0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ВИЖАГИҲОИ ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФЁБИИ РОБИТАҲОИ ГУНОГУНҶАНБАИ ТОҶИКИСТОН БО ЛЮКСЕМБУРГ

Муаллиф (он)

Шарифзода А.А., Шарифзода Ф.А.

Чакидаи мақола

Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ роҷеъ ба комёбию дастовардҳо дар масири рушди ботадриҷи робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Люксембург тайи 33 соли муносибатҳои дипломатӣ инъикос гардидааст. Бо истинод ба далелҳои муътамад аҳаммияти таконбахшии муносибатҳо бо кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ, саноатӣ ва технологӣ пешрафтаи Люксембург таъкид шудааст. Бахусус анҷом ёфтани сафарҳои расмию кории сатҳи олию баланд, вохӯриҳои дипломатҳои олирутба, аз ҷумла ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳо, аз қабили СММ, САҲА, ИА ва ғайра боиси ба марҳилаи тоза ворид шудани раванди густариши муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Люксембург гардиданд. Таъкид шудааст, ки барои ташвиқи минбаъдаи муносибатҳои судманди сиёсӣ-дипломатӣ бо Люксембург дар марҳилаи кунунӣ, пеш аз ҳама, таъйини сафирони ғайримуқим дар Душанбеву Люксембург, таъсис ва ташкили кори мунтазами абзори машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, омӯзиши имкониятҳои табодули сафарҳои мақомдорони ду кишвар, барқарории сафарҳои мутақобилаи сатҳи олӣ ва рушди робитаҳои иқтисодӣ ва бонкӣ-молиявӣ тақозои замон мебошад. Зимни таълифи маводди мазкур китобҳо перомуни фаъолияти сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, маълумотномаҳои марбута, инчунин дигар матолиби электронии дохилию хориҷӣ ва омору хабарҳои матбуотӣ истифода шудаанд.

Калидвожаҳо

Тоҷикистон, Люксембург, муносибатҳои байнидавлатӣ, сиёсати хориҷӣ, сафарҳои расмӣ ва корӣ, Иттиҳоди Аврупо, робитаҳои иқтисодӣ,  пояи ҳуқуқии ҳамкорӣ, музокироти дипломатӣ

Пайнавишт

1.    25 қадам дар паҳнои олам / Зери назари С. Аслов. – Душанбе: Ирфон, 2016. – 218 c.

2.    Шарифзода, А. Эмомалӣ Раҳмон ва 20-солагии истиқлол (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011). / А. Шарифзода, З. Қосимӣ. – Душанбе: Бухоро, 2012. – 392 c.

3.    Шарифзода, А. Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон / А. Шарифзода, З. Қосимӣ. – Душанбе, 2011. – 372 c.

4.    Шарифзода, А. Эмомалӣ Раҳмон: соли маориф ва фарҳанги техникӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010). – Китоби 10. Нашри дуюм / А. Шарифзода, З. Қосимӣ. – Душанбе: Ирфон, 2011. –372 c.

5.    Мақолаи “Люксембург” [Манбаи электронӣ] // Донишномаи “Britannica”. URL: https://www.britannica.com /place/Luxembourg (ба заб. англ.)

6.    Мақолаи «Робер Шуман ва сароғози ИА» [Манбаи электронӣ] // Портали расмии Люксембург “Luxembourg, Let’s make it happen”. URL: https://luxembourg.public.lu/en/society-and-culture/international-openness/robert-schuman.html (ба заб. англ.)

7.    Маълумотнома аз саҳифаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоӣ, мудофиа, ҳамкорӣ баҳри рушд ва савдои хориҷии Люксембург [Манбаи электронӣ] // Сайти расмии Ҳукумати Гертсогии Бузурги Люксембург. URL: https://mae.gouvernement.lu/en/le-ministere.html (ба заб. англ.)

8.    Маълумотномаи “Иқтисоди Люксембург” [Манбаи электронӣ] // Донишномаи Википедия. URL: https://en.wikipedia.org/wiki/Economy_of_ Luxembourg (ба заб. англ.)

9.    Маълумотномаи «Навъи ниҳоду мақомоти Иттиҳоди Аврупо» [Манбаи электронӣ] // Сомонаи расмии Иттиҳоди Аврупо. URL: https://european-union.europa.eu/institutions-law-budget/institutions-and-bodies/types-institutions-and-bodies_en (ба заб. англ.)

10.Маълумотнома оид ба ҳайати нави Ҳукумати Люксембург [Манбаи электронӣ] // Портали расмии Люксембург “Luxembourg, Let’s make it happen”. URL: https://luxembourg.public.lu/en/society-and-culture/political-system/government.html (Санаи муроҷиат: 20.11.2024) (ба заб. англ.)

11.Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Люксембург [Манбаи электронӣ] // Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. URL: https://mfa.tj/tg/main/view/2237/muloqoti-vazironi-korhoi-khorijii-tojikiston -va-lyuksemburg

12.Мулоқоти Сафир бо Директори генералии Иттиҳодияи фондҳои сармоягузории Люксембург (ALFI) [Манбаи электронӣ] // Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. URL: https://mfa.tj/tg/main/ view/2722/muloqoti-safir-bo-direktori-generalii-ittihodiyai-fondhoi-sarmoyaguzorii-lyuksemburg-alfi (Санаи нашр: 21.11.2017)

13.Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар рӯзномаи AGEFI [Манбаи электронӣ] // Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. URL: https://mfa.tj/tg/main/view/5255/musohibai-safiri-tojikiston-dar-ruznomai-agefi (Санаи нашр: 17.11.2022)

14.Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ [Манбаи электронӣ] // Сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. URL: hthttps://www.president.tj/event/telegrams/5203

15.Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. URL: https://www.mfa.tj

 

Таърихи нашр

Пятница, 28 Март 2025