Талабот ба таҳияи мақолаҳо (обзорҳо, тақризҳо), ки ба маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» барои чоп ирсол мегарданд

 

1.     Шартҳои нашри мақола:

·        Мақолаи ба нашр пешниҳодшаванда бояд тадқиқоти  мустақил ва ба охиррасидае бошад, ки  таҳқиқи аз томияти  дохилӣ бархурдори  масъалаи  муҳимбуда бо инъикоси  бо масъалаҳои муҳим ва ояндадори  самтҳои улуми филология, таърих ва фалсафа дар сатҳҳои байналхалқию миллӣ марбут аст; мақола бояд  навовариҳо, гузоришу ҳалли  масъалаҳо (проблемаҳо)-ро доро бошад; натиҷаҳои  асосии таҳқиқотро инъикос кунад.

·         Ба қоидаҳои ба расмиятдарории мақолаҳо мувофиқат кунад.

2. Қоидаҳои ба расмиятдарории мақола:

·        мақола  дар шакли чопӣ ва дар ҳомили электронӣ (тавассути  e-mail ё дар диск) дар формати  А4, бо шрифти MicrosoftWord , андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5, қолаббандӣ  тибқи паҳно; ҳошия 20 мм пешниҳод карда мешавад. Ҳаҷми мақола: то 20 саҳифа барои  аспирантону унвонҷўён,  ҳамчунин  барои муаллифоне, ки дорои унвони номзад ё  доктори илмҳо мебошанд;

·        ба мақола  чакида дар ҳаҷми аз 100 то 110 калима, ки  мўҳтавои асосии мақола  ва натиҷаҳои тадқиқотро инъикос мекунанд, ҳамчунин 5-7 вожаҳо ва ибораҳои калидӣ замима мегардад;

·        дар мақола бояд ҳаволаҳо ба сарчашмаҳои мавриди истифода  мавҷуд бошанд, ки тибқи  феҳристи сарчашмаҳои дар охири он оварда дар қавсайн сабт мешаванд.

·     пайнавишт бояд тибқи тартиби иқтибосоварӣ аз сарчашмаҳо ба расмият дароварда шавад; зикр намудани маълумоти китобшиносӣ ҳатмӣ аст.

·        ба мақола  маълумот дар бораи муаллиф (он): ному насаб (пурра), дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, мансаб, ҷойи кор (ҷойи таҳсил ё унвонҷўйӣ), телефонҳо барои тамос, e-mail, индекси почта  ва суроға бо забонҳои русиву англисӣ замима мегардад.

·        муаллиф бояд матни  мақоларо бо диққат мутолиа намуда, имзо намояд; масъулияти сатҳи илмиву назарии маводи мавриди нашр  ба дўши муаллиф аст.

3. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба мақола:

·        матни мақола дар коғаз  ё ҳомили электронӣ ба идораи маҷалла  ба суроғаи зерин ирсол мегардад: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, хонаи №1, ДДҲБСТ - сармуҳаррир –Шокиров Туғрал Сироҷович e-mailshokirov1953@mail.ru ва котиби масъули маҷалла Ҳакимова Башорат Наимовна  e-mail:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

·        муаллифон ҳамчунин тақризи  имзокардаи муќарриз ва  бо мўҳри муассиса тасдиқкардаро, ки муҳиммияти  масъала ва саҳми муаллифро  дар ҳалли  проблемаи мавриди таҳқиқ инъикос мекунад, ирсол менамояд; дар тақриз ҳамчунин  бояд тавсия дар бораи чопи мақола дар маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи илмҳои гуманитарӣ» мавҷуд бошад.

 

1. Ҳайъати таҳрири маљаллаи «Ахбори ДДЊБСТ» мақолаҳои  ба маҷалла омадаро дар давоми 1 моҳ баррасӣ мекунад.

2. Мақолаҳои илмии  ба идораи  маљалла омада, аз тақризнависии  ҳатмӣ мегузаранд.

3. Марҳилаҳои тақризнависӣ:

а) дар марҳилаи аввали тақризнависӣ пешбинӣ мешавад:

·        муқаррар намудани мутобиқати  мақола ба  соҳаи маҷалла ва рубрикаҳои мавзўӣ

·        риоя шудани талаботи маҷалла  дар бобати ба расмиятдарории мақола

·        муайян намудани сатҳи  илмии баёни мавод

·        мавҷудияти додаҳои оморӣ, ҷадвалҳо, диаграммаҳо, расмҳо, ки  натиҷаҳои  тадқиқотро тасдиқ мекунанд.

б) дар мавриди риояи талаботи банди 3.а тақризнависӣ ба  мўҳтавои мақола сурат мегирад. Маќола бо назардошти мавзўъ ба мутахассиси соҳа супурда мешавад, ки ў нуктаҳои зеринро муайян мекунад:

·        мутобиқати мўҳтавои мақола ба мавзўи он;

·        муҳиммияти  мавзўи мавриди  тадқиқ;

·        навигарии илмии мулоҳизаҳое, ки дар мақола омадааст;

·        аҳамияти назарӣ ва  амалии натиҷаҳои тадқиқот;

4. Муқарриз дар давоми 15 рўзи корӣ ба ҳайъати таҳрир тақризеро ирсол мекунад, ки  дар бобати  нашри мақола пешниҳодҳо дорад.

5. Агар  ба мақола тағйирот даровардан лозим бошад,  муқарриз зикр менамояд, ки  кадом тасҳеҳу иловаҳоро бояд муаллифи мақола ворид созад.

6. Дар мавриди тақризи манфӣ муқарриз вазифадор аст раддияи мудаллал  пешниход кунад.

7. Тақриз  дар намуди чопӣ  ва дар ҳомили электронӣ  ба расмият дароварда, ба он муқарриз имзо мегузорад ва мўҳри  муассисаи ҷои кори муассис гузошта  мешавад.

8. Нусхаҳои  аслии тақризҳо  дар Идораи  маҷаллаи «Ахбори ДДЊБСТ» гузошта мешавад.

9. Ҳайъати таҳрир  ҳақ дорад маводи ба идора омадаро таҳрири илмӣ ва адабӣ кунад.

10. Баъди як моҳ ҳайъати таҳрир муаллифро дар бораи натиҷаи тақриз ва мўҳлати  нашри мақола огоҳ менамояд.

11. Ҳайъати таҳрир ба  муаллиф як нусхаи маҷҷонии маҷалларо, ки дар он  мақолаи ў нашр  шудааст, пешниҳод менамояд.

 

 

 

Чакида (фишурда) ба нашрияи даврӣ манбаи иттилоот дар  бораи мўҳтавои  мақола ва натиҷаҳои таҳқиқоти дар он баёнгардида маҳсуб мешавад. Чакида вазифаҳои  зеринро иҷро мекунад:

·        имкон медиҳад, ки  мўҳтавои  асосии ҳуҷҷат  муқаррар  карда шавад, зарурати ба матни пурраи  ҳуҷҷат муроҷиат кардан ё накардан муайян карда шавад;

·        дар бораи ҳуҷҷат  иттиллоъ медиҳад ва зарурати хондани матни пурраи ҳуҷҷатро дар мавриде, ки мақола  барои хонанда аҳамияти аввалиндараҷа надорад, аз байн мебарад.

·        дар низомҳои иттилоотӣ, аз ҷумла худкор барои ҷустуҷўи ҳҷҷат ва иттилоъ истифода мешавад.

Чакидаи мақола бояд:

·        ахборӣ бошад (орӣ аз умумигўйӣ бошад);

·        аслӣ бошад;

·        мўҳтавоӣ бошад (мундариҷаи асосии мақола ва  натиҷаҳои тадқиқотро инъикос намояд);

·        мўҷаз (ҳаҷмаш аз 100 то 250 калима) бошад;

Чакида ҷанбаҳои зерини мўҳтавои  мақоларо дар бар мегирад:

·   ҳадаф ва мақсади кор

·   усул ва методологияи  тадқиқот;

·   натиҷаҳои тадқиқот;

·   соҳаи татбиқи  натиҷаҳо;

·   хулосаҳо.

Пайдарпайии баёни мўҳтавои мақоларо тағйир додан мумкин аст.

Муаллиф метавонад баёни матлабро аз натиҷаю хулосаҳои кор оғоз намояд.

Њадаф, мавзўъ ва мақсади кор  танҳо дар мавриде зикр карда мешаванд, ки агар ин матлабҳо дар  сарлавҳаи мақола инъикос наёфта бошанд

Натиҷаҳои кор ҳатталимкон дақиқу пурмўҳтаво тавсиф мегарданд. Зимнан ба натиҷаҳои нав ва додаҳои аҳамияташон дарозмуддат, кашфиёти муҳим, хулосаҳое, ки назарияҳои мавҷударо радд мена­моянд, ҳамчунин додаҳое, ки ба фикри муаллиф дорои  аҳамияти  амалианд, афзалият дода мешавад.

Ба хулосаҳо тавсияҳо, арзёбиҳо, пешниҳодҳо, фарзияҳоеро, ки  дар мақола тавсиф шудаанд, замима кардан мумкин аст.

Дар чакида  маълумоти таърихӣ, агар  он мўҳтавои  асосии ҳуҷҷатро ташкил накунад, тавсифи тадқиқоти қаблан чопшуда ва мукаррароти  ба ҳамагон маълум набошад, оварда намешавад.

Дар матни чакида конструксияҳои синтаксисиеро, ки  ба забони  асарҳои илмӣ хос аст, истифода бурда,  аз корбасти конструксияҳои мураккаби грамматикӣ канораҷўйӣ намудан, лозим аст.

 

Дар матни  чакида  вожаҳои калидии мақоларо  истифода бурдан ба манфиати кор  аст.

1.     Мақолаҳо тибқи  ҷадвали муқарраргардида қабул карда мешаванд:

- дар шумораи 1(март) – то 1 январи соли ҷорӣ;

- дар шумораи 2 (июн) – то 1 апрели соли ҷорӣ;

- дар шумораи 3 (сентябр) – то 1 июли соли ҷорӣ;

- дар шумораи 4 (март) – то 1 октябри соли ҷорӣ;

Дар мавридҳои истисноӣ бо мувофиқаи  Идораи маҷалла  мўҳлати қабули мақолаҳо ба шумораи наздиктарин мумкин аст тамдид гардад, вале на бештар аз  3 ҳафта.

2.     Ҳайъати таҳрир мақолаҳои расидаро  дар давоми 2 моҳ баррасӣ мекунад.

3.     Ҳайъати таҳрир мақоларо ҳатман  ба тақриз месупорад

4.     Ҳайъати таҳрир  салоҳият дорад маводи расидаро  таҳрири илмиву адабӣ  кунад, ҳини зарурат баъди мувофиқа бо муаллиф ихтисор намояд, ва ё  агар  мақола  мавриди таваҷҷўҳи маҷалла бошад, онро  ба муаллиф  барои коркарди иловагӣ ирсол намояд.

5.     Ҳайъати таҳрир  ҳақ дорад, мақолаҳоеро, ки  ба талаботи муқарраргардида ё мавзўи  маҷалла мутобиқат намекунанд, радд намояд.

6.     Дар мавриди радд кардани мақола  ҳайъати таҳрир  ба муаллиф хулосаи мудаллал ирсол мекунад.

7.     Ба муаллифон дар бораи  ба идораи маҷалла расидани мақолаашон дар давоми 10 рўзи корӣ огоҳинома ирсол  карда мешавад. Баъди 1 моҳи сабти  мақола  идораи маҷалла ба муаллиф  дар бораи натиҷаҳои тафтиши  мавод дар барномаи «Зиддисирқат» хулосаи  муқарризи дохилӣ ва нақшаи нашри мақола хабар медиҳад.

 8.     Ҳайъати таҳрир ба  муаллиф як нусхаи маҷҷонии маҷалларо, ки дар он  мақолаи ў нашр  шудааст, пешниҳод менамояд. 

Дигар мақолаҳо...