Дидгоҳи Сироҷиддин Алихон Орзу — яке аз намояндагони барҷастаи ҳавзаи адабии шибҳи қораи Ҳинд — доир ба ҷойгоҳи маъно дар шеър бар пояи девони ашъори ӯ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Таъкид шудааст, ки дар сабки ҳиндӣ талоши шоирон барои ироаи маъноҳои тоза ва эҷоди «маънои бегона» — яъне маъноҳои ғайриодӣ ва ғайриинтизор, мақоми меҳвариро ишғол мекунад. Ҷустуҷӯи тозагӣ ва тасвирҳои шигифтангез қариб дар осори тамоми пайравони ин сабк ба мушоҳида мерасад. Ба ақидаи муҳаққиқи шинохтаи ин сабк Н. И. Пригарина, ин падида «натиҷаи дарки рукуди анъанаи чандасраи такрори санъатҳои бадеии якранг аз ҷониби шоирони забардаст» мебошад. Шоирони номдор, аз ҷумла Соиби Табрезӣ, Шавкати Бухороӣ ва Бедили Деҳлавӣ, борҳо бар тозагии маъно дар ашъори худ таъкид варзида, зимнан фаҳмишу тафсири хешро аз «маънои бегона» баён доштаанд, ки ин барои дарки вижагиҳои адабию эстетикии сабки ҳиндӣ мусоидат менамояд. Дар ин росто, маҳорати маъниофаринии Шавкати Бухороӣ, Бедили Деҳлавӣ ва Возеҳ аз нигоҳи тавлиди мазмунҳои асил ва « маънои бегона» мавриди арзёбии муқоисавӣ қарор гирифтааст.
сабки ҳиндӣ; маъно; маънои бегона (маънои ғайриоддӣ); осори Сироҷиддин Алихони Орзу; ҳавзаи адабии Ҳинд; Шавкат Бухороӣ; Бедил Деҳлавӣ
1. Алимардонов, А. Орзу. Сироҷиддин Алихон / Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик: Иборат аз 3 ҷилд. – Ҷ. 2. – Душанбе: Сарредаксияи илмии “Энциклопедии советии тоҷик”, 1989. – 560 с.
2. Муҳаммадӣ, Муҳаммадҳусейн. Бегона масали маънӣ. Нақд ва таҳлили шеъри Соиб ва сабки ҳиндӣ. – Теҳрон: Митро,1374. –288 с.
3. Орзу, Сироҷиддин Алихон. Девон. Нусхаи хаттии Китобхонаи Хубобахши Ҷумҳурии исломии Покистон, ки таҳти №4263 нигаҳдорӣ мешавад. – 718 с.
4. Саидҷаъфаров, Озод. Соиби Табрезӣ ва вусъати мазмун дар ғазал. (Таърихи адабиёти форсу тоҷик, асрҳои XVII).Монографияи илмӣ.–Душанбе: ДДМИТ, 2020.– 250 с.
5. Пригарина Н.И. Индийский стиль и его место в персидской литературе. – Москва: Издательская фирма “Восточная литература” РАН, 1999. – 328 с.