳалли масоили амалии гуманитарӣ мусоидат менамоянд ва олимон дар ҳаллу фасли онҳо ба усулу услубҳои илмии  навтарин муроҷиат  мекунанд. Илми гуманитарӣ дар раванди таълим, эҷодиёти илмӣ, ҳамчунин таҷдиди Тоҷикистони муосир нақши бағоят муҳим дорад. 

Барои насли наврас донистани аслу решаи худ, таърихи  ҷаҳонию ватанӣ хеле муҳим аст. Бино бар ин дар маҷалла натиҷаҳ ои тадқиқоти илмии аслӣ ва мақолоти обзорӣ  оид ба масоили муҳимтарини таърихи ватан, археология, этнография, манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ чоп мешавад. Дар саҳифаҳои маҷалла ҳамчунин ҳуҷҷатҳои бойгоние, ки қаблан ба гардиши илмӣ ворид нашуда буданд, манзури хонандагон мешаванд.

Дар соҳаи фалсафа мақолаҳои мутахассисони ватанию хориҷӣ бахшида ба таърихи фалсафа, фалсафаи илм, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, фалсафаи ҳ уқуқ, этика, дигар  соҳаҳои улуми фалсафӣ нашр мешаванд.

Дар соҳаи филология мақолаҳои забоншиносие чоп мешаванд, ки аз вижагиҳ ои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, этнографию этнологӣ, дипломатӣ бархур­доранд. Дар  онҳо асосан чунин масоили забоншиносӣ, аз кабили хусусиятҳои  лексикию семантикӣ, сохторию семантикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, муқоисавию типологӣ, этимологӣ ва дигар вижагиҳои забонҳои гуногун, аз ҷумла  гурўҳи забонҳои форсӣ, романию германӣ ва славянӣ, ҳамчунин таъсири мутақобилаи забонҳои тоҷикии форсӣ ва арабӣ дар сатҳҳои мухталиф  инъикос меёбанд.

 

Маҷалла ба «Феҳристи маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмии тақризшавандае дохил мешавад, ки Федератсияи  Русия мебарорад ва дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии  диссертатсияҳо барои дарёфти унвони илмии  доктори илм нашр шаванд» (Феҳристи ВАК).

Сармуҳаррир: Шокиров Туғрал Сироҷович, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Русия, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессори кафедраи забони тоҷикӣ (Тоҷкистон, Хуҷанд)

 

Ҳакимова Башорат Наимовна, номзади илмҳои филология, дотсент (котиби масъул)

 

Абдурашитов Фозил Маматович, доктори илмҳои таърих профессор, узви вобастаи академия илмҳои табиатшиносии Русия, Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияии миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷонишини директор оид ба илм ва маориф (Тоҷикистон, Душанбе)

Азимова Матлуба Нуриддиновна, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуҷанд)

Бобоҷонова Раъно, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Душанбе)

Ғиёсов Нурулло Исматович, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи  грамматикаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуҷанд)

Довутов Давлатхоҷа (Д.Довудӣ), доктори илмҳои таърих, музейи миллии Тоҷикистон, сарходими илмии шӯъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ (Тоҷикистон, Душанбе)

 

Дубовитский Виктор Василйевич, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шӯъбаи таърихи илм ва техникаи Донишкадаи таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Ҷумҳурии Тоҷикистон  (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе)

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддин, доктори илмҳои филология, профессор, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе)

Искандаров Қосимшоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор сарходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 Исомитдинов Ҷӯрабек Бобобекович, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

Каримзода  Осим Қосим (Каримов Осим Косимович), доктори илмҳои таърих, профессор, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Катсев Александр Самуилович,  доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи журналистикаи байналмилалии  Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия  (Ҷумҳурии Қирғизистон, Бишкек)

Мирзоев Ниёз Мирзобадалович, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе)

Мирзоюнус Матлуба, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б. Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Муқимов Муҳаммадӣ Аминович (Ҷовид Муқим), доктори илмҳои филология, профессори кафедраи  журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе)

Нағзибекова Меҳринисо Бозоровна,  доктори илмҳои филология, профессори кафедраи тарҷума ва муошироти байнифарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе)

Насриддинов Фахриддин Абдуманнонович, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б. Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Пирумшоев Ҳайдаршо Пирумшоевич, доктори илмҳои таърих, профессори шӯъбаи  таърихи бостон, асри миёна ва нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе)

Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич, доктори илмҳои таърих, профессор, профессори кафедраи таърихи ватан ва  археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуҷанд)

Салимов Рустам Давлатович, доктори илмҳои филология, профессор, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе)

Ҳасанов Абдуҷамол Ашрапович, доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б. Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло (Ҷ Ҷӯрабоев), доктори илмҳои таърих, профессор, ҷонишини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 Убайдулло Насрулло Каримзода, доктори илмҳои таърих профессори Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияии миллии илмҳои Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Яъқубов Юсуф Яъқубович, доктори илмҳои таърих, профессори шӯъбаи археологияи донишкадаи таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе)

Муҳаррирони адабӣ:

Шомуродова Олияхон (Ольга) Бутаевна – муҳаррири адабии матнҳо ба забони русӣ

Балтина Светлана Петровна – муҳаррир ва тарҷумони матнҳо ба забони англисӣ

Ҳакимхоҷаева Мадина Каримовна – муҳаррири техникӣ

Дигар мақолаҳо...