0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АХБОРИ АСАРҲОИ ТАЪРИХИЮ ҶУҒРОФИИ МУАЛЛИФОНИ АСРИМИЁНАГӢ ДАР БОРАИ ИСТИХРОҶИ МАЪДАНҲОИ КӮҲИИ ОСИЁИ МИЁНА

Муаллиф (он)

Олимов Д.Р.

Чакидаи мақола

Дар асоси маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ доир ба кӯҳкорӣ иттилоъ пешниҳод шудааст. Хулоса шудааст, ки дар асрҳои IX-XIII асоси иқтисодиёти Осиёи Миёнаро маъданҳои кӯҳӣ ташкил мекард. Ҳокимони шаҳрҳои калонтарини Осиёи Миёна, ба монанди Бухоро, Самарқанд, Нишопур, Хуҷанд, Истаравшан барои таъмин намудани бозори филиззот ба истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ аҳаммияти калон медоданд. Олимон Ибни Хурдодбеҳ, Қазвинӣ, Истахрӣ, Ибни Ҳавкал, Наршахӣ ва дигарон дар бораи истихроҷ, коркард ва истифодабарии маъданҳои кӯҳӣ дар шаҳрҳои номбаршуда маълумот додаанд. Аз осори муаррихон маълум мегардад, ки ҳокимони шаҳрҳо на танҳо барои таъмин намудани бозори дохилӣ, балки барои таъмини бозорҳои хориҷӣ низ ба истихроҷи тилло, нуқра, оҳан ва дигар филиззот аҳаммияти ҷиддӣ медоданд. Барои такмили маълумоти таърихӣ ҳамчунин маводди адабии муосир ва сарчашмаҳои археологӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Калидвожаҳо

Осиёи Миёна, кӯҳкорӣ, асрҳои IX-XIII, маълумоти таърихнигорони асримиёнагӣ, маъданҳои кӯҳӣ, Хуҷанд, Истаравшан, Ибни Ҳавкал, Наршахӣ

Пайнавишт

1.    Ан-Наршахи, Абу Бакр Мухаммад ибн Джа‘фар. Та’рихи Бухоро (“История Бухары”) / Перевод, комментарии и примечания Ш. С. Камолиддина. Археолого­топографический комментарий Е. Г. Некрасовой. — Ташкент: SMIA­SIA, 2011. – 600 с.

2.    Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия / Ба чоп тайёркунандагон А. Девонақулов, М. Исо, О. Ҳамид, М. Бақо. Муҳаррири масъул М. Диноршоев, А. Деванқулов. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 434 с.

3.    Беленицкий А.М. Глава «О железе» минералогического трактата Бируни / А.М. Беленицкий // КСИИМК. Вып. 33. – Москва;  Ленинград, 1950.– С. 139-144.

4.    Бубнова М.А. Из истории металлургии серебра в Средней Азии / М.А. Бубнова // Изв. Отдел. обществ. наук АН ТаджССР. – 1961. –  Вып. 1 (24). – С. 3-10.

5.    Бубнова М.А. Извлечение серебра купелированием в Средней Азии в IX-X вв.  / М.А. Бубнова // Изв. Отдел. обществ. наук АН ТаджССР. – 1961. – Вып. 1 (28). – С. 29-36.

6.    Қазвинӣ, Закариёи. Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод / Тарҷума ва тавзеҳи Абдушукур Ғафуров. – Хуҷанд: Хуросон, 2018. – 684 с.

7.    Ибн ал-Асир. Ал-Камил фи-т-та’рих. – Ташкент: Узбекистан, 2006. – 560 с.

8.    Ибни Хурдодбеҳ. Ал-масолик ва-л-мамолик // Сомониён дар оинаи таърих. Ҷ. 2. – Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1998. – 650 с.

9.    История таджикского народа. Том II. Эпоха формирования /  Под ред. академика АН РТ Н.Н. Негматова. – Душанбе, 1999. – 646 с.

Таърихи нашр

Среда, 11 Июнь 2025