Ҷанбаҳои муҳимтарини ҳунари эҷодии нависандаи муосири тоҷик Анвар Мирзоҳакими Олим дар намунаи маҷмуаи ҳикояҳои “Вақти гули зардолу” (1994) ва маҷмуаи “Бачаи лалмӣ” (2015), ки қиссаву ҳикояҳо ва тарҷумаҳои нависандаро дар бар мегирад, ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Таъкид гардидааст, ки Анвар Олим бештар дар жанрҳои миёнаи адабӣ – қиссаву ҳикоя эҷод кардааст. Зикр шудааст, ки Анвар Олим дар тасвири амиқтарин эҳсоси қалби инсон, махсусан инъикоси дунёи ботинии кӯдаки маҳрум аз навозишҳои модар ва ташнаи дидори падар маҳорати фавқулода зоҳир кардааст. Маҳз ҳамин ҷанба, яъне тааммуқ ба моҳияти инсони муосир ба ҳам пайвастани дирӯзу имрӯз ва фардои зиндагӣ боис гардидааст, ки муҳаққиқон осори Анвар Олимро ба насри психологӣ ва андеша мансуб шуморанд. Дар меҳвари эҷоди Анвар Олим инсон, тақдири ӯ, тавсифи хулқи нек ва фалсафаи зиндагии инсон дар рӯи олам меистад, бинобар ин, хонанда дарду мушкилоти ҷомеаро баробари қаҳрамонҳои қиссаву ҳикояҳояш эҳсос мекунад.
насри муосири тоҷик, эҷодиёти Анвар Олим, насри психологӣ, маҷмуаи “Вақти гули зардолу”, маҷмуаи “Бачаи лалмӣ”, қисса, ҳикоя
1. Саттор Турсун. Заҳмати ҳамвора мебояд/ Дарахти ҳазорсола / Саттор Турсун. – Душанбе : Адиб, 1991. – 356 с.
2. Олимов А. Вақти гули зардолу / Олимов А. – Хуҷанд, 1994. – 163 с.
3. Сайфуллоев А. Уфуқҳои тозаи наср / Сайфуллоев А. – Душанбе:Адиб, 2012. – 479 с.
4. Фарзона. Муждаи саодатбахш/А.Олимов. Бачаи лалмӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2015. – 340 с.
5. Олим А. Бачаи лалмӣ / Олим А. – Хуҷанд: Ношир, 2015. – 339 с.