Вазъи кишоварзии Тоҷикистони Шимолӣ дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 ва 1942) баррасӣ гардида, саҳми кишоварзон дар ақибгоҳ нишон дода шудааст. Дар мисоли Тоҷикистони Шимолӣ ба шароити ҷанг мутобиқ гардидании соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Барои иҷрои супоришҳои КМ ҲК(б) ИҶШС, дастурҳои котиби ҲК(б) Тоҷикистон кишоварзии вилояти Ленинобод чӣ тадбирҳо андешид баён мегарданд. Зикр гардидааст, ки агар дар соли 1941 дар кишоварзии Тоҷикистони Шимолӣ нуқсону камбудиҳо бинобар сафарбаршавии мардон ба фронт ҷой дошта бошанд, дар соли 1942 бартарафкунии онҳо ба назар мерасад. Таҷрибаи «гектарҳои мудофиа» натиҷаҳои худро медиҳад. Зиёдшавии майдони кишти пахта ва ғалладона ба назар мерасад. Дар соли 1942 кишоварзони Тоҷикистони Шимолӣ ба парвариши зироатҳои нав – бобунаи долматӣ, рустаниҳои каучукдор ва тамоку шуруъ мекунанд. Барои бартараф кардани норасоии кадрӣ дар соҳаи кишоварзӣ хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ва занон ба корҳои кишоварзӣ ҷалб мегарданд. Хулосаи шудааст, ки бо вуҷуди душвориҳои соли 1941 соҳаи кишоварзии вилояти Ленинобод дар соли 1942 ба шароти ҳарбӣ мутобиқ гашта, барои таъмини минбаъдаи Ғалаба саҳм гузоштааст.
соҳаи кишоварзӣ, гектарҳои мудофиа, кирмакпарварӣ, МТС, васеъкунии майдони кишт, таъмини Ғалаба
1. Абдуллоев Р. Меҳнаткашони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ. – Душанбе: Ирфон, 1994. – 96 с.
2. Богатырев В. Школьники обучаются борьбе с сельхозвредителями / В. Богатырев // Коммунист Таджикистана. 09.01.1942. – №7 (3616). – С.2.
3. Важное военное значение обычной картошки в годы ВОВ / Низоми дастрасӣ:https://dzen.ru/a/Xwwq7U2TlWKaI2Tb
4. Вклад таджикистанцев в Победу над фашизмом в Великой Отечественной войне 1941-1945 гг. (Материалы научно-практической конференции). – Душанбе, 2017. – 136 с.
5. Зельднер А.Г. Сельское хозяйство СССР в годы Великой Отечественной войны // А. Г. Зельднер Вестник экономической безопасности. – 2010. – №. 6. – С. 24-28.
6. Колхозы расширяют посевные площади // Коммунист Таджикистана. – 23.01.1942. – №19. – С. 3.
7. Кучинский В. Весна не застанет врасплох / В. Кучинский // Коммунист Таджикистана. – 13.01.1942. – № 10 (3619).
8. Минин Б. Киштиронӣ дар дарёи Сир / Б. Минин // Стахановчӣ. – 27.05. 1942. – № 118 (579). – С 2.
9. На хлопковых гектарах обороны // Коммунист Таджикистана. – 09.01.1942. – №7 (3616). – С.2.
10.Протопопов Д. К новым успехам в 1942 году // Коммунист Таджикистана. – 01.01.1942. – № 1(3610). – С. 2.
11. Протопопов Д. К новым успехам в 1943 году // Коммунист Таджикистана. – 01.01.1943. – № 1(3916). – С. 2.
12.Республиканское совещание работников шелководства // Коммунист Таджикистана. – 04.01.1942. – № 3 (3612). – С.2.
13.Совещание земельных работников Ленинабадской области // Коммунист Таджикистана. – 07.01.1942. – № 5 (3814). – С. 2.
14. Строительство нового канала // Коммунист Таджикистана. – 11.01.1942. – №9 (3618). – С.2.
15.15. Хотамов Н.Б. Сельское хозяйство Таджикистана в годы Великой Отечественной войны / Труд во имя Победы: трудовые ресурсы и экономика Урала и Центральной Азии в годы Великой Отечественной войны: сб. науч. ст. / редкол.: Н. А. Антипин, И. В. Сибиряков. – Челябинск: Издательский центр ЮУрГУ, 2021. – С. 226 – 233.
16. Шигалин Г.И. Народное хозяйство СССР в годы Великой Отечественной войны. – Москва: Социально-экономическая литература, 1960. – 280 с.