Шокиров ТуғралСироҷович (тав. 04.02. 1953, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафурови вил Суғд, Тоҷикистон)- олим, забоншинос, (1986), доктори илмҳои филологӣ (2012), профессор (2003), академики Академияи  табиатшиносии Россия (2012), полковники милитсия(2013), «Аълочии милитсияи Тоҷикистон» (2007), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»(2012), Ходими шоистаи илм ва маорифи Федератсияи Россия(2012), аз оилаи коргар.

Соли 1974  факултаи  филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. То соли 1983 муҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррири илмӣ, муҳаррири калони илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ)  буд. Солҳои 1983-1986 аспиранти ДДТ ба номи В.И.Ленин, 1986-1987 муҳаррири калони илмии ЭСТ, 1987-1992 ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ, март-сентябри 1992 дотсенти ҳамин донишгоҳ. 

Аз октябри 1992 то майи 1993 дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,1993-1995 муовини декани факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур, марти 1995-майи 1997 сардори кафедраи улуми иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, майи 1997-марти 1999 Сардори қисми таълим, марти 1999-июни 2002 муовини аввали сардори филиали Хуҷандии Академияи ВКД ҶТ оид ба қисми таълиму илм, июни 2002-октябри 2003 профессори кафедраи улуми иҷтимоииёту иқтисодиёт, октябри 2003-2012 муовини аввали  Сардори филиали Хуҷандии Академияи ВКД ҶТ ва дар як вақт профессори муштараквазифаи (аз 2003- то имрўз) кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б. Fафуров буд. Солҳои 2012-2017 мудири кафедра, аз октябри 2017 профессори ҳмин кафедраи  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсти Тоҷикистон(ДДҲБСТ) аст.

Соли 1986 дар мавзўи «Хусусиятҳои забон ва услуби асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев» рисолаи номзадӣ, соли 2011 дар мавзўи «Пайдоиш ва инкишофи истилоҳоти ҳуқуқ дар забони тоҷикӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Дар соҳаҳои илму фарҳанг, таълим, таърих, ҳифзи ҳуқуқ хизмат намуда, дар давоми фаъолияти худ  26 китоб( 14 рисола,  8 дастури таълим, 4 луғат), бештар аз ҳазор асару мақола ба табъ расонида, муҳаррири расмии қариб 80 асари илмӣ, илмию оммавӣ ва дастуру таълимномаҳост.

Асосгузори юрислинвистикаи тоҷик мебошад.

Узви 2 Шӯрои диссертатсионии Тоҷикистон, Шӯрои диссертатсионии Россия ва Шӯрои диссертатсионии байналмилалии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар назди Президенти Ӯзбекситон, ҳайати мушовараи маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия.

Асарҳояш асосан ба  масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, юрислингвистика ва лингвоюристика оиданд.

Осораш дар Тоҷикистон, Русия, Украина, Ўзбекистон, ШМА, Германия, Эрон ва Афғонистон  ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ўзбекӣ, форсӣ, дарӣ  чоп шудаанд. Иштирокчии бештар аз 100 конфронсу ҳамоишҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналхалқист.

Аз 1982 узви Иттифоқи Журналистони ИҶШС. Соли 1981 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон хизмати ҳарбӣ кардааст, ҷанговари байналмилалист.

Бо медал ва Ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии ИҶШС (1987) ва медали Ҷумҳурии Афғонистон (1988), медалҳои «75-солагии милитсияи тоҷик» (2000), «10-солагии Артиши миллии Тоҷикистон»(2003), «80-солагии милитсияи тоҷик»(2005),ордени байналмилалии «Барои илм ва меҳнат»(2014; Германия-Россия-Англия) ва ифтихорномаҳо  мукофотонида шудааст.

Барандаи ҷоизаи вилояти Суғд ба номи  академик Б. Ғафуров дар соҳаи илм(2014) барои китоби “Фарҳанги тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ”, ҷоизадори «Медали тилло»-и намоишгоҳҳоикитоби  Русия(2017), Германия(2018), Франсия(2018), Испания(2019).

Одоби нашру таҳрири силсилаҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарии маҷаллаи “Ахбори ДДҲБСТ” ҳангоми чопи мақолаҳо ба як қатор принсипҳои роҳбарикунанда асос меёбад.

 Ҳайъати таҳрири маҷалла кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба сирқат ва худсирқати мақолаҳо роҳ надиҳад.Ба ин мақсад аслияти ҳар мақола дар сомонаи “Антиплагиат.Вуз” тафтиш карда мешавад. Ҳамчунин барои пешгирии додаҳои қалбакию ҷаълӣ саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Барои таъмини нашри мунтазам ва саривақтии (дар як семаҳа як бор) маҷалла кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Ба ҳар як мақола маълумот дар бораи муаллиф, чакида ва калидвожаҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ, ки онҳоро муаллиф тартиб медиҳад, замима мегардад. Дар маҷалла обзору тақризҳо низ чоп карда мешаванд.

Ҳар як мақола аз тақризи пешакӣ гузаронида мешавад, ки зимни он муаллиф номи муқарриз ва муқарриз номи муаллифро намедонад. Ҳар як дастхатти ба тақриз пешниҳодгардида ҳуҷҷати ифшонопазир маҳсуб мешавад.

Мақолаҳои пешниҳодгардида бояд  ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

-         ба самти илмии маҷалла мувофиқ бошад;

-         ба мақсаду вазифаҳои ба миёнгузошта мувофиқат кунад;

-         бояд ба аудиторияи муайяни ҳадафманд равона шуда бошад.

Мақолаи ба маҷалла пешниҳодгардида бояд таҳқиқи мустақилона ва мубрами муаллиф бошад, ки қаблан дар нашрияҳои дигар чоп нашудааст. Аслияти мақола тибқи тафтиш дар сомонаи “Антиплагиат.ВУЗ” камаш 75% бошад. Дар мавриди истифодаи кор ё мулоҳизаҳои муаллифони дигар бояд ба онҳо ҳаволаҳои дахлдори китобшиносӣ дода шавад ё иқтибос оварда шавад. Ба муаллиф тавсия мешавад, ки ҳангоми пешниҳоди мақола талаботи зеринро риоя кунанд:

-         натиҷаҳои муътамади кор ё таҳқиқи ба субутрасонидашударо пешниҳод кунад;

-         дар дастхат танҳо факту иттилооти воқеиро зикр кунад;

-         идрок намоянд, ки масъулияти ибтидоии навгонӣ ва муътамадии натиҷаҳои таҳқиқи илмӣ ба зиммаи ӯ вогузор шудааст;

-         ба чопи такрории мақолаҳо роҳ надиҳад;

-         ба идораи маҷалла дастхати аслиро пешниҳод кунад, ки ба дигар маҷалла ирсол нашудааст ё алҳол дар дигар маҷалла баррасӣ мешавад.

Мақола дар мавридҳои зерин чоп намешавад:

1)    Мутобиқат накардани мавзуъ ва мундариҷаи мақола ба талаботи маҷалла нисбат ба мақолаҳои чопшаванда;

2)    Дар мавриди набудани феҳристи адабиёти истифодашуда (камаш панҷ манбаъ);

3)    Дар мавриди пешниҳод кардани чакида ва калидвожаҳои бадсифат;

4)    Дар мавриди нодуруст ба расмият даровардани мақола ва ғайра.

Муассис ва ношир – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» (ISSN 2413-2004), номи кӯҳнааш «Ахбори ДДҲБСТ» (ISSN 2218-256Х) соли 2000 таъсис ёфтааст. Аз соли июни соли 2011 ба номгӯии нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ ворид карда шудааст. То моҳи январи соли 2015 маҷалла рубрикаҳои зеринро дарбар мегирифт: 1. Ҳуқуқшиносӣ 2. Иқтисодиёт 3. Фалсафа ва сиёсатшиносӣ 4. Филология 5. Таърих ва сотсиология 6. Усули тадрис.

Мувофиқи моддаи 3 замимаи №1 фармони №793 ВМИ ФР аз 25 июли соли 2014 Шӯрои илмии ДДҲБСТ дар бораи ба ду силсила тақсим кардани «Ахбори ДДҲБСТ» қарор қабул кард:

1. «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ; 2. «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ». Тибқи талаботи ОК 017-2013 ОКСВНК ба ҳар силсила се соҳаи илм аз «Ахбори ДДҲБСТ»-и кӯҳна гирифта шуд: Ба «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ - (5.6 ) Илмҳои таърих (5.9) Филология  дохил шуданд.

 

Чопи маҷалла: 4 маротиба дар як сол

Нашрия дар Маркази байналмилалии ISSN бақайдгирифта шудааст: рақами ISSN 2413-2004 (чопӣ) ва 2410-8308 (электронӣ)

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатномаҳои №517 аз 28.01. 2000, №0183/МҶ аз 04.12.2013 ва №0233/МҶ аз 18.08.2015 ва №227/ МҶ-97 аз 13.02.2021)

Маълумот оид ба мақолаҳои чопшуда саривақтӣ ва мунтазам аз рўи тартиби муайяншуда ба Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ) пешниҳод мешаванд.

Матни пурраи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар платформаи Китобхонаи илмӣ-электронии Федератсияи Русия низ ҷой дорад.

Маҷалла дар базаи байналмилалии маълумоти илмии Urlich’s periodicals directory (США) номнавис шудааст.

Бознашри маводи маҷалла танҳо бо огоҳ кардани идораи маҷалла ва розигии он иҷозат дода мешавад.

Муҳимтарин талаботи системавӣ:

•       Системаи операционии – MS Windows XP professional

•       Браузерҳои– Internet Explorer 6.0 ивыше, Opera, Firefox

•       Таъминоти барномавӣ – Acrobat Reader

 

Нусхаи ҳатмии ҳар шумораи маҷалла ба Китобхонаи илмӣ-электронии Русия, Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаи вилоятии ба номи Т.Асирӣ ва дигар китобхонаю муассисаҳои таълимию илмӣ фиристода мешавад.

Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» аз соли 2000 чоп мешавад. Сараввал он «Ахбори ДДҲБСТ.Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» ном дошт ва ба силсилаҳо ҷудо шуда набуд. Аз моҳи июни соли 2011 маҷалла ба Феҳристи нашрияҳои КОА ВМИ ФР ва аз соли 2018 ба Феҳристи нашрияҳои КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст, ки дар он натиҷаҳои илмии асосии диссертатсияҳо барои дарёфти унвони илмии номзад ва доктори илм нашр мегарданд.

То моҳи январи соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо дар бахшҳои «Ҳуқуқшиносӣ», «Иқтисодиёт», «Сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «Илмҳои ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «Филология», «Усули тадрис», «Тақриз ва китобиёт» чоп мешуданд.

Аз моҳи январи соли 2015 мувофиқи замимаи №1-и фармони ВМИ ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду қисм: “Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ” ва “Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ” тақсим шуд. Айни замон дар силсилаи илмҳои гуманитарӣ мақолаҳо дар бахшҳои “Илмҳои таърих“ ва “Филология” (адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ) нашр мешаванд.

Аз моҳи январи соли 2024 маҷалла дар шакли электронӣ нашр мешавад. Ба мақолаҳои нашршаванда рақами DOI дода мешавад. Маҷалла дар ШИИР (РИНЦ) индексатсия мешавад, ҳамчунин аз ҷониби комиссияи коршиносони КОА ВМИ ФР дар Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти илмии Русия оид ба иқтисодиёт, сиёсат ва ҳуқуқ дар соҳаи илму техника (РИЭПП) ҳар сол арзёбӣ мегардад.

Барои тадкиқоти гуманитарии муосири сатҳи ҷаҳонӣ ду нукта аҳаммияти вижа дорад:

1.    Характери амалии тадқиқот

2.    Муносибати байнифаннӣ дар интихоби мавзуъ ва усули тадқиқ.

Дар олами улуми гуманитарӣ донишҳои илмие беш аз ҳама матлуб мебошанд, ки бо ёрии онҳо беҳтар намудани ҳаёти иҷтимоии одамони мушаххас, қарияҳои мушаххас, гурӯҳҳои фарҳангии мушаххас, этносу мазҳабҳо имконпазир аст. Рушди мутаносиби ҷамъият новобаста аз он ки ба кадом соҳаи ҳаёт тааллуқ дорад, ҳамчунин ба ташкилаи гуманитарӣ марбут мебошад. Донишу маърифати гуманитарӣ махсусан дар ташаккули шахсияти ҷавонон, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, баланд бардоштани сатҳи умумии фарҳанг ва шаклгирии мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ аҳаммияти хоса дорад.

Самтҳои умдаи нашрияи «Ахбори ДДЊБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» инъикоси таҳқиқоти нави илмиро дар соҳаҳои таъриху бостоншиносӣ ва адабиётшиносию забоншиносӣ дар бар мегирад. Дар назди ҳайъати таҳрир ва шурои таҳрири маҷалла вазифаи муҳимми зерин меистад: нигоҳ доштани сатҳи баланди илмии маводди нашршаванда, ки дар онҳо масоили доғи мамлакати мо ва олами муосир инъикос ёбанд ва шомили ғояҳои эҷодие бошанд, ки ба рушди илму маърифат мусоидат мекунанд. Дар нашрияҳои маҷалла нақши рўзафзуни улуми гуманитарӣ дар таҳияи мутахассисони баландихтисос инъикос меёбад.

Мақсади ҳайъати таҳрири маҷалла нашри мақолаҳои илмие мебошад, ки ба ҳалли масоили амалии гуманитарӣ нигаронида шудаанд ва олимон онҳоро бо ёрии усулҳои муосири илмӣ ҳаллу фасл менамоянд. Дар раванди таълим, эҷодиёти илмӣ, ҳамчунин таҷдиди Тоҷикистони муосир, донишҳои гуманитарӣ нақши фавқулода калон мебозанд.

Барои насли наврас донистани асли худ, таърихи ватану ҷаҳон дорои аҳаммияти бузург аст. Бинобар ин, дар маҷалла натиҷаҳои таҳқиқоти илмии аслӣ ва мақолаҳои обзорӣ аз рўи масоили аз ҳама муҳимтарини таърихи ватан, бостоншиносӣ, этнография, манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ нашр мегарданд, ҳамчунин чопи ҳуҷҷатҳои бойгонии қаблан ба муомилоти илмӣ вориднагардида ба субут мерасад.

Дар соҳаи филология мақолаҳои забоншиносие ба нашр мерасанд, ки вижагиҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодшиносӣ, таърихшиносӣ, этнографияю этнологӣ ва дипломатӣ доранд. Дар онҳо масъалаҳои мухталифи забоншиносӣ, аз қабили вижагиҳои лексикию семантикӣ, сохторию семантикӣ, сарфӣ, наҳвӣ, муқоисавию типологӣ, решашиносӣ ва дигар хусусиятҳои забонҳои мухталиф, аз ҷумла гурӯҳи забонҳои форсӣ, романиву германӣ ва славянӣ, ҳамчунин таъсири мутақобилаи Аҷаму Араб дар сатҳҳои гуногуни забонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Сармуҳаррир: Ҳомидзода Фурқат Муқим, доктори илмҳои таърих, профессор, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷкистон, Хуҷанд)

Ҷонишини сармуҳаррир: Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи археология, этнография ва диншиносии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Абдурашитов Фозил Маматович, доктори илмҳои таърих профессор, узви вобастаи академияи илмҳои табиатшиносии Русия, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии  ба номи Аҳмади Дониши АМИТ (Тоҷикистон, Душанбе)

Азимова Матлуба Нуриддиновна, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Бобоҷонова Раъно, доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи медиакоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии Мелитопол (Руссия, Мелитопол)

Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқииДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон(Тоҷикистон, Хуҷанд)

Ғиёсов Нурулло Исматович, номзади илмҳои филология, профессори кафедраи  грамматикаи забони арабии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Искандаров Қосимшоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор сарходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 Исомитдинов Ҷӯрабек Бобобекович, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Каримзода  Осим Қосим (Каримов Осим Косимович), доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърих ва диншиносии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Катсев Александр Самуилович,  доктори илмҳои филология, профессор-мушовири кафедраи журналистикаи байналмилалии  Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия  (Қирғизистон, Бишкек)

Мирзоев Ниёз Мирзобадалович, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Мирзоюнус Матлуба, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Муқимов Муҳаммадӣ Аминович (Ҷовид Муқим), доктори илмҳои филология, профессори кафедраи  журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Нағзибекова Меҳринисо Бозоровна,  доктори илмҳои филология, профессори кафедраи тарҷума ва муошироти байнифарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Насриддинов Фахриддин Абдуманнонович, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Олимҷонов Мӯсо Обидович, доктори илмҳои филологӣ, дотсент, сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотииМДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Пирумшоев Ҳайдаршо Пирумшоевич, доктори илмҳои таърих, профессори шӯъбаи  таърихи бостон, асри миёна ва нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ (Тоҷикистон, Душанбе)

Салимов Рустам Давлатович, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Таймагамбетов Жакен Кожахметович, академики АМИ ҶҚ, доктори илмҳои таърих, профессор, сарходими Осорхонаи миллии ҶҚ дар ш. Остона (Остона, Қазоқистон)

Убайдулло Насрулло Каримзода, доктори илмҳои таърих профессори Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияии миллии илмҳои Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Ҳакимова Башорат Наимовна, номзади илмҳои филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (котиби масъул) (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Ҳасанзода Абдуҷамол Ашраф (Ҳасанов Абдуҷамол Ашрапович), доктори илмҳои филология, профессори кафедраи забони тоҷикии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло (Ҷ Ҷӯрабоев), доктори илмҳои таърих, профессор, и.в. раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яъқубов Юсуф Яъқубович, доктори илмҳои таърих, профессори шӯъбаи археологияи донишкадаи таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

Муҳаррирони адабӣ:

Шомуродова Олияхон (Ольга) Бутаевна – муҳаррири адабии матнҳо ба забони русӣ

Шарипова Шаҳзода Мирзоғаниевна – муҳаррир ва тарҷумони матнҳо ба забони англисӣ

Дадобоева Мавзуна Маликовна – муҳаррири техникӣ

 

Дигар мақолаҳо...