Тобишҳои маъноии пасванди –ин/-гин дар заминаи осори насрии охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ, ки мавриди корбурди суханварони ин давр қарор гирифтааст, баррасӣ мегардад. Далелҳои таҳлилшуда, ки ба вижагиҳои дастурии пасванди мавриди назар иртибот доранд, аз се асари давраи мазкур – «Таърихи ҳумоюн»-и Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ, «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдурраҳмон МустаҷириСамарқандӣ ва «Туҳфаи шоҳӣ»-и Мирзоабдулазими Сомии Бӯстонӣ баргузида шудаанд. Дар заминаи таҳлили маводди фактологӣ натиҷабардорӣ шудааст, ки дар бештари маврид пасванди -ин ба исмҳои моддӣ изофа шуда, сифати нисбӣ месохтааст. Дар идомаи таҳқиқу муқоиса қайд шудааст, ки гунаҳои маъносозии ин пасванд низ ҳамгуну ҳамсон набуда, барои баёни мафоҳими мухталиф ба монанди афзору ҷинс, замону тартиб, ҷиҳат ва макон, шабоҳату монандӣ ва ғ. меояд. Тибқи бардошти соҳибмақола яке аз коркардҳои муҳимми пасванди –ин вожасозӣ ва маънобахшӣ ба калимот буда, ин унсури дастурии забон бештар ба исм, шумора ва зарф итлоқ мешудааст.
забони тоҷикӣ; пасванди –ин/-гин; исмҳои моддӣ; сифати нисбӣ; осори мансури охири садаи XIX-аввали XX; Гулшанӣ; Мустаҷири Самарқандӣ; Сомии Бустонӣ
1. Бӯстонӣ, М.С. Туҳфаи шоҳӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима ва ҳавошӣ Абдулов Зиёдулло Назарович [Матн] / М.С. Бӯстонӣ. – Душанбе, 2022. – 360 с.
2. Валиев, Ҷ. Роҳҳои калимасозии исм дар осориАбдулҳамид Самад: дисс. номз. илмҳои филол: 6D020500 – Филология (6D020502 – Забони тоҷикӣ) [Матн] / Ҷ. Валиев. – Душанбе, 2023. – 182 с.
3. Гулшанӣ, М. Таърихи ҳумоюн. Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷӯрабек Назриев [Матн] / М. Гулшанӣ. – Душанбе: Пайванд, 2006. – 168 с.
4. Забони адабии ҳозираи тоҷик [Матн]. Қисми 1. Лексикология. Фонетика. Морфология. – Душанбе:Маориф, 1982. – 461 с.
5. Қобилов, А. Хусусиятҳои калимаҳои сохта дар «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» (исму сифат): дисс. номз. илмҳои филол: 10.02.01 – Забони тоҷикӣ [Матн] / А. Қобилов. – Душанбе, 2023. – 175 с.
6. Мирзоев, Г. Именное суффиксальное словообразование в современном таджикском языке: автореф. дис… канд. филол. наук. 10.02.02 [Текст] / Г.Мирзоев. - Душанбе, 1987. – 20 с.
7. Мустаҷир, А. Рӯзномаи сафари Искандаркӯл. Ҳозиркунандагони чоп ва муаллифони муқаддимаву тавзеҳот Аълохон Афзаҳзод ва Мирзо Муллоаҳмадов [Матн] / А. Мустаҷир. – Душанбе: Ирфон, 1989. – 176 с.
8. Ниёзӣ, Ш. Исм ва сифат дар забони тоҷикӣ [Матн] / Ш.Ниёзӣ. – Сталинобод, 1954. – 48 с.
9. Низомова, С. Калимасозӣ дар насри бадеӣ ва публитсистии Садриддин Айнӣ: дисс. докт. илмҳои филол: 10.02.22 – Забони халқҳои кишварҳои Аврупо, Осиё ва бумиёни Америка ва Австралия (забони тоҷикӣ) [Матн] / С. Низомова. – Душанбе, 2019. – 328 с.
10.Рустамов, Ш. Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик [Матн] / Ш. Рустамов. - Душанбе, 1972. – 77 с.
11.Рустамов, Ш. Таснифоти ҳиссаҳои нутқ ва мавқеи исм. / Ш.Рустамов. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 88 с.
12.Рустамов, Ш. Исм. Монография [Матн] / Ш.Рустамов. - Душанбе: Дониш, 1981. – 220 с.
13.Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри Х то ибтидои асри ХХ) (иборат аз ду ҷилд) . Ҷилди 1. – М.: СЭ, 1969. – 951 с.; Ҷилди 2. – М.: СЭ, 1969. – 949 с.
14. Хонларӣ, П.Н. Дастури забони форсӣ [Матн] / П.Н. Хонларӣ. – Теҳрон: Тӯс, 1363. – 373 с.
15.Ҷумъаев, М. Хусусиятҳои лексикию семантикӣ ва калимасозии иқтибосоти арабӣ дар асарҳои насрии Абдурраҳмони Ҷомӣ (дар заминаи «Нафаҳот-ул-унс» ва «Баҳористон»): дисс. докт. илмҳои филол: 10.02.01 – Забони тоҷикӣ [Матн] / М. Ҷумъаев. – Душанбе, 2022. – 404 с.