Таърихи ташаккул ва хусусиятҳои хизматрасонии китобхонавӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ дар солҳои 70-80-уми асри ХХ баррасӣ шудааст. Дар асоси маводи бойгонии вилояти Суғд исбот шудааст, ки давраи мазкур марҳалаи муҳимми марказоникунонии китобхонаҳо буда, бибколлекторҳо дар таъмини мутамарказ ва мутобиқсозии фондҳо ба талаботи истеҳсолии ноҳияҳои кишоварзӣ нақши калидӣ бозидаанд. Раванди "инқилоби маданӣ" дар заминаи назорати идеологӣ ва маблағгузории стандартӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Хизматрасонии сайёр, аз ҷумла ташкили нуқтаҳои муваққатии китобдиҳӣ дар бошишгоҳҳои саҳроӣ, ҳамчун усули самараноки ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ арзёбӣ шудааст. Мушкилоти соҳа – норасоии мутахассисон, заифии пойгоҳи моддӣ ва коҳиши шумораи хонандагон муайян гардидаанд. Таҳлили омори китобдорӣ (ҳаҷми фонд, шумораи хонандагон, гардиш, додани китобҳо аз рӯи соҳаҳо) дар солҳои 1972-1973 имкон додааст, ки тамоюлҳои рушд ва омилҳои коҳиши фаъолнокии хонандагон муайян карда шаванд. Аҳаммияти илмии мақола дар арзёбии нави фаъолияти китобхонаҳо ҳамчун ҷузъи низоми маърифатии ҷомеаи тоҷик дар давраи шуравӣ ифода ёфта, натиҷаҳо барои такмили сиёсати фарҳангӣ аҳаммияти амалӣ доранд.
китобхона; Тоҷикистони Шимолӣ; бибколлектор; марказкунонӣ; инқилоби маданӣ; хизматрасонии сайёр; омори китобдорӣ
1. Бойгонии давлатии вилояти Суғд (БДВС). –Х.220. –Р.12. -П.107. –В.1-4.
2. Маводи омӯзишӣ барои китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (оид ба тақвияти чорабиниҳо дар самти беҳтар намудани хониши адабиёти бадеӣ). – Душанбе, 2018. -102 с..
3. Сулаймонӣ С. Таҳқиқоти фарҳанг / Осори мунтахаб дар 3 ҷилд. – Ҷилди 1. – Душанбе: Институти илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот. Маркази фарҳангшиносии ҶТ, 2005. – 157 с.
4. Сулаймонӣ С., Шерматов Ч. Таърих, тамоюл ва рушди фаъолияти китобхонавӣ дар Тоҷикистон / Муҳаррир С. Сулаймонӣ. Институти илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (Бо забони тоҷикӣ). – Душанбе: Эҷод, 2009. – 160 с.
5. Султонов Ш.М. Культурная жизнь Таджикистана в период развитого социализма [Текст] / Ш.М. Султонов. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 240 с.
6. Суҳбат бо Умарова Муаззама (соли таваллуд 1951), сокини шаҳри Хуҷанд аз 27 феврали соли 2026.
7. Суҳбат бо Солиҷонов Нодирҷон (соли таваллуд 1951), сокини шаҳри Хуҷанд аз 31 марти соли 2026
8. Умарова М. Становление и развитие библиотечного дела в Таджикистане: 1917-1991 гг. (на примере северных районов республики): автореф. дисс. … канд. ист. наук. – Душанбе, 2021. – 32 с.
9. Умарова М.С. Становление и развитие библиотечного дела в Таджикистане: 1917-1991 гг. (на примере северных районов республики): дисс...канд. истор. наук. — Худжанд, 2021. — 185 с.
10. Шевченко, З.М. Из истории библиотечного дела в Таджикистане / под ред. к.и.н. К.П. Марсакова. – Душанбе, 1968. – 134 с.
11.Шерматов Дж.Ш. Сельская библиотека как субъект правового воспитания молодежи. Условия совершенствования работы (на примере ТаджССР): автореф. дисс. … канд.пед.наук: 05.25.03 / Шерматов Джелмат Шерматович. – Москва, 1986. – 16 с.